35 years of independency
Нархи гӯшт ва сабзӣ қимат шуд, дандони ошхӯриро биканем?
19.11.2026
Оила
108

Нархи гӯшт ва сабзӣ қимат шуд,

дандони ошхӯриро биканем?

Нархи гӯшт ва сабзӣ дар бозорҳои кишварамон боз боло рафтааст. Бино бар иттилоъи Агентии омор моҳи октябри соли 2026 нархи маҳсулоти гӯштӣ нисбат ба моҳи сентябр 1,9%, аз ҷумла, гӯшти гӯсфанд 4,1% ва гӯшти гов 2,7% қимат шудааст.

Гуфта мешавда, ки аз оғози сол нархи маҳсулоти гӯштӣ 4,1% боло рафтааст. Аз ҷумла гӯшти гӯсфанд нисбат ба соли 2025 дар ҷумҳурӣ 9,8% ва гӯшти гов – 3,6%) қимат шудааст.

Болоравии нархи гӯшт дар ҳолест, ки саршумори чорвои хурд ва калони шохдор дар ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 111 ҳазору 677 сар гов ва 8 миллиону 308 ҳазору 403 сар гӯсфанду буз ҳисоб шуда, саршумори гов нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5% ва гӯсфанду буз 11,4% зиёд мебошад.
Болоравии нарх дар намудҳои дигари маҳсулот низ ба назар мерасад. Аз ҷумла нархи мевагӣ 4,6 %, равған ва чарбу 4,3%, сабзӣ 36,7%, шакар 6,7 % ва пиёз 5,7 % қиматтар шудааст.
Аммо нархи баъзе намудҳои маҳсулот тамоюли поёнравӣ дорад. Аз ҷумла гӯшти мурғ ва картошка 1,9%, шир 2,2%, биринҷ 9,1 %, тухм 12,2 %, карам 12,6%, помидор 20,3 % ва бодиринг 27% арзонтар шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД