Arzon march 2024
Русия ҳунарманди тоҷикро бо мукофот қадрдонӣ кард
2210

Федератсияи Россия ҳунарманди боистеъдоди тоҷик Парвиз Пӯлодиро барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар бо мукофоти олӣ- медали “За заслуги в области культуры и искуство” сарфароз гардонд. Дар ин бора худи ҳунарманд дар Фейсбук хабар дод.

Парвиз Пӯлодӣ аз зумраи он ҳунармандони ангуштшумори тоҷик мебошад, ки на дар як, балки дар чанд бахши санъат ва фарҳанг ҳунару маҳорати асил нишон додааст. Парвиз оҳангсози моҳир, овозхони хушсалиқа, актёри бомаҳорат, коргардони хуб буда, ҳамзамон истеъдоди баланди қаламкашию рӯзоманигорӣ дорад.

Вақтҳои охир ин ҳунарманди боистеъдод тариқи шабакаҳои радиову телевизионҳои маҳаллӣ хеле кам баромад мекунад, вале ин маънои хомӯшии эҷодӣ ё ғуруби ҳунарии ӯро надорад.

Солҳои охир Парвиз Пӯлодӣ баръакс хеле сермаҳсул гаштааст ва бештар бо киностудияҳои Русия ва дигар давлатҳои ҳамсоя ҳамкорӣ карда, дастовардҳои хеле назаррас ба даст меорад.

Медали “Барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва санъат”-и Федератсияи Россия, ки насиби ин ҳунарманди тоҷик гашт, аз зумраи чунин ҷоизаҳост.

 

 

Як сабаби дар филмҳои Русия нақш офаридани Парвиз Пӯлодӣ ин нишон додани паҳлӯҳои мусбати ҳаёти тоҷикон аст, ӯ мехоҳад ба тамошобин бирасонад, ки тоҷикон бузургу асилзода ҳастанд ва таъриху тамаддуни куҳан доранд.

“Дар ҳамаи нақшҳоям мехоҳам соҳиби фарҳангу таманддун будани тоҷиконро нишон диҳам. Чунки намехоҳам моро ҳамчун “Равшан ва Ҷамшуд”, балки чун асилзода, ашрофзода ва фарҳангӣ шиносанд", - гуфтааст ӯ.

 

Парвиз Пӯлодӣ 12 декабри соли 1970 дар деҳаи Қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз замони наврасӣ ба санъати мусиқӣ ва овозхонӣ таваҷҷӯҳи беандоза дошт ва ҳатто дар ин ҷода устодони санъат – Аҳмад Зоҳир ва Кароматулло Қурбон барои худ идеал меҳисобид.

Аз ҳунармандони филмҳои машҳури ҳиндӣ, ки он солҳо тамошобини зиёд доштанд, нақшофарии Амитабх Баччан барояш намунаи ибрат буд. Дар айёми наврасӣ, рӯзе Парвизи кӯчакро садое ба самти худ мекашид, ки мегуфт: “Ай Худо модари ман боз ба ман деҳ”. Ӯ дунболи ин садо рафт ва худро дар майхонаи тарабхонаи Қалъаи Ҳисор дарёфт.

Замоне ба худ омад, ки майфурӯш ӯро берун карда мегуфт, ки эй кӯдак баро, ин ҷо ҷойи ту нест. Аз ҳамон замон садои Аҳмад Зоҳир дар дили қаҳрамони мо нишаст. Баъди муддате, соли 1983 дар ҳамон тарабхона дидори Парвиз Пӯлодӣ бо Кароматуллоҳ Курбон сурат гирифт. Дидоре, ки тақдири ин навраси шӯху беқарорро тағйир дод.

 

Соли 2010 бо даъвати ҳунарпешаи шинохта Муҳамадалӣ Маҳмадов ба “Қазоқфилм” роҳ ёфт. Дар аввал ӯ дар дубяжи филмҳо ба нақшҳое, ки бояд бо забони дарӣ ҳарф мезаданд, овоз медод. Сипас дар яке аз филмҳои онҳо нақши хурд офарид. Соли 2017 дар филмҳои “Амалиёти муҳаббат” – киностудияи “Star media” ва “Бародарӣ”-и “Мосфилм” нақш офарид.

“Бо дастгириҳои бешумори Муҳаммадалӣ Маҳмадов якбора ба синамои хориҷа роҳ пайдо кардан бароям дастоварди бузург буд. То ин вақт хаёли нақшофарӣ дар филмҳоро ҳам надоштам. Боиси ифтихор аст, ки бо ин ҳунарманди машҳури сатҳи байналмиллалӣ дар чандин филмҳо якҷоя нақш бозӣ кардам”, – нақл кардааст ӯ.

Парвиз Пӯлодӣ нафарест, ки тамоми ҳастияшро ба санъат бахшида, ҳам дар оҳангсозӣ, ҳам сарояндагӣ ва ҳам актёрӣ муваффақ шудааст. Ӯ пас аз хатми донишкада ба Ватан баргашта, муддате дар театр ва сипас дар телевизион ба ҳайси коргардони барномаҳо фаъолият намудааст. Парвизро мухлисонаш ҳамчун оҳангсоз, сароянда ва ҳунарманд мешиносанд.

Нақшҳои ӯ натанҳо дар филмҳои хориҷӣ, балки дар “Тоҷикфилм” низ муассир ва назаррасанд. Охирин нақши офаридаи ӯ дар синамои тоҷик дар филми “Охирин сайди сайёд” – и коргардони муваффақ Муҳаммадрабии Исмоил буд. Парвиз дар он яке аз нақшҳои асосиро иҷро кард. Ӯ боз ба ду филми нави ватанӣ даъват шудааст, ки банаворгирии онҳо ба наздикӣ оғоз хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Фазлиддин 2023-08-07, 23:11
Акои Парвиз Пӯлоди дар ҳақиқатанҳам инсони комил ва хоксор мебошад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Фазлиддин 2023-08-07, 23:11
Акои Парвиз Пӯлоди дар ҳақиқатанҳам инсони комил ва хоксор мебошад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД