sebiston july new
Сабзагул Қурбонова: Шаш духтарам болу пари мананд!
23.03.2022
ОИЛА
1514

Шоми 25-уми феврали соли равон дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 50-солагии фаъолияти эҷодӣ ва 70-солагии мавлудиҲунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзагул Қурбонова таҷлил гардид.

Дар ин маҳфил аҳли санъат ва алоқамандони ҳунари ин актрисаи воқеан маҳбуби тоҷик ширкат варзиданд. Дар табрикот ва суханрониҳо нисбати соҳибҷашн пайваста чунин сифат садо медод: “Фидоии театр, фидоии санъат, фидоии саҳна”. Воқеан, ин тавсифҳо нисбати Сабзагул Қурбонова беасос нестанд...

Ошиқи касби хеш

Ба тамошои «Моҷаро дар Киоҷа” рафтаму дар қатори аввал нишастам. Ин мазҳака, ки ба қалами драматурги венетсиягӣ Карло Голдони таалуқ дорад ва рӯзгори содаву беғаши сокинони одии шаҳраки наздибандарии Киоҷаро инъикос мекунад, яке аз беҳтарин спектаклҳои Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар солҳои охир аст. Дар ин мазҳака, ки режиссёр Шавкат Халилов онро ба саҳна гузоштааст,яке аз нақшҳои асосиро ҳунарпеша Сабзагул Қурбонова иҷро мекунад.
Дар нахустин лаҳзаҳои спектакл вақте Сабзагул Қурбонова барои ҷанҷол бо зани ҳамсоя оташин шуда, аз дарвоза берун мебарояд, мехи декоратсия пояшро харошид. Ман ки дар қатори аввал як-ду метр дуртар аз актриса, нишаста будам, ин саҳнаро дидам. Аз банди пойи ҳунарпеша хун ҷорӣ шуд. Бовар мекунед, ӯ қариб як соат дар саҳна буд ва аз пояш хун мерафт. Ин ҳолат монеъ нашуд, ки ҳунарпеша нақшашро хуб бозӣ кунад...

Ин саҳнаро дидаму яке аз суҳбатҳоям бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Раҷабгул Қосимова ба ёдам омад, ки гуфта буд:
“Касе дар дунё мисли Сабзагул театрро дӯст намедорад, касе чун ӯ ошиқи ҳунар, ошиқи саҳна ва ошиқи касби худ нест. Ӯ аз шумори камтарин актрисаҳоест, ки ҳама нақшҳояшро бо муҳаббат, бо дӯстдорӣ ва бо садоқат иҷро мекунад.”

Воқеан, Сабзагул Қурбоноваро ҳамин муҳаббат маҳбуби ҳамагон кардааст. Зеро вақте ӯ ба саҳна мебарояд, аҳли толор қарсаки пурмавҷ мезананд ва дар чеҳраашон табассум мешукуфад, зеро ин симо барои ҳар яки онҳо азиз ва ошност.

Роҳи ҳунар

Сабзагул Қурбонова дар рӯзи ҷашнаш нақше иҷро накард. Дар гӯшаи саҳна нишаста, табрики дӯстону ҳамкоронашро пазироӣ намуд. “Э агар пояш осеб намедид, Сабза саҳнаро имрӯз метарконид”-байни ҳам суҳбат мекарданд, ду актриса дар толор. Лат хӯрдани пой ҳам сабаб нашуд, ки ӯ вохӯрӣ бо мухлисонашро ба вақти дигар гузорад, зеро роҳи ӯ барои расидан ба ин қулла ҳамвор набуд...

Ӯ дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст. Волидайнаш Рустам Қурбонов ва Ҳанифа Мирзохоҷаева 10 ҷигарбандро ба воя мерасониданд. Миёни хоҳарону бародарон Сабзагул духтараки чолоку чаққон, часпону дидадаробуд.
Ҳангоми таҳсил дар мактаб Сабзагулшомили дастаи ҳаваскорони мактаб шуду ба олами ҳунар пайваст.
Худаш ба ёд меорад:

“Рӯзҳои якшанбе “Театр дар меҳмонии шумо” ном барнома тариқи радио пахш мешуд. Радиоро гӯш карда, садои форами Марям Исоева дар қалбам нишаст. Орзу мекардам, ки чун ӯ шавам. Дар қалбам меҳри санъат аз ҳамон рӯзҳо пайдо шуд.”
Ҳарчанд дар аввал қиблагоҳаш мехост ҷигаргӯшааштабиб шавад, вале... ба хоҳиши ӯ монеъ нашуд.

Соли 1969 Сабзагул мактаби миёнаи №5-уми Кӯлобро хатм карду роҳи пойтахтро пеш гирифт ва ба шӯъбаи актёрии факулати санъати Институти педагогии Душанбе, феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки баъдан дар заминаи он факултаи санъатиДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфт, ҳуҷҷат супорид...

Мактаби актёрӣ


...Баъд аз оне, ки донишҷӯ шуд, ба орзуяш расид. Бо Марям Исоева рӯ ба рӯ шуд.
Ба ёд меорад:
“Дар рӯзҳои аввали донишҷӯйӣ декани факултет бо ду нафар дохили синф шуданд ва ба мо хитоб карданд. “Инҳо устодони шумо ҳастанд. Ҳар ду ҳунарманди машҳури Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ. Маҳмудҷон Воҳидов ва Марям Исоева. Ман аз шодӣ дар курта намеғунҷидам. Орзу доштам, ки Марям Исоеваро бинам. Бахтамро бинед, ки аз мактаби эшон гузаштам.”
Марям Исоева, ҳунарманди бузурги тоҷик бошад, он рӯзҳоро чунин ба ёд меорад:
“Сабзагул яке аз шогирдони ҳалиму меҳрубон ва хоксори ман аст, ки аз рӯзҳои нахустин истеъдодашро барои худам кашф кардам. Гарчанде тақдир ӯро ба театри ҷавонон бурд, вале дар чандин филмҳо ҳамкорӣ кардем. Дар спектакли телевизионии “Армони модар”, ки Соҷида Ғуломова онро ба навор гирифт, ман нақши модарро иҷро мекунаму ӯ ҳамшираро. Сабзагул дар саҳна нақш намебозад, балки ҳамаи қаҳрамонҳояш ҷузъи худаш ҳастанд, самимӣ ва заминӣ...”
Ҳамин тавр, ӯ аз мактаби устодони номваре чун Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева, Оятбегим Сабзаалиева, Маҳрам Файзов, Аскар Абдураҳмонов, Тамара Абдушукурова ва дигарон гузашта, баъди хатми донишкада ба театри навтаъсиси ҷавонон ба кор оғоз кард ва то имрӯз дар ин даргоҳ фаъолият дорад.

Ҳосили умр
Сабзагул Қурбонова актрисаи характернок аст. Амплуаи бой дорад. Фактураи ӯ бештар барои иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ хос аст. Занони содаву самимӣ ва одиву беғаши тоҷикро моҳирона иҷро мекунад. Тамошобин дар симои қаҳрамони ӯ модараш, хоҳараш, ҳамсояаш ва ё шахси наздикашро мебинад, бинобар ин, ӯро зуд дӯст медорад.
Режиссёрҳо ҳам аз патенсиали ин ҳунарманд истифода карда, тавфиқ ёфтанд.
Ӯ тайи ин солҳо дар саҳнаи Театри ҷавонон зиёда аз ҳафтод нақши хурду калон, мусбату манфӣ бозида, тиннати хубию бадиро накӯ инъикос кардааст. «Ситораи раҳнамо», «Қиссаҳои метронаж», «Ба пеш, холаҳо», «Модар меояд», «Таронаи ишқ», «Ситорадуздон», «Қатрае аз баҳр», «Ҷонфидо», «Султон- султон аст», «Таронаи муҳаббат», «Пеш аз борон», «Донаки сеҳрнок», “Туҳфа аз муҳоҷират”, “Моҷаро дар Киоҷа” намунае аз спектаклҳоеанд, ки бо ҳузури Сабзагул Қурбонова рангин гардидаанд.
Ба Сабзагул Қурбонова бештар телевизион ва кино маъруфият овардааст. Нақшҳои ӯро дар намоишномаҳои телевизионии «Ҳарос», «Армони модар», «Бегоҳи шанбе», “Армони модар”, «Ҳаёт ва ишқ», филмҳои «Қиёми рӯз», «Баррачаи хаёлӣ», «Шамсиддин Шоҳин», «Мутақарнай», филмҳои бисёрқисмаи «Саргардонӣ», «Дар орзуи падар», «Беназир», «Арӯси замонавӣ», барномаҳои рангину ахлоқии «Беғараз панд», «Хоби ширин, хурдтаракон» ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки бо ҳунари волои Сабзагул Қурбонова манзури мардум шудаанд.
“Ман то ҷон дар рамақ дорам, барои халқам хизмат мекунам. Шояд дигар нақшҳои калонро иҷро карда натавонам, аммо нақшҳои модарон ва бибиҳоро ҳанӯз ба хубӣ иҷро карда метавонам ва агар режиссёрҳо даъват кунанд, ба ҷону дил қабул мекунам”-мегӯяд, актриса.

6 духтар - болу пар

Рӯзгор на ҳамеша ба Сабзагул Қурбонова меҳрубон будааст. Гарчанде дар саҳнаи театр ва дар экрани кинову телевизион нақшҳои мусбат ва мазҳакавиро бештар иҷро намуда, ба мардум хушҳолӣ орад ҳам, зиндагиаш на ҳамеша ширин гузаштааст...

...Дар ҷавонӣ Додихудо Бурхвалишоев ном ҷавон ошиқи Сабзагул мешавад. Баъди спектаклҳо ӯро пешвоз гирифта, то хона гусел мекард ва меҳрубонӣ менамуд. Сабзагул ҳам муҳаббати ӯро беҷавоб намонду онҳо оила барпо карданд. 26 сол рӯзгори хушу хуррам доштанд. Аз ин пайванд 6 духтар ба дунё омад. Аммо ин хушбахтӣ дер давом накард. Додихудо – шавҳари Сабзагул дар солҳои душвори ҷанги бародаркуш Сабзагул ва 6 фарзандашро барои ҳамеша тарк гуфт.

Барои як зан тарбия кардани 6 духтар осон набуд, вале ӯ мардонавор ҷигарбандонашро хору зор накарда, ба воя расонид, маълумоти олӣ дод ва ба ҳаёти мустақилона гусел кард.
Дар рӯзи мавлуди модар ин духтарон, ки аллакай занони порсо ҳастанд, ба саҳна баромада, модарашонро як-як табрик гуфтанд. Он лаҳза Сабзагул Қурбонова ашк мерехт. Ин ашк аз як тараф ашки шодӣ бошад, аз ҷониби дигар, рӯ задани хотираҳост ва ёдест аздушвориҳои рӯзгори гузашта.

“Чаро ин гулдухтарони зебову саҳназебро талқин накардед, ки роҳи санъатро интихоб кунанд?” – суол мекунам аз ӯ.
“-Ҷигарбандам Таҳмина хост ҳунарманд шавад. Дар наврасӣ ӯро ба театри “Гули умед”-и Марям Исоева бурдам. Дар силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар» нақши зани дуюми Нозимӣ, яъне Шаҳнозаро духтари ман Таҳмина Бурхвалишоева офаридааст. Вале дар солҳои душвор, ки рӯзгори мо нобасомон буд, ҳунар касро таъмин намекард, бинобар ин, ӯ роҳи дигарро интихоб кард”, - мегӯяд, Сабзагул Қурбонова.

Дар рӯзи мавлуд Сабзагул Қурбоноваро на танҳо духтаронаш, балки набераҳояш аз саҳна, хеле самимӣ табрик гуфтанд. Аз толор садо меомад: “Ана ин хушбахтӣ!”, “Ана ин сарбаландӣ!” “Ана ин саодати зиндагӣ!”

ОДИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД