Commerce bank may-june 2026
Роҳбари маркази дилхушии "Қамишзор" боздошт гардид
11.06.2026
Oila.tj
79

Роҳбари маркази дилхушии "Қамишзор" Холов Намозалӣ Бобохонович, санаи таваллудаш 08.04.1992, сокини деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони РКҶ ВКД барои дидаву дониста роҳ додани ноболиғон ба маркази дилхушӣ боздошт гардидааст.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми санҷиши кормандони милитсия дар маркази дилхушии “Қамишзор”, ки дар кӯчаи И. Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, 6 нафар ноболиғ дар ин марказ ба истироҳат фаро гирифта шуда будаанд. Инчунин, муайян гардидааст, ки маркази дилхушии мазкур дар ҳолати бади санитариву гигиенӣ қарор дорад.

Аз ҷониби кормандони милитсия фаъолияти маркази дилхушӣ муваққатан боздошта шуда, нисбати роҳбари он бо қарори суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД