ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2025
745

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз ба эҳсосот дода нашавед, пеш аз қабули ягон қарор хуб фикр кунед. Эҳтимол бо яке аз хешовандон нофаҳмӣ сар занад, кӯшиш кунед, ки оромиро нигоҳ доред. Аз ҷиҳати саломатӣ мушкили ҷиддӣ нест, вале аз кори пуршиддат худдорӣ намоед. Ҳама бемориҳо аз хастагӣ ва асабоният сар мезананд. Агар касеро ранҷонида бошед, бо ӯ оштӣ кунед, аз ин нафар маслиҳати хуб мегиред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз диққати атрофиён ба занони мучали сарв зиёд мегардад, мардон бошанд, бояд фаъол бошанд. Дар оила ҳама чиз орому устувор аст, беҳтараш аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед. Кор метавонад зиёд шавад ва қуввати шуморо кам кунад, барои ҳамин истироҳат фаромӯш нашавад. Имкони пайдо кардани кори хуби даромаднок вуҷуд дорад. Баъди аз асабоният ва хастагӣ ниҳоят оромиву осоишро эҳсос мекунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Давраи танҳоӣ ба анҷом мерасад, эҳтимол муҳаббати нав пайдо кунед. Агар оиладор бошед, бо ҳамсаратон ростқавл бошед, эҳсосоти худро пинҳон накунед. Аз суханҳои дағал худдорӣ намоед, зеро метавонанд оқибати нохуб дошта бошанд. Эҳтимол хароҷоти ғайриинтизор буҷетатонро халалдор кунад, вале қарз нагиред. Беҳтараш имрӯз каме истироҳат кунед ва нерӯ бигиред.

Саратон (21 июн-22 июл)

Давоми чанд рӯзи наздик дар ҷодаи ишқ ва муносибатҳои ошиқона бахтатон омад намекунад, вале ноумед нашавед. Агар аз одатҳои ҳамсаратон дилгир шуда бошед, дар хотир доред, ки инсонҳои идеалӣ комил вуҷуд надоранд. Хариди имрӯзаатон бо муваффақият анҷом меёбад. Фақат аз хастагӣ ва изофакорӣ худдорӣ кунед, то саломатӣ осеб набинад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз бахусус барои муносибатҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Агар танҳо бошед, имкони шиносоии нав зиёд аст. Бо дӯстону наздикон вохӯриҳои хушу гуворо сурат мегирад. Беҳтараш ба корҳои худ машғул шавед ва ба нақшаҳои дигарон кордор нашавед. Имкони ба созиш расидан бо шарикон вуҷуд дорад. Энергияи зиёдатон талаб мекунад, ки фаъол бошед, вақти танбалӣ нест.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз дилатон саёҳат ва дилхушӣ мехоҳад. Эҳтимол рӯйдодҳои ғайричашмдошт рӯзатонро тағйир диҳанд. Эҳсосоти сабук ва хандаовар доред, агар тавонед, як ҳафта рухсатӣ гиред. Аз қарз гирифтан ё сарфи беҳудаи пул худдорӣ кунед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, баъди зӯҳр қуввати зиёд пайдо мекунед, онро барои корҳои дӯстдоштаатон сарф намоед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Барои зинда кардани муҳаббат ва гармии муносибатҳо, аз лаҳзаҳои ошиқона истифода баред, як туҳфаи хурд хотири дӯстдоштаатонро шод мегардонад. Дар хона каме мушкилоти молиявӣ эҳсос мешавад, вале зуд ҳал мегардад. Нимаи рӯз сермуошират мегузарад, шомро барои оромӣ ҷудо кунед. Аз душвориҳо наҳаросед, танҳо шубҳа метавонад пешрафтатонро боздорад. Аз ғизои вазнин худдорӣ намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат сабру оромиро нигоҳ доред, эҳсосоти аз ҳад зиёд метавонад зарар расонад. Агар бо наздикон баҳс дошта бошед, роҳи созишро ҷӯед. Дар касбу кор масъулият ва дақиқии шумо қадр карда мешавад, эҳтимол аст дар вазифа боло равед ё мукофот гиред. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед, пул зуд меояд ва зуд меравад. Шомро ба истироҳат ва оромӣ бахшед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба сабоният дода нашавед, вагарна дар сари қаҳр метавонед ба хатогиҳои зиёд роҳ диҳед. Аз мушкилиҳои сарзадаи пулӣ ба воҳима наафтед. Беҳтараш хароҷоти худро кам кунед. Сараввал фикри саломатии худро кунед, мушкилоти корӣ ва наздиконро ба ҷои дуюм гузоред. Нафарони оиладор бояд нисбати якдигар сабур бошанд, вақти ҷангу ҷанҷол кардан нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Муҳаббат эҳсоси пок аст, шумо ба наздикӣ бо нафаре вомехӯред, ки аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед. Барои он ки таъмири хонаатон пули зиёдро талаб накунад, кам-кам ҷойҳои таъмирталабро таъмир кардан гиред. Агар пул дошта бошед, фикр кунед, ки онро ба фоидаи худ сарф намоед. Аз ҷойҳои серодам ва ҷойҳои ҷвамъиятӣ дурӣ ҷӯед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Вақте расидааст, ки ба дӯстдоштаи худ сифатҳои беҳтаринатонро нишон диҳед. Вале кӯшиши тағйир додани ӯро накунед, фишори шумо дер ё зуд ба дӯстдоштаатон сахт мерасад. Эҳтимол ба дастатон аз ҷое пул меояд, ки тамоман интизор набудед. Агар худро бад ҳис мекарда бошед, баъд аз 24 соат ҳолататон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтимоли моҷаро кардан вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Эҳтиёт шавед, нафаре аз табъи хуши шумо имрӯз истифода бурданӣ мешавад. Дар оилаатон ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмиҳо имкон доранд. Қарз додан ё қарз гирифтанро тавсия намедиҳем, ҳамзамон хариди калон ҳам накунед. Аз нафароне, ки бо диданашон табъатон хира мегардад, худро канор гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД