sebiston july new
САБРИНАИ 18-СОЛА МАЪШУҚАИ МАРДИ ЗАНДОР БУД? (ҚИСМИ 2)
5906

ИДОМААШ...

Баъд аз чанд рӯзи марги Насим ҳамсараш бо тамоми оила қаҳрӣ кард, ки Насим ба ӯ хиёнат мекардаасту марги духтараки ҳамроҳашбуда исботи ин гуфтаҳо аст.

Лекин қаҳру исёни келинчак дигар маъное надошт, чунки бо ин амал дигар Насимро баргардонида ва асрори марги ӯро фаҳмидан имконнопазир буд.

                           Қурбони нафси модар

Сабринаи 18-сола бошад, қурбонии нафси модари худ шуда буд. Модари Сабрина бо се фарзанд хонаи худро дошту бо вуҷуди он ки падараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, зиндагии хубе ба сар мебурданд. Падар аз Русия ба ҳамсараш барои харҷи фарзандон пул равон мекард ва соле як маротиба меомаду аз аҳволашон хабар гирифта, боз ба муҳоҷират мерафт. Мутаассифона, баъди чанде хабардор шуд, ки ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад ва дарҳол ҷавоби занашро дода, аз хонаи харидааш либосҳои худро гирифта, баромада ба хонаи модари худ рафт. Фарзандон бо модарашон монданд. Падар то метавонист ба онҳо кумак мекард, лекин ба ҳамсараш дигар кордор намешуд. Модари Сабрина бо марде хонадор шуд, ки танҳо барои айшу ишрат ба наздаш меомаду ҳатто нонеро ба дасташ гирифта, аз дар намедаромад. Ин зани қурбонии нафс аз мағозаҳо харид карда, дастурхон оро медоду кӯдаконашро аз дар берун мекард, то хумори дилашро шиканад. Шабу рӯз барои ин ғуломи нафсгаштагон фарқе надошт ва ҳатто намепурсид, ки кӯдакон дар куҷоянду чӣ кор мекунанд. Модар намедонист, ки духтаронаш ба чӣ кор машғуланд ва вақте Сабрина ё хоҳараш ба ӯ занг мезаданд, ки “очаҷон, дарс тамом шуд, берун сард аст, мо ба хона биёем?” Модар дар ҷавоб мегуфт “то рафтани падарандаратон сабр кунед, ҳамин, ки ба хонааш рафт, худам ба шумо занг мезанам”. Модар ҳеҷ намеандешид, ки рӯзи дароз кӯдаконаш гуруснаю ташна дар кӯчаҳои сард чӣ кор мекунанд. Писараки 11-солааш дар бозори “Корвон” пакет мефурӯхт, ӯро ҳамсинфонаш пакетфурӯш гуфта, масхара мекарданд ва аксаран дар кунҷаке нишаста, мегирист. Хоҳари 16-солаи Сабрина дар як тарабхона баъд аз дарс то соати 11-и шаб табақу коса мешуст ва суханони пасту баланди бисёр мешунид.

                       Марги писари ягона

Кӯдакон фикр мекарданд, ки рӯзе тамоми азобҳояшон мегузарад, лекин мушкилиҳо ҳанӯз ба охир нарасида буданд, ки додари Сабрина ба бемории саратони шуш гирифтор шуд. Писараки бечора рӯзи дароз дар ҳавои сард гашта, оқибат бемор шуда буд. Марги писари ягона ҳам ба модар таъсир накард, ин зани беномус нисбати духтаронаш раҳме надошт. Барои модар муҳим буд, ки онҳо бегоҳ бо пул аз дар дароянд ва кадоме, ки пули зиёдтар меовард, ҳамон шаб аз ҷангу ҷанҷоли модар ором мехобид. Модар танҳо пулро мепурсиду аз куҷо оварданашро не. Рӯзе хоҳари Сабрина аз тарабхона соати 11-и шаб баромаду хост ба хона равад, ки дар роҳ ӯро мошин зад. Баъд аз ин воқеа падари Сабринаро дигар тоқат намонду хост ӯро бо худ гирад, лекин духтараш дигар мутеи касе шудан намехост. Зеро аллакай ба пули мардони айшпараст одат карда буду ба хотири ҳусну ҷамолаш харидорони зиёд дошт. Ҳамон шаб Насим аз назди дӯстонаш баромада, бояд ба хона мерафт. Сабрина бошад, аз хонаи дугонааш баромада, ба модараш занг зад, ки ба хона рафтан мехоҳад, лекин модараш гуфт: “Сабр кун, падарандарат ба хонааш равад, худам ба ту занг мезанам”. Сабрина дар роҳ мунтазири занги модар буд, ки Насим бо мошинаш омада, дар наздаш истод ва таклифи нишастан кард. Вақте суроғаи Сабринаро фаҳмид, “аз назди хонаи шумо мегузарам, туро ҳам мебарам” гуфта, ӯро бо худ гирифт ва дар роҳ бо сабаби бо суръати баланд рондани мошин ба садама дучор шуд. Ҳамин буд асрори марги Сабринаву Насими ҷавонмаргшуда.

                                                                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД