formula55
Офатмо Қисми 5
1359

Ин дам Офатмоҳ, ки боз аз дар ба дарию хабарчинӣ баргашта буд, аз дарвоза даромад ва Мирзо-амакро дар рӯйи ҳавлиашон дида, рангаш ба мисли пахтаи кӯҳна парид. “Аз афташ кампири аҷузааш ҳама гапро ба ин пирхар гуфтааст, ки дов кашида, ба сари ман омадааст” аз дил гузаронд вай, вале сир бой надода, бо табассуми сохта хушгӯӣ кард:

-Ассалом, амаки Мирзо? Хуш омадед! Ба падарам ягон кор доштед?

-Ман ба падарат не, ба ту духтари туҳматчии хонумонсӯз кор дорам,-оташи қаҳру ғазаби Мирзо-амак бо дидани Офатмоҳ дубора аланга гирифта, парида аз ҷояш хест.

-Ман чӣ гуноҳ кардам, амаки Мирзо?-худро ба нодонӣ зад духтар.

-Боз чӣ гуноҳ кардам мегӯяд-эй! Аз худат мӯсичаи бегуноҳ натарош, духтари шаттоҳи оламсӯз.

-Ҳамсоя, ба Худо ман аз гапҳои шумо чизеро нафаҳмида истодаам,-худро ба гӯлӣ зад Офатмоҳ.  

-Дар дами пирӣ маро дар назди фарзандон ва келину набераҳоям шарманда кардӣ. Кам мондааст, ки аз пушти ту хонавайрон шавам. Боз шарм надошта “ман чӣ кор кардам” мегӯяд, ин духтари пуррӯй!

-Худо аз шармандагӣ нигоҳ дорад!? Шумо чӣ кор кардед, ки шарманда мешудаед, амаки Мирзо?!-Офатмоҳ чунон моҳирона нақш мебозид, ки гӯё дар ҳақиқат аз чизе хабар надорад...

Мирзо-амак як лаҳза дудила шуд, ки мабодо хато карда, ба ин хона наомада бошад, вале суханони талхи кампираш ба ёдаш расида, гулхани аламаш боз фағона зада, дод зад:

-Инро ман аз ту пурсиданӣ ҳастам, духтари шаттоҳ! Канӣ гап зан, ту чӣ гуноҳи маро дидӣ, ки бо шӯрандозиҳоят дар дами пирӣ хонаамро оташ задан мехоҳӣ...

-Эй амакӣ, шаф-шаф накарда, шафтолуи гапро гӯй! Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?!-Офатмоҳ дид, ки бо шайтонию золӣ аз чанги Мирзо-амак халос шуда наметавонад, ба ҳуҷам гузашт.

-Ту ба кампири ман гуфтаӣ, ки шавҳарат дар болоят зани дуюм гирифтааст. Канӣ исбот кун, ман киро ба занӣ гирифтам ва ту инро аз куҷо медонӣ,-ниҳоят маддаи дилашро кафонд мӯйсафед...

-Ман... ман... ман ...кай .... кай... ба кӣ ин гапро гуфтаам...

-Ғунда газид ё забонатро якбора фурӯ бурдӣ, ки ин қадар ғунг-ғунг карда истодаӣ?! Зудтар гап зан, ман киро ба занӣ гирифтаам ва ту инро аз кӣ фаҳмидӣ?! Духтари шаттоҳ ё гапҳои гуфтааро худи ҳозир исбот мекунӣ ё ман туро....,-амаки Мирзо аз дасти Офатмоҳ маҳкам дошта, ӯро ҷониби дарвоза кашола кард.

Бо дидани ин манзара ҳуш аз сари модари Офатмоҳ парид ва ҳавлиро ба сараш бардошта, бо тамоми овоз дод зад:

-Ҳамсояҳо, ёрӣ диҳед, ёрӣ диҳед! Ин пиракии падарлаънат духтари маро аз дари хонаам бо зӯрӣ бурда истодааст. Вой дод, ин пирхари занбоз ба духтари ман, ки ҳамсоли наберааш аст, чашм ало карда, ба сараш омадааст...

Садои доду фиғони зани кали Ҳасанро шунида, ҳамсояҳо осемасар ба сӯйи хонаи онҳо давиданд. Дар як дам ҳавлӣ пур аз одам шуда, кинои бе пул сар шуд...

Зани кали Ҳасан, ки дар шаттоҳӣ аз духтараш сад баробар мегузаронд ва ба қавли кампиракон шайтонро дарс медод, рӯю мӯяшро канда, чунон фиғону нола мекард, ки одами аз асли гап бехабар гумон мекард, дар ҳақиқат ба сараш мусибати гароне омада, духтарашро аз банди дилаш канда бурдаанд. Мирзо-амак, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор набуд, якбора дасту по хӯрда, чӣ кор карданашро намедонист.

Ҳамсояҳо бо дидани ин манзара ба даҳшат афтида, ҳайрон-ҳайрон гоҳ ба зани кали Ҳасан ва гоҳ ба мӯйсафед, ки ҳанӯз дасти Офатмоҳро раҳо накарда буд, менигаристанд. Ниҳоят ҳамсояи девордармиёни Ҳасан-Раҷаббой, ки қариб ҳамсинну соли Мирзоамак буд, хомӯширо шикаста, дӯғ зад:

-Мирзобой, дасти духтари мардумро сар деҳ! Шарм намедорӣ, ки мисли босмачиҳо дар намози шом ба хонаи як марди мусалмон даромада, духтарашро зӯран кашола карда мебарӣ?!

Ин дам ҳамсояи дигари Ҳасан, кампири Марзия ба гап ҳамроҳ шуда, заҳр зад:

-Ошиқ нашуда муре, мӯйсафеди аҳмақ! Аз риши сафедат шарм дор аблаҳ, охир ин духтар ҳамсоли набераат аст..

-Магар ин ҷо шаҳри бедарвоза аст?! Медонӣ, агар ҳозир ин зан аз болоят шикоят кунад, чӣ мешавад, бобои Мирзо?! Суд мекунанд, суд! Дар дами пирӣ шарманда шуда, дар кунҷи зиндон пӯсида меравӣ,-суханони ҳамсояҳоро қувват дода, гуфт ҷавони дигар, ки Шафқат ном дошт.

Носазогӯиҳои ҳамсояҳо алами Мирзо-амакро даҳчанд гардонд ва беихтиёр аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуда, бо садои гиряолуд гуфт:

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД