arzon november car header
Нону намакам кӯрат мекунад, ҷиян!
5373

 

Фотеҳ! Вақте ки падарат аз ту рӯй гардонд, касе аз аҳли авлод туро соҳибӣ кардан нахост, ягона одаме, ки дасти навозиш бар сарат бурд, ин ман будам. Ба ту падарӣ кардам, туро хўрондам, пўшондам, хонондам, вале имрӯз, ки падарат пайдо шуда омад, душмани ҷонам гаштанат чӣ маънӣ дорад?

Магар туро калон карда гунаҳгор шудам? Ба ҷойи шукрона карда дасти амакатро бўсидан ба рўям туф карда баромада рафтӣ. Беҳуда намегуфтаанд, сагбача калон накун, ки банди поятро мегазад. Имрӯз, ки харат аз об гузаштааст, аз гиребони ман мегирӣ-а?! Медонистам, ки ту ҳам мисли падарат кӯрнамак мешавӣ, ҳамон вақт бо асои бибият туро зада-зада аз паси падарат аз хона мерондам. Афсӯс, ки одам пешомадашро намедонад! Ба ҷойи аз гиребони ман гирифтан рафта аз падарат пурс, ки барои чӣ туро ба деҳ оварда партофт. Вақте модарат туро ба дунё овард, сари фарзанд рафт, падарат туро ба шаҳр буда зани дуюм гирифт, то бароят модар шавад, аммо тираш хок хӯрд. Зани дуюмаш аз рӯзи аввал туро чашми дидан накард. Сағераи бесоҳибро бурда ба бибияш деҳ гуфта аз гиребонаш гирифтааст. Падари занкалонат туро дубора ба деҳа оварда бо табъи гирифта наздам омад ва «акаҷон, писари маро ҳам қатори бачаҳоятон калон кунед, занам ўро қабул кардан нахост» гӯён зориву тавалло кард. Аз хуни худамон, ҷиянам, ҷону ҷигарам аст гуфта туро бо гули чиз ба воя расондам. Чаро имрӯз ба ҷойи раҳмат гуфтан аз герибонам мегирӣ, кӯрнамак? Падари пулмастат ба гўшат чӣ афсонаҳо хонд, ки аз мо рӯй гардонӣ? Чаро худаш ба деҳа омада, даъво накард, ки писарамро диҳед? Шарм надошта «мекушам» гуфта таҳдид мекунӣ. Маро бо ин гап тарсондан мехоҳӣ? Нону намаки додам ду чашматро кӯр мекунад, бача!

Камол, аз деҳаи Лолазори н. Ҷиликўл

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД