Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд: «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад». (Сураи «Муҷодала», ояти 11).
Абўдовуд аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунад, ки бузургӣ ва фазли олим нисбат ба обид монанди фазли моҳи шаби чаҳордаҳ ба дигар ситорагон аст.
Рифъати одамӣ ба илм бувад,
Ҳар киро илм беш, рифъат беш.
Қимати ҳар касе ба дониши ўст,
Соз афзун ба илм қимати хеш.
Пас дониста мешавад, ки илм нури илоҳӣ ва яке аз сифатҳои Худованд аст, ҳар гоҳ илм зиёда мегардад, мақому мартабаи инсон низ зиёдатар мегардад. Барои шарофатманд шудани инсон Худованд омўхтани илмро бар ў фарз гардонидааст. Ҳазрати Пайғамбар (с) мефармояд: «Талаби илм бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст».
Аз ин фармуда маълум мегардад, ки ҳеҷ фарде аз илм бениёз нест. Навъҳои илм гуногун аст ва ҳар касе аз мардумон ба навъе аз илм ниёзманд ва мўҳтоҷ аст. Аз ин ҷиҳат дар ҳадиси Пайғамбари акрам (с) калимаи «илм» ом омадааст ва тамоми илмҳоеро, ки барои инсон муфид ва зарур аст, дарбар мегирад. Дини мубини Ислом бар хилофи раъйи касоне, ки хаёл мекунанд, донишу фарҳанг фақат дар ихтиёри гурўҳи хосе бошад, дастур медиҳад, ки таҳсили илму дониш бар ҳар фарди мусулмон фарз аст. Ҳамчунин аз ин ҳадис бармеояд, ки омўхтани илм барои ҳамаи мардум лозим буда, бар ҳар касе омўхтани ҳамон илме зарур аст, ки барояш муносиб аст. Масалан, барои тоҷир донистани илми тиҷорат, барои меъмор илми ҳандаса, барои табиб илми тиб ва ғайра. Агар инсон илмеро, ки ба касбу кори ў вобаста аст, надонад, ҳамеша дар зиён ва хатар мемонад. Масалан, агар тоҷир аз илми харидуфурўш огоҳӣ надошта бошад, шояд аз ҳаққи дигарон ба моли ў омехта шавад, ки он боиси ҳаром шудани луқмаи ў мегардад. Агар табибу муҳандис аз илму дониши касби худ огоҳ набошанд, ҷони мардумро дар хатар мегузоранд.
Хулоса, нодонӣ барои фард ва ҷомеа сар то сар хатар дорад ва илму дониш аст, ки ҷомеаро аз ҳама гуна зарару зиён наҷот медиҳад.