Рӯзи 17-уми сентябр дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маросими тантанавии супурдани мукофотҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” баргузор гашт.
Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” моҳи майи соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” эълон гашта, ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд буд. Ба озмун зиёда аз 2200 нафар табибон аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар пешбарӣ гаштанд.

Яке аз вижагиҳои озмуни “Табиби сол-2026” дар он буд, ки интихоб ба худи мардум вогузор гашта, аҳолии кишвар тариқи сомонаҳои “Самт. тҷ”, “Фазои имконот” ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳар як иштирокчии озмун навишанд ва бо роҳи овоздиҳӣ табибони беҳтаринро интихоб намуданд. Дар баробари ин, коммисияи босалоҳият, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил шуда буд, ба дастовардҳои касбӣ ва корҳои илмию амалии иштирокчиён баҳо дода, беҳтаринҳоро интихоб кард ва аз байни 2256 нафар довталабон 35 нафар дар Озмуни ҷуҳуриявии “Табиби сол-2026” ғолиб омадад.

Тибқи хулосаи Комиссияи эксперти ҳайати ҳакамон дар номинатсияҳои “Беҳтарин табиби беҳисгардон ва эҳёгар” Хушназарова Васила Солеҳҷоновна, “Беҳтарин таҳлилгар-озмоишгар” Неъматзода Анвар Неъмат, “Беҳтарин гинеколог” Девонаева Хуршеда Муҳаммадҷоновна, “Беҳтарин табиби гинеколог” Самадова Дилрабо, “Беҳтарин табиби бемориҳои пӯст” Давлатзода Ганҷинаи Абдуқодир, “Беҳтарин мутахассиси ташхиси инструменталӣ ва ултрасадоӣ” Баротова Саодат Тоҳировна, “Беҳтарин табиби сироятшинос” Надиров Исфандиёр Бобониёзович, “Беҳтарин табиби дилшинос” Шарифзода Сафаралӣ Гург, “Беҳтарин табиби ташхиси нурӣ” Абдуллаев Бунёд Мамарофиевич, “Беҳтарин табиби асабшинос” Фирӯзаи Искандарӣ, “Беҳтарин табиби неонатолог” Ганҷалов Муминҷон Хурсанбоевич, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ” Раҳмонов Шоҳинҷон Ҷалолович, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ” Шарифзода Суннатулло Аҳмад, “Беҳтарин табиби саратоншинос” Райҳонов Файзулло Худойназарович, “Беҳтарин табиби оториноларинголог” Қосимова Дилором Ашуровна, “Беҳтарин табиби офталмолог” Муҳидинов Амирҳамза Аслудинович, “Беҳтарин табиби педиатр” Раҳимова Сайрам Аҳмадовна, “Беҳтарин табиби педиатр” Азамхонова Афзуна Валиевна, “Беҳтарин равоншинос” Маликов Наимҷон Воҳидҷонович, “Беҳтарин табиби оилавӣ” Ортиқова Мунира Мамурҷоновна, “Беҳтарин табиби ҷарроҳи дилу рагҳои хунгард ва рентгенэндови аскулярӣ” Бурҳонов Шамсиддин Шаҳобиддинович, “Беҳтарин стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй” Холов Сайдалӣ Абдуғафорович, “Беҳтарин табиби терапевт” Мирзовалиев Ораз Хусанбоевич, “Беҳтарин табиби осебшинос-раддод” Мерабонов Сураҷ Ширинбекович, “Беҳтарин табиби осебшинос-раддод” Ғафуров Шоҳон Файзиддинович, “Беҳтарин табиби уролог ва андролог” Асадов Саидалӣ Қудратович, “Беҳтарин табиби силшинос” Раҷабов Аслидин Саидбурҳонович, “Беҳтарин табиби ғадудшинос” Самиева Шаҳноза Тимуровна, “Беҳтарин табиби эпидемиолог” Сатторов Сафархон Сайдамирович, “Беҳтарин корманди ташкилоти ҷамъиятӣ” Давлятова Гулнора Амоновна, “Беҳтарин фарматсевт” Султонов Юлдошдҷон Қаҳҳорович ғолиб эълон гашта, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.