arzon replenishment
ПАНҶАКЕНТ: ВАКИЛ БА ТАБИБОН ВА ИНТИХОБКУНАНДАГОНАШ КӮМАК КАРД
1468

Муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода, ки соли равон аз ҳавзаи интихоботии Суғдиён вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент интихоб шуда буд, рӯзи 29 май дар ду беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент хӯроки нисфирӯзӣ ташкил намуд ва ба табибони ин беморхонаҳову интихобкунандагони худ дар шаҳраки Суғдиён ва деҳаҳои Филмандару Косатарош 3000 ниқоби тиббии оби нуқрадор, 500 шиша моддаи зиддиуфунӣ, 100 дона спирт ва 500 адад дастпӯшак тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки ҳавзаи Суғдиён деҳаҳои Филмандару Косатарош ва шаҳраки Суғдиёнро фарогир аст, ки дар ин деҳаҳо зиёда аз 10 000 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. "Раиси маҳаллаи Косатарош Ҳоҷӣ Шералӣ Юсуфзода зимни тақсими кӯмак ин иқдоми Муҳаммадсодир Сафарзодаро дар ин рӯзҳои вазнин боиси хушҳолии мардум номид", - навиштааст шоир ва рӯзноманигор Исмоил Зарифӣ дар фейсбук.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД