formula
Ронандагонро 3000 сомонӣ ҷарима мебанданд, агар..
30.11.2023
Mahina
345


Ҷавобгарӣ барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар нақлиёт пурзӯр карда шуд. Акнун ронандагоне, ки рақамҳои мошини шахси дигарро ба мошини худ насб карда мегарданд, барои ин амалашон маблағи ҳангуфтеро ҷарима месупоранд.

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Мувофиқи ислоҳоти нав маблағи ҷарима барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар мошин зиёд карда шуда, ҳатто ронандаро барои рақами қалбакӣ ба маҳбас кашида метавонанд.

Мувофиқи тағйиротҳои ба моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуда, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами давлатии шахси дигар ё додани рақами давлатӣ ба шахси дигар пешбинӣ мекунад, чунин қоидавайронкуниҳо сабабгори ҷарима ба андозаи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 1 сол мегардад.

Маблағи ҷарима барои истифодаи рақами қалбакӣ аз 2040 то 3400 сомониро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки қаблан барои чунин кор аз 680 то 1020 сомонӣ ҷарима ё ба мӯҳлати 6 моҳ маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ пешбинӣ шуда буд.

Бо қабули тағйирот ба қисми 1-и моддаи 212 и Кодекси ҷиноятӣ ҷазо барои қалбакӣ кардани рақамҳои мошин низ вазнинтар шудааст.
Акнун ин модда барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё ба шахси дигар додани рақами қалбакӣ аз 34000 то 68000 сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи намудҳои ҷарима дар Тоҷикистон аз -уми январи соли оянда 5,88% зиёд мешаванд, чунки маблағи нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ аз 68 то 72 сомонӣ афзоиш меёбад.
Бахтовар Сафаров

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД