Formula september
Офарандаи нақши Ҳазрати Юсуф вафот кард?
4093

 

 Тафсилоти як хабар ва мусоҳиба дар паи он

Чанд рӯз қалб дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯё Мустафо Замонӣ ин олами фониро падруд гуфтааст ва ҳатто чанд аксеро ҷой додаанд, ки аз рафти маросими дафн аст. Чӣ тавр як ҷавонмарди солиму бардам фавтидааст? Пас аз чанд дақиқаи ин хабар, тамоми сомонаҳои хабарии дохилию хориҷиро аз назар гузаронидем, вале дар ин бора чизе пайдо накардем. Мустафо Замониро дар кишвари мо ҳамчун Ҳазрати Юсуф мешиносанд. Замоне, ки филми бисёрсериягии «Ҳазрати Юсуф» рӯи навор омад, дар муддати кӯтоҳ нуфузи зиёдеро миёни мардуми тоҷик ва форсизабонони дунё пайдо кард. Маҳз нақши бозидаи Мустафо Замонӣ ин филмро машҳур намуд.

Мустафо Замонӣ кист?

Мустафо Замонӣ 21 июни соли 1982, дар шаҳри Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон таваллуд шудааст . Дар оилаи онҳо чор фарзанд, 3 писару як духтар ва Мустафо фарзанди калонии хонадон буд. Ӯ дар аввал ба ҳайси муҳосиб фаъолият мекард. Баъдан ӯро ҳамчун ҳунарманди поксиришт шинохтанд. Инак, мусоҳиба бо худи Мустафо Замониро пешниҳодатон мекунем:

-Шуморо хуш омадед, мегӯем…

-Ташаккур, ки маро ба суҳбат даъват кардед ва омода ҳастам, ки ба саволҳоятон посух гӯям..

-Пеш аз оне ки нақши Юсуфро бозидед, оё маълумоте дар бораи ин Пайғамбар доштед?

-Вақте ки офаридани нақши Юсуф ба ман пешниҳод шуд, ҳамагӣ 22 сол доштам. Яъне, 14 сол пеш. Дар ягон донишкада низ таҳсил намекардам. Юсуф пайғамбарро аз рӯи китобҳои таърихӣ хонда будаму мешинохтам. Вақте нақш пешниҳод шуд, дар бораи ӯ аллакай маълумот доштам. Ба хотири гуноҳ будан ё хатое кардан дар вақти офаридани нақш ба шахсиятҳои маъруфи мазҳабӣ муроҷиат накардам, зеро онҳо хеле эҳсосотиянд ва ҳар сухан гуфтанашон мумкин буд. Дар вақти иҷрои нақш худи сенарияи филм барои ман беҳтарин манбаъ буд ва ниёз ба чизе ё маслиҳати касе надоштам. Се сол пурра вориди он гашта будам, ки ҳатто ба ягон маърака иштирок намекардам.

-Пеш аз офаридани нақши Юсуф зиндагии Мустафо тағйир ёфт ва баъд аз ин нақш дар ҳаёти шахсии шумо тағйироте ба миён омад?

-Бале, ҳатто агар ман инро намехоста бошам ҳам, вале тағйирот шуд. Ин ба монанди онест, ки шахсеро дар хонаи торик мегузорем ва баъди чанд вақт дарро мекушоему мегӯем, дигар ин корро такрор накун. Нақши Юсуф барои ман ҳам ин ҳолатро овард. Муддати се сол дар ин нақш бозӣ кардам. Имрӯз ба ҳар кишваре даъват мешавам, ҳамчун офарандаи нақши Юсуф суҳбат мекунам, ки ин неъмати ҳамон нақш аст.

-Оё нақши бозидаатон шуморо аз коре, ки ба он даст заданӣ будед, боз доштааст? Яъне, нақши Юсуф шуморо ва ахлоқи шуморо тағйир дод?

-Албатта, чунин ҳолат пеш омада буд ва меояд. Чунки он чизеро, ки дар вақти нақшофарӣ дар зеҳни худ сабт кардаам, дар зиндагӣ ҳамроҳам аст. Аз ин хотир, маро дар кишварҳои дуру наздик чун Юсуф мешиносанд. Ҳамчун шахси поку бо садоқат ба дин. Аз ман он чизеро интизор ҳастанд, ки барои некии зиндагию корашон мегӯям. Бадтарин хиёнати ҳунарманд ба мухлисаш ин аст, ки ба муқобили он коре рафтор мекунад, ки ӯро дар нақшаш шинохта буданд. Филми Юсуфро дар тамоми дунё бо забонҳои хоси кишварҳои худ сохтанд ва аз ҳар дин Юсуф сохтанд. Аз ин бармеояд, ки беҳтарин қиссаи Куръонӣ ҳаст ва хоҳад монд.

-Аҳли оилаатон вобаста ба нақши офаридаи шумо чӣ эҳсосе доранд?

-Айни ҳол муҷаррад ҳастам. Модарам мазҳабӣ ҳастанд. Вақте модари ман филмро тамошо мекард, ҳамеша гиря мекард, ин ҳолати модарамро падарам дида, филмро тамошо намекард. Чунки хеле ҳасосӣ ҳастанд ва метарсиданд, ки мабодо ман иштибоҳи фанние накунам. Он гоҳ аҳволаш нохуб мешуд ва таҳаммул карда наметавонист.

-Оё қабл аз офаридани нақш худро барои он омода карда будед?

-Дунёи имрӯза дунёи аҷиб аст. Бозӣ кардан дар нақши одамҳои бад осонтар аст, нисбат ба офаридани нақши мусбат. Чунки гуфтани ҳарфи боваркарданӣ барои мардум мушкил аст. Ба хотири он ки тавонам як пайғамбарро бовар кунонам, бо атрофиён бештар кор кардам ва дар давоми се сол ҳамагӣ ду дӯст доштам. Тақрибан ба ягон ҷо рафта наметавонистам. Ҳатто дар тӯйи хонадоршавии дӯсти наздикам, ки мисли бародар буд, иштирок карда натавонистам. Барои он ки нақши Пайғамбарро олӣ иҷро кунам, бояд рӯҳи пок дошта бошам, вале ман он рӯҳро надоштам. Маҷбур будам, ки ба дунёи дигар ворид шавам. Шабеҳи як кӯдак шудам ва ҳамин буд, ки Юсуф дар дилу дидаи мардум ҷойи худро пайдо кард.

-Чун сухан аз дӯстон рафт, робитаи шумо бо дӯстонатон чӣ гуна аст?

-Дӯстҳои зиёд надорам, чунки ман эҳсосотӣ ҳастам. Дӯстҳое, ки атрофи ман ҳастанд, беҳтарин инсонҳоянд ва муддати на камтар аз 15 солаи риштаи дӯстӣ дорему онҳоро хуб санҷидаам.

-Барои он нафароне, ки мехоҳанд ҳунарманд бошанд, тавсияе доред?

-Ман касе набудам. Вақте ба худам бовар кардам, ба ин муваффақият ноил шудам. Пеш аз оне, ки ба касе бовар кунӣ, бояд имонат мустаҳкам бошад, то ки туро ба дигар роҳ набарад. Ҷавонҳо бояд дар қавли худ устувор бошанд. Бо аҳли оилаашон бояд робитаи мустаҳкам дошта бошанд. Чунки вақте инсон бо оилаи худ тифоқ аст, падару модар аз ту аз сидқи дил розӣ ҳастанд, дар дунё ягон нафар ё амал наметавонад, ки туро шикаст диҳад. Ин таҷрибаи ман аст. Имрӯз маро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, ҳамаи ин бо шарофати дуои волидонам аст.

-Агар раваду шумо якеро барои оиладор шудан интихоб кунеду волидонатон дигареро пешниҳод кунанд, чӣ кор мекунед?

-Бовар дорам, ки интихоби ману волидонам ба ҳам мувофиқанд. Агар маро насиби хонадор шудан бошад, умед ба Худо дорам, ки ҳамсарам низ волидонамро эҳтиром хоҳад кард ва муносибати мо халалдор нахоҳад шуд.

-Дар чанд филм нақш офаридаед?

-Филми «Ҳазрати Юсуф», «Соли таваллуд», «Дар мадди назар», «Моҳии сиёҳи хурд», «Хати махсус», «Таърихи ишқи ман», «Оина», «Ману ҳамсарам», «Алвидоъ Бағдод» ва тақрибан дар 18 филм нақш офаридаам.

P.S. Ин суҳбат дар «Ҳилол ТВ» сабт шудааст ва мо бо саҳифаи иҷтимоии Мустафо Замонӣ дар мавриди суҳбати нав нома гузоштем, агар посухе диҳад, ҳатман шуморо аз он огоҳ мекунем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Хусайн 2019-06-22, 08:37
Дилам ором гирифт бисёр зик шудам Аллох насиби он гардонад,ки боз садхо филми хубро навор гирад!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Хусайн 2019-06-22, 08:37
Дилам ором гирифт бисёр зик шудам Аллох насиби он гардонад,ки боз садхо филми хубро навор гирад!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД