35 years of independency
Рехтани мӯйи сар нишонаи беморӣ аст?
26.09.2026
Oila.tj
58

Дар як рӯз то 100 тор мӯй рехтан метавонад ҳолати муқаррарӣ бошад. Дар тобистон ин миқдор каме зиёд мешавад. Аммо агар дар давоми ду моҳ ё бештар аз он ҳар рӯз беш аз 150 тор мӯй рехта, зичии мӯй кам шавад, дар сар ҷойҳои холӣ пайдо шаванд ё хоришу пулакча шудани пӯст ба назар расад, ба трихолог муроҷиат кардан лозим аст.

Баъзан сабаби рехтани мӯйро бо тағйири тарзи зиндагӣ, ғизои дуруст ва бартараф кардани норасоии моддаҳои зарурӣ ислоҳ кардан мумкин аст. Аммо чунин ҳолат метавонад бо баъзе бемориҳо, аз ҷумла алопесияи андрогенӣ ва бемориҳои аутоиммунӣ, низ вобаста бошад. Норасоии оҳан, руҳ ва витамини D низ метавонад боиси рехтани мӯй гардад.

Шампунҳои «зидди рехтани мӯй» сабаби аслии мушкилотро бартараф карда наметавонанд. Иловаҳои ғизоӣ барои мӯй низ танҳо ҳангоми тасдиқ шудани норасоии микроэлементҳо заруранд.

Пас аз тобистон барои барқарор шудани пӯсту мӯй нигоҳубини мулоим, намноккунии мунтазам ва муҳофизат аз офтоб муҳим аст. Агар мушкилот тӯлонӣ идома ёбад ё рехтани мӯй зиёд шавад, сабаби онро бояд бо ёрии мутахассис муайян кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД