formula
Падаре, ки аз ҷабри духтар дар кӯча мехобад
10011

 

Ин пирамарди миёнасол мегӯяд, ки духтари ӯгай хонаамонро гирифту ману модарашро аз дар берун кард.

Шом. Мо ҷамъи ҳамкорон баъди анҷоми рӯзи корӣ хостем барои каме сайругашт кардан, аз ҷои кор то назди ТВ “Сафина” қадамзаноно пиёда равем. Баногоҳ Шабнами ҳамкорам ба нуктае дурудароз нигоҳ карда, пурсид: - Чаро дар он ҷо одамон ҷамъ шуда бошанд? Рустам дав камера кун, мумкин ҷанг бошад?!

- Биёед якҷоя он ҷо рафта, мепурсем, ки чӣ гап аст,-гуфтам ман.

Аз дур чашмам ба марди миёнасоле афтод, ки бе ист гиря мекарду касеро лаънат мехонд. Шабнам зуд ба паҳлӯи мард нишаста пурсид:

- Ба шумо чӣ шуд, бобоҷон?

Мард оби дидаҳояшро, ки мисли борони навбаҳор ба рӯяш мешорид, бо лаби остинаш тоза намуда ба гап даромад: - Оне, ки ҷигарбандам гуфта, аз хурдӣ падарвор сарашро силла намудау тамоми шароитро барояш муҳайё кардам, ба қадри хубиҳоям нарасида, ману модарашро аз дар берун кард.

- Чаро, охир хона ба номи шумо набуд?

- Хона ба номи духтарам буд. Чунки писарам кӯчагарду ҷӯрабоз асту ба ӯ бовар накарда, хонаро ба номи духтари угаям кардам. Намедонистам, ки ин ғамхориам рафта - рафта дарди сарам мегардад.

- Писаратон дар куҷост? Чаро ӯ шуморо нигоҳубин намекунад?

- Писарамро барои авбошиву дуздӣ маҳкам карданд. Иҷрои 7 соли ҳукми суд ба гарданаш бор аст. Хуб медонам, ки ӯ одам намешавад.

- Духтари ӯгай гуфтед. Чаро ҳам шумо ва ҳам модарашро аз дар ронд?

- Бероҳа буд ва кораш танҳо кӯчагардиву бачабозист. Тамоман дар хона намеистад. Ману модарашро ҳамеша дашном дода, мезаду ба рӯямон туф мекард. Як шом байнамон каме нофаҳмӣ шуд ва модараш ӯро сарзаниш кардан хост. Ба ҷои шарм кардану хомӯш истоданд, ба сари модараш доду фарёз бардошт. Тоқатам тоқ шуд. Поям, ки дард мекард, бо сад азоб аз ҷой бархеста, як шапотӣ ба рӯяш задам. Духтарам якбора оташин шуда, маро тела карду қиёматро бароямон қоим кард ва тамоми либосҳоямонро ба берун партофта, ману модарашро аз хона ронд.

Ҳарчанд ҳамсояҳо ӯро фаҳмонидан хостанд, вале “кори ягон нафари шумо ба ман набошад”, - гуфта, дарро қулф намуду пеш - пеши мо баромада рафт. Модараш ҳарчанд зораву тавалло кард, вале духтарам писанд накарда, ба таксӣ нишасту дар як дам нопадид шуд.

 


Духтарам маро зада-зада, ба пирхона овард


 

Чанд шаби худро ҳамроҳи занам дар даромадгоҳи хонаамон саҳар кардем, чунки дар ин муддат аз духтарам дарак нашуд. Занам “маро бубахш, мардак, ҳар балое, ки ба сарат омад аз пушти ман омад. Ба деҳа ба пеши бародаронам бармегардам. Ту худат зиндагиатро аз нав соз”, -гуфт. Ҳарчанд “нарав” гуфтам, вале бечора занам, ки аз бахти аваал шикаст хӯрда буд, оби дидаҳо ба рӯяш шашқатор аз пешам рафт.

- Шабҳоро дар куҷо саҳар мекунед?

- Дар ҳамин истгоҳ. Ду шаби охир бомжҳо ба ман ҳамла карда, “ҷойи моро мегирӣ”, - гуфта чунон латтукӯбам карданд, ки сарамро то ҳол бардошта наметавонам. Як бачаи ҷавон ҳам чанд соат пеш аз шумо омада, палтои ҳавлирӯбии маро дуздидӣ гуфта, тӯҳмат кард ва чунон ба пойи маюбам лагатборон кард, ки дардамро худам медонаму Худо.

“Бачам, илтимос мана аз ин ҷой бар. Ба Худо ин ҷо маро зада мекушанд”. Мард дастонамро дошта, беист гиря мекард ва хоҳиш мекард, ки ӯро ҳамроҳам барам. Шабнам ба ман рӯ оварда гуфт: Биё ба хонаи пиронсолон занг зада, мегӯем, ки омада ин амакро баранд, вале дар сари ман дигар фикр давр мезад. Ба ёрии таъҷилӣ занг задем, то ки бурда пояшонро табобат кунанд. Баъд аз он ҷо худашон ба хонаи пиронсолон мебарандаш.

Ёрии таъҷилӣ дар як миҷа задан наздамон шуд. Пирамардро ба мошин шинонда, гуфтем, ки аввал табобат гиред, баъд омада шуморо ба хонаи пиронсолон мебаранд. Ӯ ду даст сӯи осмон бардошта, гуфт: Худоҷон дар пирӣ касе шуморо хор насозад, умратон дароз, хонаатон обод ва ҳамеша дӯстдори падару модаратон бошед, бачаҷонам! Омин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД