sebiston july new
Қӯрбоқа шӯ дорад (қисми 2)
1853

 

Давомаш ...

Зулҳия бо хушдоманам ҷанг карда, ӯро бераҳму беинсофу таънагар номида, қаҳр карда хонаи модараш рафт.

                         Бемутакко

Модари кампираш аҳволи ӯро дида, зуд ба хона дароварду аҳвол пурсид, Зулҳия ҳама аламҳои дилашро, пушаймониҳояшро ба модараш гуфту гирист. Гумон дошт модараш хушдоманашро бад мегӯяду ақаллан барои дили ӯ шуда наздаш рафта, ӯро ба инсоф мехонад. Аммо модар оромона гуфт:

-Хушдоманат рост мегӯяд, айб айби ту ки ҳаст, тоқат кун духтарам! Паймон меояд, намеояд, туро дӯст медорад намедорад, ин кори вай, дар урфият мегӯянд, ки қурбоқа шӯ дорад обрӯ дорад! Ту ҳам ҳамин хел, хез хонаат рав! Зулҳия хеста, ноилоҷ ба хона омад. Хушдоманаш наменамуд, Паймон лаби кат нишаста чой менӯшид, ӯ омадани занашро надида, дар телефон бо касе гап мезад ва механдид.

-Аллакай ёдат кардам, ту танҳо чой менӯшӣ? Асали ман, тоқат кун, як рӯзак!- Намедонам ҳамсӯҳбаташ чӣ мегуфт, ки ӯ чунин посух дод:-Ба Худо ана, ягон кор накардам, номард дурӯғгӯ, сарамро дар болин мондаму хобам бурдааст…

-Ту ба кӣ ҳисобот медиҳӣ?!-Фарёд зад худашро дошта натавониста, ӯ ва илова кард: -ту ба ман дастдарозӣ карда, омада ба модарат гуфтӣ, зери таънаам мондӣ, боз ба кӣ аз бистари ман ҳисобот медиҳӣ?!- Паймон аз љояш хеста, як лагад ба миёнаш фаровард, Зулҳия додгӯён ба сӯйи хонаи хоб давид. Хушдоманаш инро дида, омаду тирезаро кушода гуфт:

-Э шарманда, ҳамаи ҳамсояҳо фаҳмиданд, ки имшаб шавҳари хастаатро хоб бурдаасту туро қонеъ карда натавонистааст, мур аз ин рӯзат!

 

                           Қӯрбоқа шӯ дорад…

Паймон ба модараш ҳамроҳ шуда гуфт:

-Оча, ин боз мегӯяд, ки ман ба шумо чизе гуфтаам.

Хушдоманаш овозашро баландтар карда гуфт:

-Эй манҷалақӣ, воқеаҳои таги санҷитро ба ман Нуринисои ҳамсояатон нақл кард, ӯ ҳар шаб чӣ кор карданатонро медидааст.

Зулҳия ҳам паст наомада гуфт:

-Хайр, баъд чӣ шудааст, хуб кардаам. Барои ҳамин гуноҳам шумо намемонед, ки шавҳарам омада, бо ман зиндагӣ кунад?!- Хушдоманаш худашро ба касал андохт, гӯё дилаш задааст ва қиёмат қоим шуд, Паймон занашро то хуншор шудани сару рӯяш зери лагад гирифт. Хоҳару додаронаш ҳақораташ доданд, рафта модарашро оварданд, Зулҳия аз Паймон талоқашро хост, модараш ӯро зорӣ кард, ки ин калимаи безебро ба забон нагирад ва…

Зулҳия боз монд дар ин ғурбатхона ва то ҳол зиндагӣ дорад, дилаш аз шавҳараш мондааст, ба ӯ коре надорад, ба хушдоманашу таънаҳояш ҳам, ягона ғамгусораш ду духтараш ҳастанд. Писаронашро бибияш доим ба вай мешӯронад. Ӯ мегиряду пичиррос мезанад:

-Акнун мурдае ҳастам берун аз гӯр, шояд ҳоли қӯрбоқа ҳазорон бор аз ман хубтар аст, зеро дар ботлоқ ҳам бошад, озод гаштугузор мекунад.

                                                                           

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД