Arzon march 2024
Саратро кал мекунам, беваи шавҳардузд!
3849


Шавҳари ман муҳоҷир аст, соле танҳо як маротиба ба Ватан меояду як моҳ пас боз ба Русия меравад.

Солҳо дур аз оилаву фарзандон зиста бошад ҳам, мардакам ягон бор ба ман хиёнат накарда буд, вале Анзурати бахтдузд пайдо шуду зиндагии ширини моро талх гардонд. Пас аз ошноӣ бо ин зан шавҳарам якбора тағйир ёфт. Ин зани шӯгадо бо ҷодугарӣ ақлу ҳуши шавҳари маро дуздида бо ў никоҳ мекунад. Барои фош нагаштани сирраш шавҳарам беваашро ба Русия бурдааст. Як сол дар он ҷо хуб маишат карда, баъд ба Ватан бар мегарданд. Касофатии Анзурати тарпоча шавҳарамро зад. Ба садама гирифтор шуда, мардакам чанд моҳ рўйи бистари беморӣ хобид. Ана ҳамон шабу рӯзҳо ман пай бурдам, ки дар ҳаёти шавҳарам боз як зани дигар ҳам ҳаст, чунки Анзурат бо ҳар баҳона тез-тез ба ӯ занг мезад. Сари қаҳр аз шавҳарам талаб намудам, ки талоқи маро диҳад, бигзор ҳамон зани дуюмаш омада ӯро маслуқбонӣ карда шинад. «Бо касофатии Анзурат ман аз пойи равон мондам. Занакҷон, аз кори кардаам пушаймонам, илтимос, маро бубахш»,- гуфта мардакам аз ман узр пурсид ва талоқи Анзуратро дод. Беҳуда намегуфтаанд, ки дузди зӯр соҳиби молро мебандад, ҷодугари шавҳардузд шарм надошта, баъди талоқашро додан ҳам ҳар рӯз занг зада моро нороҳат мекард. Як рӯз телефонро духтарчаи 15- солаи маъюбам бардоштааст. Анзурати беандеша ба фарзанди бемори ман гапҳои пасту баланди зиёде зада, падарашро дашномҳои болохонадор додааст. Бечора духтарам «зиндагии моро ноором накунед, аз рўйи шумо падару модарам ҳар рўз ҷанг мекунанд» гӯяд, Анзурати худобехабар таҳдид кардааст, ки ин ҳоло аввали кор аст, минбаъд вай рӯзи ҳамаи аҳли оилаи моро сиёҳ мекунад. Ҳоли духтарам баъди занги ҳамон албастӣ тамоман бад шуду ӯро беморхона бурдем. Аз минбари «Оила» ба Анзурати шавҳаргадо гуфтаниям:
Анзурат, агар ту бандаи муъмину мусулмон бошӣ, худат бо ду гӯшат шинидӣ, ки шавҳари ман туро 3 талоқат дод, пас чаро моро ба ҳоли худамон намегузорӣ? Дар дилат дарду алами ногуфта дошта бошӣ, биё аз наздик гап мезанем. Барои чӣ кӯдаконро ба ин моҷаро ҳамроҳ мекунӣ? Шулук барин ба шавҳари ман часпида, чанд сол бераҳмона хунашро макидӣ, тамоми пули ёфтаашро кашида гирифтӣ, то ҳол сер нашудаӣ? Магар оғӯши шӯйи ман шакар дорад, ки ин қадар дар гирди ӯ пашша барин давр мезанӣ? Туро бори охир огоҳ мекунам, агар дасти ҳароматро аз падари бачаҳои ман накашӣ, туро дошта худам мӯйи саратро қоқоқоқ метарошам, шавҳардузди беҳаё, он гоҳ кали патос шуда дар кӯчаҳо шармандаю шармсор мегардӣ!
Мастона, аз деҳаи Гачаки н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД