formula
Саидҷон Идиев: Девона набошӣ, ҳаҷвнигор намешавӣ (ВИДЕО)
3690

 

Ӯ ҳар нафари ҷиддиро ба ханда меорад. Дилҳоро шодиву фараҳ мебахшад. Доруву дармони садҳо мухлисонаш гаштааст. Агар гумон кунед, ки ӯ Мистер Бин аст, хато мекунед. Пас, кист ӯ?

Ҳунарманди маҳбубу машҳур, ҳаҷвнигор, роҳбари театр-студияи "Шакарханд" Саидҷон Идиев аст, ки ҳамарӯза садояш дар ниқоби Шавкат аз филми Домулло Зиё ё ба қавле "Картакалос" ба гӯши тамошобин мерасаду саҳнаҳои ҳаҷвияш пиру барноро ба худ ҷалб гардонидааст. Суҳбати хабарнигори Оила-ро бо ин марди ҳунар пешкаши шумо мегардонем.

-Ба идораи “Оила” хуш омадед!
-Саломат бошед, барои хонандагони”Оила” ва дӯсторони ҳаҷву мазҳака низ рӯзи “Ханда”-ро шодбош мегӯям.

-Барои ҳаҷвнигор шудан ман бояд чӣ корро анҷом диҳам, то мардум мисли Мистер Бин маро дидан замон ба ханда оянд?

-
Барои ҳаҷвнигор шудан аввало девона шудан лозим аст. Мисол, дар кӯча ду кас задухӯрд ва дастбагиребонанд, байнашон даромада, ду-се мушт ба сарат зарба мехӯрӣ, баъде, ки дидӣ майнаи сарат гаранг шуд, ҳаҷвнигор мешавӣ. Ҳаҷв, агар бо девонагӣ оғоз нагардад, ҳаҷв нест.

alt

-Чунин ҳолат дар ҳаёти Саидҷон рух дода буд?

-Чаро не! Ба фикри худи шумо ман одами ҳушёрам? (Саидҷон ин суолро ба Рустам медиҳад)

-Бале, ҳушёр менамоед!
-Ин назари шахсии шумост, аз диди ман ин гуна нест. Ҳеҷ вақт одами ҳушёр дар рӯзи якуми апрел омада меҳмони “Оила” намегардад, чунки маҳз дар ҳамин рӯз чӣ рӯзноманигор бошад, чӣ шахси дигар мехоҳад бо як дурӯғ одамро саргардон намояд.

-Барои мардумро хандондан на ҳар кас қобилият дорад. Шумо ин қадар мавзӯъ ва суханони аҷибу хандаоварро аз куҷо меёбед?
-Ростӣ, барои ҳаҷвнигор будан инсон бояд ҷиддӣ бошад, чунки ҳаҷв аз ҳама жанри мушкил аст. Барои ин Рустамҷон, бояд чунон ба худ ҷиддӣ буданро таҷриба кунед, ки бо як гапи одӣ аз тамошобин пеш хандаи худатон наояд. Ҳаҷвнигор ҳар чизе, ки ба тамошобин пешкаш мекунад, аввал онро бояд ба худаш шарҳ диҳад. Вақте ки худат онро ҳазм мекунӣ, ками дигар шакар илова намоӣ, ҳаҷви олиҷанобе ҳосил шуда, ба тамошобинон низ писанд меояд ва табассум дар лабони мардум пайдо мешавад. Одатан ҳаҷвнигорон ин жанро ба мазҳака, мазҳакаро ба клаунада ва клаунадаро ба сирк омехта мекунанд, ҳол он ки ҳама чӣ ҷои худро дорад. Ин нозукиҳоро бояд донист.

-Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон 1- апрелро ҳамчун рӯзи ханда ҷашн мегиранд. Шудааст, ки дар рӯзи ханда касе шуморо фиреб карда бошад?

-Як бародари қадрдон занг зада гуфт, ки таъҷилан ба хонааш биёям, чунки мӯйсафеди падараш дар як кори ҷиддӣ бо ман маслиҳат кардан мехоҳад. Бовар карда, ба таксӣ нишастам ва 400 км роҳро тай намуда, ба Шаҳритуз рафтам. Танҳо вақти аз дарвозааш даромадан ба ёдам расид, ки имрӯз 1-уми апрел аст, мабодо маро фиреб накарда бошад. Ночор вориди ҳавлияш гаштам. Падараш дар хона набуд, худи дӯстам дар сари дастурхон ба қавле ёмбош карда нишастааст. Фарёд задам, ки эй бародар, тинҷӣ буд, ки ин қадар маро талхакаф кардӣ. Ҷӯраам бо лабханд гуфт, ки чӣ дод мезанӣ, янгат дар хона нест, падарам ба истироҳатгоҳ рафтааст, заҳри танҳоиро шиканем гуфта, шуморо ба сари як пиёла чой ва шакароби бобогӣ даъват кардам. Худро бисёр ноҳинҷор ҳис карда бошам ҳам, оби рехтаро бардошта намешавад гуфта, ҳамроҳ хӯрокро истеъмол кардем.

-Филми “Картакалос” ё ба қавле “Домулло Зиё” имрӯзҳо дар тамоми бозорҳои кишвар ғулғула афкандааст. Баъди ба пӯсти Шавкат даромадан Саидҷон дар худ чиро кашф кард?

-Вақте ҳамин силсилафилмро роҳбари студия пешкаши ҳамаи актёрон карданд, то барои дубляж қаҳрамонҳоро тақсим кунанд, дар охир як қаҳрамон ба қавле “бе соҳиб” монд. Ба рӯи Асадулло нигоҳ карда пурсидам, ки ба ин нақш кӣ овоз медиҳад. Хандида гуфтанд, ки ба ин беақл худат овоз медиҳӣ. Номи қаҳрамони ман Яшар буд ва дар филми “Ҳикмати зиндагӣ” онро ман овоз дода, байни мардум маъруфият пайдо намудам. Қаҳрамон бисёр лағжанда буд, гоҳ одами хуб мешуду гоҳе одами разил. Бо сари баланд ба ин нақш овоз дода, аз роҳбарият таҳсин шунидам. Шавкат низ мисли Яшар дар назари ҳама ҷавони бадахлоқ менамояд, вале рафта-рафта инсони хуб мешавад, аммо нафаҳмида мемонад, ки бо ин рафтораш рӯзе пояш аз осмон канда мегардад. (Механдад)

-Дар зиндагии ҳақиқии Саидҷон нақши Шавкат таъсири мусбат гузошт ё манфӣ?
аъсири мусбат. Мардум пештар номамро намедонистанд, имрӯзҳо бошад филми “Картакалос”-ро ба ёд оварда, “акаи Шавкат созӣ” мегӯянд. Ин аз он далолат медиҳад, ки қаҳрамони ман писанди тамошобин гаштааст, ки бандаро дар роҳ бинанд, дашном неву таъриф мекунанд.


-Бо як ҳаҷви кутоҳ ё латифа маро хандонда метавонед?
-
Оилаи ҷавон рӯзи 1 -сентябр писарчаашонро ба мактаб ба синфи як равон мекунанд. Либоси мактабии нав, дар дасташ гул… баъди мактаб ўро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд. Писарча бо қошу қавоқи гирифта аз дар даромада, сумкаашро ба болои диван мепартояд ва норозиёна ба падару модараш нигариста мегӯяд, чаро пештар нагуфтед, ки ин кашмокашак ёздаҳ сол давом мекунад.

-Латифаи охирине, ки нақл карда будед?
-
Фасли баҳор фасли занҳост ва дар ин рӯзҳо занҳои тоҷикро қариб шинохта намешавад. Хонумҳо чунон ба худашон аҳмият медиҳанд, ки одами дидагӣ ошиқ мешавад. Дар фасли баҳор табиат ҳам зинда мешавад ва ин ҳама аз чашми кирми лойхӯрак пинҳон намемонад. Кирми лойхӯрак дар наздикии худ кирми дигарро дида мегӯяд: “Ҷони ман, асали ман, ҷигари ман ин қадар хушрӯӣ, чӣ мешавад, ки ҳардуямон якҷоя сайругашт намоем...” Аз пасаш садо меояд, ки эй беақл баҳор туро маст кардааст, кӯрӣ намебинӣ, ки ман думи туям!

-Таманниёти Саидҷон дар Рӯзи ханда ба кулли мухлисонаш!
-
Бигзор мардуми шарифи тоҷик аз сулҳу суботи кишвар ҳаловат бурда, аз ҳаҷву хандаи мо ҳунармандон мудом лабонашон пур аз табассум бошад.

Саломат бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД