Маҳсулоти лозима:
1 кг клубника, 1 кг шакар, 2 қошуқ шарбати лимӯ.
Тарзи таҳия:
Қулфинайро хуб тоза карда, дар об бишӯед. Баъдан дар зарфи сирдор андохта, аз болояш шакар пошед ва барои 4–6 соат гузоред, то ки об барорад. Пас аз ин зарфро ба оташи паст гузошта, то ҷӯшидан расонед ва оҳиста-оҳиста омехта кунед. Ҳамин ки мураббо ба ҷӯш омад, шарбати лимӯро илова кунед. Аз лаҳзаи ҷӯшидан 5 дақиқа пазед ва кафки рӯи онро гиред. Баъд зарфро аз оташ гирифта, каме хунук кунед ва рӯяшро бо матои тоза пӯшонед. Ин равандро боз ду маротиба такрор кунед. Пас аз бори сеюм пухтан, мурабборо метавонед дар бонкаҳо маҳкам кунед.