Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш анҷом ёфт
Нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми ноябр, пеш аз муҳлати муқарраргардида пурра иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, имсол нахуст шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, сипас шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кардаанд.
Қаблан Вазорати мудофиа хабар дода буд, ки дар моҳи аввали маърака беш аз 97 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.
Маъракаи тирамоҳии даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола аз 1 -уми октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Дар ин давра ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.