Commerc banl
Роҳҳои хариди хона бо иппотека ва иппотекаи рақамии пасандозӣ
15

Ҳар як инсон мехоҳад соҳиби манзили шахсии худ бошад, вале на ҳама имконияти молиявии харидани хонаро доранд. Агар шумо ҳам бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастед ва намедонед чӣ тавр орзуятонро амалӣ намуда, соҳиби хона гардед, озурда набошед, зеро дар замони муосир хонаро тавассути иппотека гирифтан имконпазир мебошад.

Кадом бонкҳои Тоҷикистон ба мизоҷон қарзи иппотека пешниҳод карда метавонанд?

Дар Тоҷикистон чанд бонк, аз ҷумла “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Фридом Бонк Тоҷикистон”, Аввалин бонки молиявии хурд (АБМХ), ташкилотҳои хурди қарзии “Ҳумо”, “Имон-Интернейшнел” ва “Спитамен Бонк” ба мизоҷон барои хариди манзил қарзи иппотекаро пешниҳод менамоянд.

Фоизи қарзи иппотека дар бонкҳои кишвар гуногун мебошад. Аз ҷумла “Амонатбонк” ба мизоҷон бо 18%-и солона ба муҳлати 10 сол барои харидани хона аз шаҳри Душанбе ва аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон қарзи иппотека медиҳад.

Бояд гуфт, ки “Амонатбонк” натанҳо барои харидани хона, балки барои сохтмони манзил низ қарзи иппотека ҷудо мекунад. Ин намуди қарз дар чанд транш - барои рехтани пойдевор, бардоштани деворҳо, пӯшонидани бом ва таъмири дохили манзил давра ба давра ҷудо карда мешавад.

“Спитамен Бонк” бо 12-15% солона бо доллари амрикоӣ ба муҳлати то 10 сол қарзи иппотека пешниҳод месозад.

“Душанбе-Сити” бо ширкати сохтмонии “Себистон” қарордод ба имзо расонидааст ва ба шахсоне, ки аз ин ширкат хона харидан мехоҳанд, бо 5%-и солона қарзи ипотека пешниҳод менамояд.

Иппотекаи рақамии пасандозӣ чист?

Чанде пеш дар кишварамон боз як бонки дигар бо номи “Фридом Бонк Тоҷикистон” арзи ҳастӣ намуд. Ин бонк филиали “Фридом Бонк”-и Қазоқистон дар Тоҷикистон буда, ба мизоҷон намуди нави хизматрасонӣ - иппотекаи рақамии пасандозиро пешниҳод мекунад.

Барои гирифтани қарзи иппотека аз дилхоҳ бонк шумо бояд ақаллан 30%-и маблағи хонаро дошта бошед, ки онро пешпардохт менамоянд. “Фридом Бонк Тоҷикистон” имконият фароҳам меорад, ки мизоҷон, сарфи назар аз он ки дар Тоҷикистон қарор доранд ё дар хориҷи кишвар, бо роҳи электронӣ дар ин бонк суратҳисоби пасандозӣ кушода, барои харидани хона ва дарёфти иппотека пул ҷамъ кунанд. Бонки мазкур ба мизоҷонаш барои пасандози гузошташуда аз 5 то 17% маблағ дода, ба зудтар ҷамъ шудани пешпардохт ёрӣ мерасонад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, метавонанд дар “Фридом Бонк Тоҷикистон” бо роҳи электронӣ пасандоз кушоянд ва бидуни пешниҳод кардани ҳуҷҷати манбаи даромади худ маблағи пешпардохтро ҷамъ карда, баъдан аз ин бонк иппотека бигиранд ва аз дилхоҳ нуқтаи шаҳр хонаи барояшон писандро харидорӣ намоянд.

Барои гирифтани қарзи иппотека ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

  1. Шиносномаи шахс ё шахсоне, ки мехоҳанд иппотека бигиранд.
  2. Ҳуҷҷатҳои хонаи харидоришаванда.
  3. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи даромади шахсе, ки иппотека мегирад.

Сарфи назар аз он ки шахс дар корхонаи давлатӣ кор мекунад ё шахсӣ, метавонад чунин ҳуҷҷатро пешниҳод намуда, манбаи даромад доштанашро исбот созад.

“Фридом бонк Тоҷикистон” тавассути маҳсулоти бонкии “Қадам ба қадам” бе талаб кардани ҳуҷҷати манбаи даромад ба мизоҷон қарзи иппотека пешниҳод менамояд. Маблағҳое, ки мизоҷ ҳамчун пасандоз барои харидани хона дар бонк ҷамъ мекунад, манбаи даромад доштани ӯро тасдиқ менамоянд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ба номи ҳамсар ё аъзои дигар оилаашон қарзи иппотека бигиранд. Маблағе, ки муҳоҷир аз хориҷи кишвар мефиристад, ҳамчун манбаи даромад ҳисобида мешавад.

Ба саволҳои дигари худ дар бораи иппотека ва иппотекаи рақамии пасандозӣ шумо метавонед аз барномаи “Сармоя”, ки дар ютуб-канали Oila.tj мавҷуд аст, посух бигиред.

Ссилкаи барнома: https://youtu.be/7H0FmMcGrTc

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД