sebiston july new
Нархи манзил дар Тоҷикистон 3 доллар боло рафтааст, вале...
287


Дар соли 2023 дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллону 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2, 1% зиёд мебошад.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ баён намуд.

Ба саволи хабарнигорон дар боби боло рафтани нархи манзил дар ҷумҳурӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт:

-Қоидаи бозори муосир чунин аст, ки ҳар чи зиёд шуд, арзишаш паст мешавад, вале кам шавад, нархи он албатта боло меравад. Сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ сол то сол бештар шуда истодааст ва имрӯзҳо тамоми чораҳо андешида мешаванд, то нархи манзил боло наравад.

Айни замон нархи миёнаи як метри мураббаъ манзил дар ҷумҳурӣ 440 доллари амрикоӣ мебошад. Дар шаҳри Душанбе нархи як метри мураббаъ манзил тахминан 673 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 3 доллар қиматтар мебошад.

Аммо дар баъзе ноҳияҳо арзиши манзил баръакс паст шуда истодааст, масалан дар ноҳияи Синои пойтахт соли гузашта як метри мураббаъ манзил тахминан 607 доллар арзиш дошт, вале имсол 580 долларро ташкил медиҳад.

Ба ҳисоби миёна нархи ҳар як метри мураббаъи манзил 25-30 доллар дар ин минтақа паст шудааст.
Мирзозода гуфт, нархи манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба аксари кишварҳои пасошӯравӣ пасттар аст, масалан дар Федератсияи Россия як метри мураббаъ манзил 4042, дар Белорусия 1544, Малдова 912, Қазоқистон 998, Озорбойҷон 1141, Узбекистон 775 ва Қирғизистон 635 долларро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон бошад, 570 доллар аст.

“Мо бояд шумораи корхонаҳои ватаниеро, ки маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол менамоянд, зиёд кунем, то ки нархи масолеҳи сохтмонӣ пасттар шавад. Вақте ки масолеҳи сохтмонӣ арзон шуд, нархи манзил низ арзон мешавад”-гуфт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД