Dostoni ishqi man
Писари Ҳаётой Муминова аз олам даргузашт
5457


Имрӯз писари сарояндаи шинохтаи тоҷик Ҳаётой Мӯминова бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора Орзу Исоев дар саҳифаи фейсбукиаш бо таассуф навиштааст:
“Ин субҳ Фирӯзҷонро аз даст додем. Ба аҳли оилаи ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хаётой Муминова барои аз даст додани фарзанди азизашон ҳамдардӣ баён мекунам.”
Писари Ҳаётой Мӯминова Фирӯз ду соли охир аз бемории қалб ранҷ мекашид ва имрӯз бар асари ин беморӣ дунёро падруд гуфт.

Ҳаводорони санъати ин бонуи ҳунар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Ҳаётой Мӯминова изҳори ҳасмдардӣ намуда, аз даргоҳи Илоҳӣ дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон сабру таҳаммул хостаанд.

Ҳаётой Муъминова яке аз устодони санъати тоҷик буда, бо садои махмалинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Чеҳраи ҳамеша хандон ва хоксорию фурутаниаш ин зани ҳунармандро азизи дили садҳо ҳазор одамон гардонида, натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ мухлисони сершумори худро дорад.

Мутаассифона, панҷаи ғам имрӯз ба гиребони ин зани меҳрубон низ панҷа зада, аждари аҷал фарзанди дилбандашро ба коми худ кашид. Барои модар аз даст додани фарзанд бузургтарин фоҷиа буда, доғи он то рӯзи қиёмат аз дил намеравад, вале мо, инсонҳои хокӣ пеши амри Худованд ва тақдири азалӣ бечораем.

Мо аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба дарди ҷонсӯзи ин хонавода шарик шуда, ба апаи Ҳаётой дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳем ва дуо мекунем, ки ҷойи писарашон Фирӯзҷони ғуррамарг ҷаннати ҷовидон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД