sebiston july new
“РОЗҲОИ ОИЛАДОРӢ” БО ШУҲРАТШОҲИ РАҲМАТУЛЛОҲ
1767

                     МАЪЛУМОТНОМА

    Ному насаб: Шуҳратшоҳи Раҳматуллоҳ

           Соли таваллуд: 22 феврали 1974

                  Ҷои таваллуд: ш. Москва

                Пеша: Актёри театр ва кино

Ҳунарманди театру кино Шуҳратшоҳ Раҳматуллоев соли 1974 таваллуд шудааст. Пас аз атми мактаби миёна (1991) ба шуъбаи драмма ва кинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1996 ин даргоҳи санъату ҳунарро бо ихтисоси ҳунарманди драмма ва кино хатм кард. Инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати Иттифоқи фаъолияти театрии Федератсияи Россияро таҳсил кардааст.

Шуҳратшоҳ дар филмҳои "Муҳаббат", “Афсарон" ва ғайраҳо ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ айни ҳол дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳайси ҳунарманд фаъолият дорад. Дорандаи унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” (2014) мебошад. Оиладор мебошад.

 

- Дуруд ба Шумои гиромӣ! Хуш омадед ба идораи щафтаномаи «Оила»! Нахуст назари шуморо дар робита ба хушбахтӣ донистан мехостем. Яъне, хушбахтӣ чист?

- Салом. Ташаккури зиёд! Хуш бошед! Бояд гӯям, ки хушбахтӣ ин саломатии худ, аҳли оила ва шахсонест, ки бароят азизанд.

- Шумо хушбахтед?

- Агар аз ҷавоби дар боло додаам таваҷҷуҳ намоем, шукр каму беш хушбахтам.

- Кадом заминаҳоро омили хушбахтӣ мешуморед?

- Меҳр, муҳаббат ва самимият...

- Хушбахт будан чӣ гуна лаззат дорад?

- Лаззаташ нотакрор аст. Хубу беҳтарин.

- Шумо шахсияти шинохтаед. Оё ин маъруфият дар тарбияи фарзандонатон саҳм доранд?

- Бале дорад. Ҳамеша ба фарзандонам мегӯям, ки бикӯшед то аз мо беҳтар бошед. Волидайн, Ватан ва Миллат бояд бо шумо ифтихор кунад.

- Чиро маҳаки асосии тарбияи фарзанд мешуморед?

- Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек!

- Ба фикри Шумо фарзанди бисёр доштан хуб аст ё баръакс?

- Албатта хуб аст, агар имкони тарбияву шикамашонро сер кардан тдошта бошӣ (механдад)

- Фарзанд бояд чӣ гуна бошад?

- Худотарс

- Боре ба фарзандонатон даст бардоштаед?

- Дасти ман вазнин аст. Бинобар ин, танҳо аз дурӣ садо баланд кардаам.

- Зани идеалӣ аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст?

- Зани меҳрубону мушфиқ.

- Ҳамсаратонро дӯст медоред?

- Албатта!

- Боре барояш гуфтаед, ки дӯстат медорам?

- Не, аммо кӯшидам, ки муҳаббатамро бо рафтору кирдорам фаҳмонамаш.

- Гуфтани ҳамин як ҷумла метавонад пояи оиладорӣ бошад?

- Шояд, чунки ман аслан бо кирдорам фаҳмондаам на бо сухан.

- Кадом хислати ҳамсаратон ба Шумо бештар писанд аст?

- Ба гуфти устод Аловуддин Абдуллоев ҳамин ки қавоқи шавҳаратро дидӣ, бояд ана ҳамин алафро хӯрӣ (механдад). Босаводию ботамкинияш, чун омӯзгор аст.

- Ишқи аввалатонро дар ёд доред?

- Ҳар гаҳ ки бимирию нанолӣ ишқ аст... Умедворам, ки занам ин шумораи ҳафтаномаи шуморо намехонад (боз механдад). Бале, дар ёдам аст.

- Чаро оилаҳои ҷавон зиёд ҷудо мешаванд?

- Ростӣ, ин савол маро ҳамеша ғамгин мекунад. Унсурҳояш зиёданд.

- Чӣ бояд кард, то оила солиму хушбахт бошад?

- Чизе, ки барои пойдор мондани оила аз даст меояду қудрат ҳаст, бояд иҷро кард.

- Ташаккур барои суҳбати ҷолиб!

- Ба шумо низ барои лутфатон ташаккур. Умри дароз ба худатон ва шуҳрати ҷаҳонӣ ба нашрияатон мехоҳам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД