arzon replenishment
НОНИ СӮХТА
1060

 

Шарофат шаб нони сӯхта хоб диду тарсида бедор шуд. Се бор астағфуруллоҳ гуфту сипас ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Баьди таҳорат намози бомдодашро хонду зери лаб гуфт;

-Худоё, таъбири хоби дидаам чӣ бошад?!

Шарофат хоб дид ки хушдоманаш дар даҳонаш нони гарми танурии сӯзон дод зада истодааст, ки келин нонро аз даҳонам гир, ки забонам сӯхт. Шарофат даст дароз карду дастонаш сӯхтанд. Аз хоб вой сӯхтам гӯён бедор шуда буд.

Шарофат лаби оби ҷӯйбори аз даруни ҳавлиаш мегузаштагӣ нишаста, хобашро ба об гуфт.

То бегоҳӣ хотираш ранҷуру озурда буд. Ба шавҳари муҳоҷираш қариб 50 бор занг зад, телефон куштагӣ ҷавоб намедод. Ҳайрон шуд. Охир Мардон ҳар бомдод бо имо занг зада ӯ ва духтаронашро мепурсид.

Духтари калонӣ оши палав пухту баъд ба модар гуфт, ки очаҷон, чаро падарамро табрик накардед? Охир имрӯз зодрӯзи падари азизам.

-Чӣ ? Ман занг задам, падарат намегирад. Хайрият зодрӯзашро расондӣ.

Ин дам писари ҳамсоя давида омаду ба духтарони Шарофат гуфт, ки медонед падари шуморо дар сабти видеоӣ партофтаанд. Дар телефонҳо дидам.

- Канӣ ?

Шарофат телефони писари ҳамсояро гирифту ба сабт назар кард.Ҷавонмарде аз болои 12-ум ошёна ҳангоми кори сохтмонӣ якбора ба замин болои семент фитоду калааш се тақсим шуд. Ин сабти даҳшатнокро дида, Шарофат гуфт, ки рав аз ин ҷо, ин чӣ сабт аст?

-Очам гуфтанд, ки ин ҷасад ба ҳамсоя монанд.

Шарофат ӯро пеш карду бори дигар Астағфуруллоҳ гуфт ва ба дил тасалло дод, ки не, ин шавҳари ман нест! Шавҳари ман зодрӯзашро бо ҷӯраҳояш дар куҷое қайд дорад.

Шабона занги телефон Шарофатро аз хобаш бедор кард. Ӯ ки то қарибиҳои шаб нахобида буд, гӯширо гирифта “ало” гуфт.

Аз он тараф ҷавоб доданд, ки шумо зани Мардон?

-Бале канӣ у?

-Апаҷон мо дӯстонаш.Ҷасади Мардон дар морг. Марги ногаҳонӣ ӯро аз мо рабуд.Сабур бошед. Пагоҳи дигар соати 4.5 и субҳ часадро ба ватан меорем. Омода бошед.

Шарофат телефонро партофту фиғон бардошт. Ҳамсояҳо ҷамъ омаданд. Онҳо гуфтанд, ки ин наворро дида ба Мардон монанд карданд, аммо гумон карданд, ки ӯ нест.Чунки сабт хеле хира буд.

Шарофат беҳушу беёд буд. Фақат мегиристу халос.Шарофат хоби дидаашро ба хотир овард. Модари раҳматии Мардон аз марги писараш ба ӯ дарак дода буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД