Овоза ва ҳақиқати зиндагии Дҳармендра
07.12.2025
СИПЕҲР
384

Дҳармендра Деол, ҳунарманди саршиноси Ҳиндустон, ки дар беш аз 300 филм, аз ҷумла “Алибобо ва 40 роҳзан”, нақши қаҳрамонӣ бозидааст, даргузашт. Ин филмро дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба навор гирифтаанд ва он дар ин кишварҳо маъруфияти бемисл дошту дорад.

Кӯдакӣ ва наврасӣ

Дҳармендра, ки номи хонаводагиаш Дҳарам Сингҳ Деол аст, моҳи декабри соли 1935 дар як оилаи суннатӣ ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳамон мактабе таҳсил мекард, ки падараш директори он буд. Баъдтар дар колеҷи шаҳри Пҳагвара таҳсилашро идома дод.

То синфи ҳафтум Дҳармендра тамоман филм намедид, зеро падари сахтгираш иҷозат намедод. Аммо вақте ӯ як рӯз филмеро бо иштироки Дилип Кумар тамошо кард, роҳи зиндагии ҷавон пурра дигар шуд. Вақте волидон фаҳмиданд, ки писарашон мехоҳад ҳунарманд шавад, сахт ҳайрону нигарон шуданд, вале модараш ба ӯ маслиҳат дод, ки ба коргардонҳои Бомбай муроҷиат кунад.

Ҷавон чандин нома фиристод, вале посух нагирифт. Вале ӯ аз мақсадаш даст намекашид. Билохира маҷаллаи “Filmfare” ӯро ба озмун даъват кард. Ӯ дар ин озмун ҷоизаи «Истеъдоди нав»-ро гирифт. Ҳунарманди маъруф Дев Ананд, ки он вақт ситораи бузурги синамои ҳинд буд, шахсан ғолибро ба гримхонааш даъват карда, бо ӯ ҳамроҳ хӯрок хӯрд ва ба ӯ орзуи фатҳи қуллаҳои баландро кард.

Баъдтар Дҳармендра дар мусоҳибаҳои худ ин давраро оғози романи беинтиҳо ба синамо номид, романе, ки ба ӯ имкони иҷрои садҳо нақшро дод, бе он ки асолати шахсиашро аз даст диҳад.

Ситораи синамо

Барои синамои ҳиндӣ Дҳармендра аз ҷониби коргардон Арҷун Хингорани кашф гардид. Ӯ ҳунармандро ба филми «Ҳам ҳаёт, ҳам дил - барои ту» даъват карда, якбора нақши асосиро ба ӯ супурд. Аммо филмҳои баъдӣ ба ҳунарманд на аз ҷиҳати молӣ ва на аз ҷиҳати маънавӣ қонеъкунанда набуданд. Ҷавон аллакай ният дошт ба хона баргардад, аммо Шаши Капур ва Маноҷ Кумар, ки худашон низ нав роҳ ба сӯи шуҳрат мегузоштанд, ӯро нигоҳ доштанд. Суханони онҳо, ки “ҳанӯз ҳама чиз дар пеш аст” пас аз он ки Дҳармендра беш аз 300 нақш дар филмҳои гуногунжанр бозӣ кард, тасдиқ шуданд.

Нахустин муваффақияти калон бо мелодрамаи «Гул ва санг» ба даст омад, ки дар он ба Дҳармендра актрисаи аллакай машҳур Мина Кумари ҳамбозӣ буд. Дар солҳои 70-ум Дҳармендра дар нақшҳои асосӣ дар драмаҳои «Интиқом ва қонун» ва «Ватани ман» бозид. Дар ҳар ду филм қаҳрамони ӯ собиқ ҷинояткорест, ки ба ҳимояи заифон мепардозад.

Барои тамошобинони шӯравӣ Дҳармендра баъд аз филми «Зита ва Гита» маҳбуб шуд, нақше, ки аз барҷастатарин корҳои ӯ дар якҷоягӣ бо Хема Малини ба ҳисоб меравад. Ин қиссаи хоҳарони дугоники аз кӯдакӣ ҷудошуда на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар аксари мамолики ҷаҳон шуҳрат пайдо кард. Махсусан, дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ки Тоҷикистон як бахши он буд. Ҳоло дар Тоҷикистон нафаре нест, ки ин филмро тамошо накарда бошад.

Филми дигаре, ки Дҳармендраро дар Шӯравии собиқ маҳбуб кард, «Алӣ-Бобо ва 40 роҳзан» буд, ки дар Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба навор гирифта шуд. Дар он ҳунармандони Шӯравӣ Ролан Биков, Софико Чиаурели ва Фрунзик Мкртчян низ ҳунарнамоӣ карданд. Қаҳрамони марказии филм - Алӣ-Боборо Дҳармендра иҷро кардааст...

Дҳармендра яке аз ҳунармандонест, ки то солҳои охири умр дар синамо кор кард ва ҷозибаи ҳунариашро аз даст надод. Ӯ ҳамоно нақшҳои беҳтарин иҷро мекард. Соли 2013 ҳунарманд дар қисми дувуми филми мазҳакавии «Оилаи девона» пайдо шуд ва собит кард, ки ҳанӯз ҳам бо қади баланд (178 см) ва вазни мувофиқ (83 кг) яке аз ҳунармандони ҷозибадори “Боливуд” аст. Ӯ дар ин филм бо писаронаш Бобби ва Санни Деол якҷоя нақш бозид. Дар ин филм ситораҳои бузурги дигари ҳинд Рекҳа, Салмон Хон ва Шаҳрух Хон низ ҳунарнамоӣ карданд.

Коргардон Рамеш Сиппи, ки дар аввали солҳои 70-ум дугонаи ҳунарии Дҳармендра ва Хема Малиниро дар филми «Зита ва Гита» ба тамошобинон муаррифӣ карда буд, соли 2020 боз як достони ишқ - «Фили фарбеҳ дар Шимла», рӯи навор овард ва боз ҳам ин оиларо ба филм даъват кард. Ин филм низ муваффақияти бемисл дошт.

Соли 2023 собиқадори Болливуд Дҳармендра ба ҳайати ҳунармандони мелодрамаи мусиқӣ ва мазҳакавии «Рокӣ ва Ронӣ: Қиссаи ишқ» ҳамроҳ шуд ва дар синну соли домани 90-солагӣ низ тамошобинро қоил кард.

Қиссаи ишқи шӯрангез

Ҳикояи муҳаббати Дҳармендра аз ҷиҳати эҳсосот аз филмҳои ӯ камӣ надорад. Ҳунарманд расман тавонист ду оила созад.

Бо Пракаш Каур дар ҷавониаш издивоҷ кард. Дар ин оила чор фарзанд ба дунё омаданд. Писаронаш Аҷай Сингҳ (Санни Деол) ва Вижай Сингҳ (Бобби Деол) ситораҳои Болливуданд. Ду духтари дигараш Виджета ва Аҷита аз пайи касби падар нарафтанд.

Вале қиссаи ишқи Дҳармендра бо Хема Малина бисёр шӯрангез аст. Бори аввал онҳо дар филми комедӣ-драмавии «Зебо ва саркаш» нақшҳои асосиро бозиданд. Тавре худи Ҳема баъдтар ёдовар шуд, ӯ ҳангоми рақсу иҷрои суруд дар филм ба ҳамкори машҳури худ дил баст. Монеаҳо - фарқияти синну сол, тааллуқ ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва мухолифати хонаводаҳо, онҳоро бознадоштанд. Бо вуҷуди ин, онҳо танҳо баъд аз ҳалокати падари Ҳема издивоҷ карданд.

Дар оинаи Дҳармендра ҷудо шудан аз ҳамсар иҷозат нест ва барои гирифтани ҳамсари дуюм иҷозати браҳманҳо лозим аст, ки на ба ҳама дода мешавад. Бинобар ин, вақте Дҳармендра бидуни ҷудошавӣ аз ҳамсари аввалаш дубора издивоҷ кард, хабарнигорон навиштанд, ки ӯ ба хотири издивоз аз дини аҷдодиаш даст кашида, дини исломро қабул кардааст. Ҳатто навиштанд, ки онҳо пас аз иваз кардани дин номи Оиша ва Диловарро гирифтаанд. Ин овоза солҳо дар атрофи номи Дҳармендра мечархид, гарчанде борҳо онро рад кардааст. “ Ман нафаре нестам, ки ба хотири манфиат динамро иваз кунам”-гуфтааст ӯ.

Тӯйи хонадоршавии Дҳармендра ва Ҳема Малини соли 1980 дар рӯзҳои намоиши филми “Али-Бобо ва 40 роҳзан” баргузор шуд. Дар оилаи дуюми Дҳармендра ду духтар - Ахана ва Эша бузург шуданд. Ахана раққоса буда, баъзан дар филмҳо нақш меофарад, Эша бошад, модел ва ҳунарманд аст.

Дар майдони сиёсат

Дҳармендра дар майдони сиёсат низ худро санҷидааст, вале ӯро наметавон сиёсатмадори муваффақ гуфт. Карераи сиёсиаш ҳамчун узви парлумон аз рӯи ҳавзаи Биканер ва аз ҷониби ҳизби Бҳаратия Ҷаната (2004-2009) бо чанд моҷаро ҳамроҳ буд.

Яке аз онҳо ба изҳороти ҳунарманд марбут буд, ки гуфта буд мехоҳад бо усулҳои диктаторӣ меъёрҳои одоби ҷамъиятиро ба мардум баргардонад, коре ки хилофи арзишҳои демократӣ аст.

Баъдан фаъолияти Дҳармендра аз ҷониби матбуот ба таври нохуб бозтоб ёфт, зеро ӯ ба ҷойи иҷрои вазифаҳои парлумонӣ бештар ба синамо машғул мешуд. Бо вуҷуди ин ҳунарманд то соли 2023 дар майдони сиёсат боқӣ монд. Ахиран соли 2018 то 2023 ҳунарманд узви Маҷлиси қонунгузории иёлати Мадҳя-Прадеш буд.

Беморӣ ва марг

То 2-3 соли пеш аз марг Дҳармендра солим ва болидарӯҳ буд, вале синну сол ахиран аз худ дарак дод. Солҳои охир ҳар чӣ бештар хабарҳо дар бораи бемориҳои гуногуни ин ҳунарманд пайдо мешуд. Менавиштанд, ки ҳунарманд аз заъфу дарди мушакҳо азият мекашад. Ахиран вазъи ҳунарманд бад шуд. Чанде пеш ӯро дар беморхона бистарӣ карданд. Ӯ ҷарроҳии чашмро пушти сар кард. Дҳармендра пас аз амалиёт хуб шифо меёфт, баҳорон дар Мумбай бо хабарнигорон во хӯрд ва гуфт, ки қувваи мубориза бо ҳар бемориро дорад. Вале вазъи сиҳатии ӯ бадтар шуд ва ҳатто чанд маротиба хабари маргаш расонаӣ шуд.

Билохира 23 ноябр қалби Дҳармендра аз тапидан боз монд. Наздикони ӯ маросими ҷамъиятии видоъ бо ҳунармандро ташкил накарданд, зеро худи ӯ васият карда буд, ки барояш маросими бошукӯҳ баргузор накунанд. Вале афроди шинохта ба мисли ситораи синамо Амиттабҳ Баччан ва дигар ҳунармандон рӯзи 24-уми ноябр дар маҳаллаи Ҷуҳуи шаҳри Мумбай бо ӯ видоъ намуданд. Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба аҳли оила ва наздикони Дҳармандра ҳамдардӣ баён кард.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД