Commerc banl
Писар падарро бо панҷшоха зада кушту...
94

Як ҷавони 28-солаи сокини Деваштич аз ҷониби Суди вилояти Суғд барои куштори бераҳмонаи падараш ба 19 соли зиндон маҳкум гаштааст.

Тавре дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дода шуд, рӯзи 14-уми августи соли 2025 тахминан соати 19 байни маҳкумшуда Ҷумабой Сатторқулови 28-сола ва падараш Асрорқул Сатторқулови 62-сола дар манзили истиқоматиашон дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич муноқиша сар зада, дар рафти ин моҷаро писар бо панҷшоха ва курсӣ падарашро латукӯб намудааст. Дар натиҷа падар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, пас аз 5 соати ҳодиса бар асари хунравии зиёд ҷон додааст.

Мақомоти пулис ва додситонӣ баъди гирифтани иттилои зарурӣ, ҷасадро аз гӯр берун оварда, аз ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронидаанд ва маълум гардидааст, ки Асрорқул Сатторқулов ба дасти фарзандаш кушта шудааст.

Суд Ҷумабой Сатторқулови 28-соларо бо қисми 2, бандҳои “в” ва “е”-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар куштори падараш гунаҳкор намуда, ба муҳлати 19 сол равонаи зиндон кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД