sebiston july new
ПИРОГИ СЕБИН
02.09.2021
Оила
2001


Тирамоҳ яке аз беҳтарин фаслҳои сол аст, зеро тамоми намудҳои меваю сабзавот пухта мерасанд ва мо метавонем ҷисми худро ба миқдори кофӣ бо витаминҳои табиӣ пур созем.

Шуста хӯрдани себу анор, ангуру анҷир ва дигар меваҳо албатта ба кас роҳат мебахшад, вале торту шириниҳои бо мевагӣ тайёр шуда маззаи дигар доранд. Имрӯз мо ба шумо тарзи пухтани як навъ пирогр бо себ ёд медиҳем.

Маҳсулоти лозима:
340 гр орд, 2 тухм, 100 гр равғани маска, 0,5 қошуқча сода, 150 гр шакар барои хамир ва 50 гр барои қима, 1 қошуқча дорчин (корица), 4 дона себ, 2 қошуқ шарбати лимӯ.

Тарзи таҳия:
Равғани маскаро дар оташ об ва хунук кунед. Ба он шакар ва тухм андохта, нағзакак аралаш намоед. Содаи бо шарбати лиму ё сирко омехтаро илова карда, орд андозед вахамир шӯред. Хамир бояд сахт бошад ва ба даст начаспад. Хамирро ба 2 қисм ҷудо карда, ба салафан печонед ва муддати як соат дар яхдон нигоҳ доред.
Себҳоро аз турбтарош гузаронида, ба он шарбати лимӯ илова кунед. Коғази пухтупазиро дар тоба тунук карда, дар болои он як қисми хамирро аз турбтарош гузаронед. Шарбати себҳоро ҷабида, баъд ба рӯйи хамир тунук кунед ва шакар пошида, қисми дуюми хамирро низ аз рӯйи себҳо аз турбтарош гузаронед. Пирогро дар тафдон муддати 40 дақиқа дар ҳарорати 180 дараҷа пухтан лозим аст.

Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД