orienbank akciya
Садамаи мудҳиш дар Шаҳристон
10.07.2024
Мирсаид
518


Дар роҳи Шаҳристон боз як садамаи мудҳиши автомобилӣ рӯй дода, қурбонии зиёдеро ба бор овард.

Бар асари ин ҳодисаи нохуш 5 узви як оила, ки бо мошини писарашон аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд сафар карда буданд, ҷони худро аз даст доданд.
Фоҷиа ду рӯз қабл дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд рӯй дода, 5 нафар аъзоёни як хонавода бар асари аз роҳи кӯҳӣ ба кӯл сарозер шудани мошин ҷон додаанд.

Ҳодиса рӯзи 7-уми июл, тахминан соатҳои 15:51 дақиқа рӯй дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Худоёров Ҷамшид Қайнарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин аз роҳи мошингард берун шуда, ба масофаи 49 метр сарозер шуда, дар дохили сойи деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон афтидааст.

Бар асари ин ҳодисаи нохуш мусофирони автомашинаи мазкур Худоёров Баҳодур Раҳматбоевич, соли таваллудаш 1968, Худоёрова Шаҳодат Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 1970, Худоёрова Муспира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1974 ва Худоёрова Шоира Раҳматбоевна, соли таваллудаш 1975, сокинони ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилоъи ВКД, худи ронанда Худоёров Ҷ. Қ. ва 9 нафар мусофирони боқимондаи автомашинаи мазкур, ки аз инҳо 6 нафарашон ноболиғ мебошанд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаридаанд.

Аз миёни онҳо дар беморхона ноболиғ Худоёров Эҳрон Акмалович, соли таваллудаш 2014, баъд аз чанд соат ба ҳалокат расидааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД