Arzon march 2024
Самтҳои гуногуни рушд баррасӣ гардиданд
246

 

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо дабири кулли Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) хонум Ребека Гринспан мулоқот анҷом додааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, ба ҳамкориҳои муҳим бо СММ таъкид кард.

- Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд дар соҳаҳои соддагардонии расмиёти савдо, таҳлили низоми сармоягузорӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, таҳлили низоми инноватсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, стратегияи тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД