Қобилҷон ҷонашро фидо кард, то кӯдакони дигарро наҷот диҳад
95

Фоҷиаи ҷигарсӯзи куштори ваҳшиёнаи писарчаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар мактаби Успенскийи шаҳркари Горкий-2-и минтақаи Оденсовои вилояти Маскав ба дасти навраси миллатгарои рус Тимофейи 15-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор оварда, ҳазорон нафар фикру андешаҳои худро сари ин мавзуи дарднок менависанд ва ба модари марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд.

Имрӯз яке аз истифодабарандагони “Фейсбук” тафсилоти вохӯриашро бо модари аламзадаи Қобилҷони ғӯррамарг ва бародараш, ки бо марҳум дар як синф мехондааст, қисса карда, аз ҷумла навиштааст: “Мо имрӯз бо модар ва бародари Қобилҷони ҷавонмарг вохӯрдем. Медонед, ман то ҳол дар ҳолати шок ҳастам. Модараш зани хеле ҷавон будааст, соли таваллудаш 1991. Зани меҳнатдӯст, боодоб ва хирадманд. Вай панҷ сол тавлиди фарзанди нахустинашро интизорӣ кашида, пас аз як соли ба дунё омадани Қобилҷон писари дуюмаш Суннатуллоро таваллуд кардааст. Се сол пеш шавҳараш вафот кардааст. Пас аз марги падараш Қобилҷон якбора гӯё ба камол расида, худро муҳофизи модар ва бародараш эҳсос мекардааст”.

“Қобилҷон мебоист дар синфи панҷ хонад, вале ба хотири бародараш модараш ҳардуи онҳоро дар як синф гузоштааст”,- омадааст дар мавод.

Дар идома муаллиф таасуроташро аз вохӯрӣ бо ин модари ҷигарсӯхта баён намуда, менависад: “Модари Қобилҷон як зани порсои худотарс ва фариштахисол аст. Ин зан маро бо меҳрубонӣ ва эътиқоди қавиаш ба Худованд дар ҳайрат гузошт. Вай барои фарзанди дилбандаш зор-зор мегиряд, вале дар нолаҳояш ҳеҷ гоҳ ба қотил ва падару модараш лаънат намехонад ва мегӯяд, ки дилаш ба модари он ҷавони қотил ҳам месӯзад, зеро то охири умр бо ин бори гарон зиндагӣ мекунад...”.

Муаллиф дар такя ба гуфтаҳои Суннатулло, бародари марҳум навиштааст, ки Қобилҷон ба хотири наҷот додани ҷони дигар ҳамсинфонаш ҷони худро аз даст дод: “Бародараш қисса кард, ки дар синфашон 23 нафар хонанда аст. Кӯдакон аз милллатҳои гуногун - рус, ӯзбек ва тоҷик бошанд ҳам, бо ҳамдигар дӯст буданд. Ҳамон рӯзи наҳс Қобилҷон мехост таваҷҷуҳи қотилро ба худ ҷалб кунад, то ки дигар ҳамсинфонаш дар синф паноҳ шаванд. Вай қасдан ба сӯйи зинапоя давид, то занги бонги хатарро пахш кунад, вале пешпоӣ хӯрда афтид ва қотил ӯро дарёб карда, бераҳмона кордборон карду кушт...”.

Гуфта мешавад, ки Қобилҷон чиптаи ҳавопаймо доштааст ва рӯзи дигар, яъне 17-уми декабр бояд ба Душанбе парвоз мекард. Модараш ҳамон рӯз хостааст, ки ӯ дар хона намонад, вале Қобилҷон бо мақсади бо муаллимон ва ҳамсинфонаш хайрухуш кардан ба мактаб рафта, сайди навраси хунхори миллатгаро гашт ва мисли барраи қурбонӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Ёди Қобилҷони шаҳид ба хайр ва ҷояш ҷаннати ҷовидон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД