formula
Сафармуҳаммади Рустам овозхониро бо дипломатия иваз мекунад?
750


Сафармуҳаммади Рустам ҳамчун овозхон торафт машҳуртар шуда истодааст. Бартарии ин ҷавони ҳунарманд дар он аст, ки бо як услуби ба худ хоси ғайриоддӣ мусиқӣ ва клипҳо эҷод менамояд.

Сафармуҳаммад 13- июли соли 1996 дар ноҳияи Ховалинг дар оилаи санъаткор ба дунё омада аз синни хурдсолӣ ба суруду мусиқӣ шавқу завқи зиёде дошт. Падараш Баҳром Қодиров дурторнавоз ва оҳангоз, модараш Адибаи Рустам рассом, ҳоҳараш Меҳрнигори Рустам бошад, овозхони шинохта буда, номаш дар радифи ситораҳои эстрадаи тоҷик қарор дорад.

Ин овозхони ҷавон фаъолияти ҳунариашро соли 2017 оғоз намуда, дар озмуни байналмилалии «Silk Way Star» («Ситораи Роҳи Абрешим»), ки дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон баргузор шуд, Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Дар озмуни мазкур овозхонҳо аз 9 кишвари тӯли «РоҳиАбрешим»- Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Тотористон, Бошқирдистон,Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия иштирок доштанд. Озмун аз 12 давр иборат буд ва барои Сафармуҳаммади Рустам барин эҷодкори навроҳ як санҷиши ҷиддӣ шуд.

Имрӯз Сафармуҳаммади Рустамро мухлисони савту наво бештар бо таронаҳои “Шаби боронӣ”,” Куҷоӣ”,” Ватан”,” Шабҳо”, “Маъное нарадад – зиндагӣ бе ту”, “Дараи Камаров” ,“Макарена” ва” Ҷонам” мешиносанд, аммо дар ҷодаи санъат ба комёбиҳои хуб ноил гашта бошад ҳам, ӯ риштаи дигарро интихоб намуда, баъди хатми мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Душанбе ба факултаи дипломатияи Донишгоҳи Пекин дохил шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки Сафармуҳаммад дар оянда овозхониро бо дипломатия иваз мекунад ё ба санъат вафодор мемонад, вале дар ҳар сурат мо ба ин ҷавони ҷӯянда муваффақиятҳои нав ба навро орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД