orienbank akciya
Сағерабача
1741

Аксаран одамон бар ивази некӣ бадӣ мекунанд, вале дар ин миён инсонҳои дарёдиле низ ҳастанд, ки ҳатто бар ивази бадӣ некӣ мекунанд. Қаҳрамони қиссаи мо аз тоифаи чунин афроди фариштахисол аст.

 

Дар байни хешовандони падарам Қумринисо ном зани ҳалиму меҳрубоне буд, ки хурду калон сахт дӯсташ медоштанд. Момаи Қумринисо дар деҳаи Ҷузии ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекард ва бисёр зани ширинзабон буд.

Ҳар гоҳ, ки момаи Қумринисо ба хонаи мо меҳмонӣ оянд, манзиламон гӯё нуру сафо мегирифт ва ҳама аҳли оила дар атрофаш ҷамъ шуда, чашм аз даҳонаш намеканданд. Кампир чунон нақлҳои аҷоибу ғароибе мекард, ки кас аз шуниданаш ҳеҷ сер намешуд.

Қиссае, ки бароятон нақл карданиям, аз ана ҳамон нақлҳои пандомӯзи момаи Қумринисо аст.

Сағераи бетолеъ

Дар ҳамсояқишлоқи мо Сафар ном ҷавони зебое зиндагӣ мекард, ки ҳанӯз дар синни яксолагӣ аз меҳру навозиши падар маҳрум монда, дар тарбияи модари меҳнатқаринаш ба воя расида буд,-нигоҳашро ба дуродур дӯхта, қисса мекард момаи Қумринисо.

Беҳуда нагуфтаанд, ки “даҳони ятим ба нон расад, биниаш хун мешавад”. Ин сағераи берӯзӣ ҳам рӯзу рӯшноӣ надид ва дар 20-солагӣ модарашро ҳам аз даст дода, тамоман бекасу кӯй монд.

Азбаски ягон хешу табори наздик надошт, баъди гӯру чӯб кардани мадари ғамкуштааш Сафари бетақдир дари ҳавличаи хурдакаки меросиро қулф зада, аз деҳа баромада рафт ва бо ҳамин чанд сол беному нишон гашт

Гоҳ-гоҳ баъзе ҳамдеҳагонамон хабар меоварданд, ки Сафар дар шаҳр кор мекунад ва Азиза ном ятимдухтареро ёфта, хонадор шудааст.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ҲАҚИҚАТИ МАРГИ АРӮСУ ДОМОД ДАР САДАМАИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Ниҳоят як рӯзи офтобии баҳорӣ Сафар ҳамроҳи занаш, ки дар ҳақиқат ба мисли маҳтоб зебо буд, бору бандашонро гирифта ба деҳа баргаштанд.

Ғам болои ғам

Беҳуда “дасти одамизод гул аст” нагуфтаанд, ин зану шавҳари гулдаст дар як муддати кӯтоҳ кулбачаи лойини аз раҳматӣ модари Сафар ба мерос мондаро бо дастони худ рангу бор кардаву дар гирду атрофи  ҳавлӣ ниҳолакони себу гелосу олучаву зардолуву шафтолу шинонда, ин макони харобро ба гулистон табдил доданд.

Зани Сафар духтари шаҳрӣ бошад ҳам, бисёр ҷавонзани меҳнатдӯст буд ва рӯзи дароз дар замини назди ҳавлигиашон обчакорию деҳқонӣ мекард.

Ин ҷавонзани бофаросату покизакор дар муддати кӯтоҳ ҳавлии фарсударо ба боғчаи сарсабзи зебою дилкаше табдил дод, ки як гӯшаи боғи биҳиштро ба ёди кас меовард, аммо...

Ба бахти бади Сафар ҳамсараш Азиза ҳангоми ба дунё овардани тифлаки нахустинашон сари фарзанд рафта, марди бечора боз яккаву танҳо монд....

Амонат

Пас аз марги ҳамсари меҳрубону вафодораш дунё дар назари Сафар тираву тор гашт. Ба қавле “ду дасташ аз осмону ду пояш аз замин канда шуда буд” ва намедонист сари сахташро ба кадом дар занад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, писараки бетақдири ҳанӯз рӯйи модар надида аз меҳри модар маҳрум гаштааш шаб то саҳар пистони модар ҷуста, чирросзанон гиря мекард ва як алами Сафарро сад алам мегардонд... 

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД