Arzon march 2024
Президент судяҳоро аз кор озод кард
525


Пешвои миллат,-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо нашри як фармон чанд нафар кормандони мақомоти судиро аз вазифа озод намуд.

Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.
Дар фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

“Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

  1. Табарзода Изатулло Сафар аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Хатлон, Юсуфзода Муҳаммадалӣ Файзалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе, Абдулғанизода Абдумонеъ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
  2.  Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД