Formula july 2024
Рашк
1961

 - Ту аз занат метарсӣ?! Модар наздат қадре надорад. Лоақал ҳурматашро ба ҷо намеорӣ. Завҷаат аллакай туро ғуломи худ сохтааст. Ту модаратро аз ҳамсарат боло медонӣ! Бале, оне, ки туро ба воя расониду ба ин рӯзҳо расонд, наздат ба миқдори як дона арзан ҳам ҳурмату эҳтиром надорад. Ту ҳам, акаат ҳам, якед, - бо қатъияту қаҳр гуфт Саодат ба писараш.

Собир ба суханҳои модараш гӯш дода, андеша мекард, ки оё пас аз оила бунёд кардан воқеан тағйир ёфт? Модарашро, фариштаи ҳаёташро, аз завҷааш боло медонад. Аслан боло дида чӣ кор кард?! Меҳри фарзандиро ба модар ва муҳаббату навозиши шавҳариро ба завҷааш медиҳад.

Собир худ ба худ меандешиду телефони дастиашро рӯйи миз зада, ба ин минвол ғӯтаи андеша буданашро мефаҳмонд. Нохост садои модар ӯро аз олами андеша берун бурд.

- Ҳей! Ман дардамро ба кӣ гуфта истодаам? Эҳҳҳҳҳ, ҳамин тавр будаст, - даа? Мурда - мурда фарзанд ба воя мерасониву дар охир паррончак, ки шуд, дасти дигареро гирифта мерафтааст. Боз модарро назди кадом бонуи дирӯзомада хор карда мемондааст.

Саодат ҳарчанд кӯшиш мекард, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа занад ва сели оби дида рӯяшро шуста, онро ба писараш нишон диҳад, ки воқеан ӯ аз писаронаш ранҷидааст, вале ашк ҳам ин бор ӯро "дастгирӣ" накард....

Ӯ доим бо ҳар баҳона келинҳояшро ба писаронаш ҷанг меандохт. Дуруст, ки гоҳ -гоҳ аз кори худ пушаймон мешуд, вале боз бо ҳақиқатҳои бофтааш худро ором мекард.

- Модарҷон, чаро ин хел гапҳоро мегӯед? Охир, кадом фарзанд модарашро хор шудан мемонад? Ғайр аз ин, шуморо касе хор накардааст. Шукри Худо зиндагиамон нағз, келинҳоятон ҳам бад не, бо мулоиматӣ рафтор мекунанд,- гуфт Собир.

- Ҳа, шумоёни азиз рӯз то бегоҳ дар кор. Мани бечора назди келинҳо ба як пиёла чой зор мешинам. Либосҳоямро худам мешӯям, хонаамро худам мерӯбам. Келинҳо бошанд хоб. Яктоаш корашро баҳона мекунаду аз саҳар то бегоҳ сояашро ҳам намебинӣ. Барои чӣ? Барои чӣ келинҳо хизмати мани хушдоманро намекунанд? Барои он ки ду писари ман латаанд!

- Модарҷон, ин тавр нагӯед. Охир, ҳар боре, ки мебинам, келинҳо дар хизмати шумоянд. Ҳар коре, ки доред ба ду келин фармоед, тамом. Наход ба Шумо не гӯянд? - бо исрор гуфт писар.

- Эй писари аҳмақ, келин бояд аз худаш дониста хизмати хушдоманро кунад. Ба дилаш роҳ ёбад. Ҳар дуи шумо келинҳоро эрка кардед. Мана, янгаат тамоман ба гапам намедарояд. Ҷое равад, ҳатто аз ман намепурсад. Як чойи сабилмонда ҳам намеорад. Чаро? Чунки акаҷонат ба вай инги накард. Чизе, ки келин хост, муҳайё карда, хуб гуфт. Оқибат чӣ шуд? Завҷааш зани гапнодаро шуд! Келини ноӯҳдабаро шуд!

-Оҳ, модарҷони азизам, пас, ман чӣ кор кунам? Байни онҳо дароям? Дар назари ман ин хел наметобад. Янгаам инсони нағз барин менамояд.

- Ту ҳоло кӯдакӣ. Ботини инсонҳоро намедонӣ. Ҳозир келинҳоро аз роҳ задан осон аст. Янгаатро ҳам аз роҳ задаанд. Барои ҳамин ман намехоҳам, ки келини дувумам низ ҳамин хел шавад.

- Пас чӣ кор кунам?

- Зан!

- Чӣ? Киро?, - ба ҳайрат афтода, пурсид Собир.

- Ситораро.

- Ҳа-ҳа-ҳа... Модарҷон, шумо шӯхӣ мекунед?

- Кай дидӣ шӯхӣ карданамро? Ман мегӯям занатро зан! - бо қатъият гуфт Саодат.

- Бе ҳеҷ айбу гуноҳ? Охир, шумо доим таъкид мекардед, ки ба оҷизону заифон даст набардор. Падарат маро баҳудаву беҳуда лату кӯб мекард. Ту оиладор шавӣ, ин тавр накун! Ин гапҳои шумо набуд магар?

- Бале падарат маро мезад. Ман қасдамро аз модараш мегирифтам. Ӯ маро беҳуда мезад, лекин ту ҳамсаратро беҳуда не, бо ҷурми кардааш мезанӣ.

- Хуб. Ситора чӣ гуноҳ кард, ки боиси задан бошад?,- ҷиддӣ ба модар нигоҳ карда, пурсид Собир.

- Ӯ маро қадр намекунад.

- Модарҷон, ин тавр нагӯед. Ситора шуморо мисли модараш медонад. Дӯст медораду эҳтиром мекунад, хизмататонро ба ҷо меорад. Ман бо чашмони худам мебинам.

- Чойникро бин. Чиркашро дидӣ? Се ваҷаб. Чор гӯшаи хонаро назар кун! Чӣ қадар тортанак тор танидааст?

- Шуд. Ситораро мегӯям, омада, тоза мекунад.

- Эй аҳмақписар, гап дар сари тоза кардану накардан нест! Завҷаат аллакай аз худ рафта истодааст. Камтари дигар баъд ӯ гапҳои маро намегирад. Барои ҳамин, ӯро зан! Ҳар рӯз не, ҳар замон зан...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД