sebiston july new
Нарху навои бозор дар арафаи Иди саиди Фитр
291


Ҳамасола дар арафаи идҳо, махсусан иди Рамазон ва Қурбон нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо ба маротиб боло меравад.

Имсол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо руҳониёни кишвар ба ин масъала диқати махсус дода, супориш дода буд, ки дар миёни савдогарон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд, то нархро боло набардоранд, вале мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки дар арафаи ид болоравии нархҳо дида мешавад.

Хабарнигори oila.tj барои пайгирии мавзӯъ ва дар кадом сатҳ қарор доштани нарху наво аз яке аз бозорҳои калонтарин шаҳри Душанбе Меҳргон дидан намуд. Нархҳо чунинанд:

Гӯшт- 70-80 сомонӣ
Тухм 40-50 сомонӣ
Писта 170-180 сомонӣ
Бодом 120-180 сомонӣ
Шириниҳо (пчени) 60-65 сомонӣ
Қанд 60-120 сомонӣ
Себи сурх, зард сабз 45-50 сомонӣ
Нок -55 сомонӣ
Кулфинай 70-120 сомонӣ
Кивӣ -35 сомонӣ
Банан 30- сомонӣ

Ин номгӯи маҳсулотест, ки ҳар нафар кӯшиш мекунад, ки барои оро додани дастурхонаи идонаи худ харидорӣ намояд. Бо чунин нарху наво танҳо барои харидани мевагӣ на камтар аз 300-400 сомонӣ, барои мағзу мавиз ва қанду шириниҳо на камтар аз 1000-1500 сомонӣ ва дар маҷмӯъ барои оростани дастурхон аз камтар 2000 сомонӣ сафр хоҳад шуд, дар ҳоле, ки маоши аксари мардум камтар аз ин маблағ аст. Инсоф кунед, савдогарон!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД