goodwell
Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?
82

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад. Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази тиббии “Дилафзо” Шодибек Тариқулов дар ин мавзуъ суҳбати судманде ороем.

- Шодибек, сароғоз шарҳ медодед, ки аритмология худаш чист ва шумо ба табобати кадом нуқсонҳои дил сарукор доред?

- Аритмология – як қисми кардиология буда, бо ташхис ва табобати аритмияи дил машғул мебошад. Аслан тибқи меъёр таппиши дили одам аз 60 то 90 зараба дар як дақиқа буда, фосилаи якхела дорад. Аз 60 паст ва ё аз 90 зиёд задани дил, ё ин ки фосилаи гуногун байни таппиши дил аритмия ҳисобида мешавад ва мо асосан бо ташхис ва  табобати ҳамин нуқсон машғулем.

- Маълум мешавад, ки шумо бо чизи аз ҳама асосӣ-набзи дили инсон сарукор доред. Аз рӯйи кадом нишонаҳо одам метавонад пай барад, ки набзи дилаш ноҷур аст?  

- Нишонаҳои асосии аритмияи дил инҳоянд: ҳисси тез ва ё суст задани дил, сарчархзанӣ ва ҳатто аз хуш рафтан, нафастангӣ, пасту баланд шудани фишори шараёнӣ, беҳолию бемадорӣ...

- Дар сурати сари вақт аз паси ташхис ва табобати дил нашудан, аритмия чи оризаҳоро ба бор оварда метавонад?

- Дар ҳақиқат дар сурати бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ ин ҳолат оризаҳои аритмияи дилро ба вуҷуд меорад, ки боиси норасогии кори дил (васеъ шудани ковокиҳо ва паст шудани фоизнокии кори дил), ҳолати синкопӣ (аз хуш рафтан), пайдоиши лахтаи хун, инсулт ва ё марги ногаҳонии инсон гашта метавонад.

- Ин нуқсони дил бештар дар одамони калонсол мушоҳида мешавад ё ҷавонон низ метавонанд ба чунин беморӣ гирифтор гарданд?

- Солҳои охир аритмия дар байни ҷавонон ва наврасон низ васеъ паҳн гашта истодааст. Сабаби асосиаш одатҳои зарарнок, истифодаи энергетикҳо, тағйиротҳои ҳормонӣ-(гормонӣ) ва ҳар хел нуқсонҳои модарзодӣ мебошанд. Дар байни калонсолон бошад, сабаби асосии аритмия ин сактаи дил, фишорбаландӣ ва одатҳои зарарнок аст.  

- Барои фаҳмидани набзи дил ва аниқ кардани беморӣ аз кадом усулҳои ташхис истифода мебаранд?

- Барои ташхиси аритмия маъмулан ЭКГ, Холтер-ЭКГ ва ташхиси электрофизиологии дохилидилӣ (ТЭД) истифода бурда мешавад.

ЭКГ – маълумоти хуб дорад, вақте ки ҳангоми аритмия гузаронида мешавад. Холтер-ЭКГ – ин ЭКГ-и 24 соата буда, барои сабти аритмияе, ки дар вақти кор, ҳангоми хоб будан, ҳангоми ҳарат пайдо мешавад, истифода бурда мешавад. ТЭД – ташхиси муосир ва дақиқтарин барои муайян намудани намуди аритмия ва ҷойгиршавии он аст.

- Метавонед дар боби ин усули ташхис маълумоти бештар диҳед?

- Албатта! ТЭД –ин ташхиси каминвазивӣ буда, бе наркоз ва бе буриш гузаронида мешавад. Катетери ташхисие, ки тавассути раги пойи бемор вориди дохили дил мешавад, намуди аритмия ва ҷойгиршавии онро дақиқ нишон медиҳад.

- Шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ки аз меъёри муқарраргашта, яъне аз 60 то 90 камтар ё бештар задани набзи дил аллакай беморӣ аст. Метавонед ин масъаларо бештар шарҳ диҳед?

- Аз 60 паст зани дил – брадикардия номида мешавад. Дар ҳолати аз 40 то 60 зарба задани дил маъмулан табобати доругӣ истифода бурда мешавад. Дар сурати аз 40 паст шудани набзи кори дил, дил ба имплантатсияи ЭКС (электрокардиостимулятор) ниёз пайдо мекунад. ЭКС таппиши доимии дилро аз 60 то 90 таъмин менамояд.

- Аз меъёри муқарарӣ таппиши дил зиёд бошад чӣ?

-Аз 90 боло задани дил тахикардия номида мешавад. Дар ҳолати дар як дақиқа аз 90 то 140 зарба задани дил  табобати доругӣ истифода бурда мешавад. Аз сурати аз 140 боло задани дил ба РЧА (аблятсияи радиочастотӣ) ниёз пайдо мешавад.

- РЧА чист ва ин амалиёт чи гуна гузаронида мешавад?

- РЧА – намуди муосири табобати аритмияи дил буда, бе наркоз ва бидуни буриш гузаронида мешавад. Катетери аблятсионӣ тавассути раги пойи бемор вориди дохили дил гашта, нуқтаи аритмияро, ки бо ёрии ЭФИ муайян карда мешавад, бо температураи 50оС месӯзонад. Дар натиҷа манбаъи аритмия аз фаъолият боз монда, назми муқаррари дили бемор барқарор мегардад.

- Тавсияи шумо ҳамчун табиб ба шахсоне, ки низоми таппиши дилашон вайрон шудааст ё ба дигар нуқсонҳои дил гирифтор шудаанд? 

- Пешгирии беморӣ хубтар аст аз табобати он, бинобар ин, ман ҳамчун табиб тавсия медиҳам, ки аз одатҳои зарарнок даст кашанд, махсусан нӯшокиҳои энергетикиро, ки ба дил зиён доранд, нанӯшанд ё ҳадди ақал камтар истифода баранд. Новобаста ба вазъи саломатиашон, ҳатто агар ягон шикоят надошта бошанд ҳам, дар як сол як маротиба ҳатман аз ташхиси ЭКГ ва ЭхоКГ гузашта, аз ҳоли дили худ хабардор шаванд. Ниҳоят тавсияи сеюми ман ҳамин аст, ки дар сурати пайдо шудани нишонаҳое, ки дар боло зикр намудем, сари вақт ба табибони дил муроҷиат намуда, аз паси табобати аритмия ва дигар бемориҳои дил шаванд, зеро дил муҳаррики ҷисми инсон мебошад.

- Ташаккур барои суҳбати судманд.

- Саломат бошед!

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД