formula55
Раис чемпиони ҷаҳонро қадрдонӣ кард
863

Ҷавоҳир Шодиев, чемпиони ҷаҳонро раиси шаҳри Турсунзода бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ кард.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар дод, Ҷавоҳир Шодиеви 17-сола, сокини шаҳри Турсунзода ва дастпарвари мактаби варзишии шаҳри  мазкур дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта иштирок намуда, дар вазни 56 кг байни варзишгарони 46 давлати дунё унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор гардид.

Бояд гуфт, ки чемпионати мазкур аз 1 то 7 августи соли равон дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардид.

Ҷавоҳир дар рақобатҳои чандрӯза рақибони худро аз давлатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон ва Қазоқистонро шикаст дода, дар даври ниҳоӣ варзишгари украиниро мағлуб намуд ва сазовори медали тиллои чемпионати ҷаҳон гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД