toyota motors
Шаби хиёнат (ҚИСМИ 7)
370

Фахриддин бори аввал пас аз он шаби даҳшатбор нафаси амиқ кашид. Ӯ ба сӯи хонааш, ба сӯи писаронаш равон шуд. Ӯ медонист, ки роҳи пешистодааш сахт аст, вале акнун ӯ танҳо набуд. Дар ёдаш рӯймоли сафеди Малика ва суханҳои ҳалими ӯ мисли ситораи қутбнамо медурахшиданд.

Фахриддин ба сӯи хонааш қадам зад ва дар дилаш эҳсос кард, ки гӯё бори гарони ғам дар назди он қабристон боқӣ мондааст ва нури моҳтоб роҳи хокии деҳаро рӯшан месохт, дар ҳоле ки ёди рӯймоли сафеди Малика мисли нафаси тозаи баҳор ҷонашро ором мебахшид.

Фахриддин ба ҳавлии хомӯш ворид шуд ва дид, ки ду писараш дар утоқи хоб ба ҳам часпида хоб рафтаанд ва дар чеҳраҳои маъсумашон осори танҳоӣ намудор буд ва ӯ сари болини онҳо нишасту дар дил аҳд баст, ки дигар намегузорад ягон тӯфоне оромии ин тифлонро халалдор созад ва бовар дошт, ки Худованд пас аз ҳар торикӣ рӯшноиеро насиби бандааш мегардонад.

Афсӯс аз он, ки ин тифлон чӣ гуноҳ доштанд, ки қурбони нафси модари бевафо ва тақдири талхи падар шаванд... Ӯ дар ҳамон лаҳза аҳд баст, ки “дигар намегузорам касе хоби шуморо ошуфта созад”.

Рӯзҳо мегузаштанд ва Фахриддин акнун ҳам падар буд ва ҳам модар, субҳ барвақт хеста, барои писаронаш нону чой омода мекард ва либосҳояшонро мешуст ва онҳоро ба мактабу кӯдакистон мебурд, кори кирокаширо камтар кард, то бештар дар канори ҷигарбандонаш бошад ва сояи ғам ҳанӯз дар чеҳрааш буд, аммо вохӯрӣ бо Малика дар он шоми торик гӯё дар ҷони ӯ як шуълаи умедро зинда нигоҳ медошт.

Як рӯзи якшанбе вақте Фахриддин дар ҳавлӣ машғули кор буд, касе дарвозаро кӯфт ва дарвозаро кушоду Маликаро дид, ки ин дафъа ӯ танҳо набуд ва дар дасташ як табақ нони гарми хонагӣ ва як коса ғизо дошт. Малика бо шарм ва овози ҳалим гуфт:

- Фахриддин, инро барои бачаҳо овардам ва медонам, ки дасти мард дар рӯзгордорӣ сахтӣ мекашад.

​Фахриддин лаҳзае шах шуд ва бӯи нони гарм ӯро ба ёди даврони кӯдакӣ ва меҳри модараш бурд. Писарҳояш давида ба назди дарвоза омаданд ва бо кунҷковӣ ба зани рӯймолсафед нигоҳ карданд ва писари хурдиаш пурсид:

- Ин хола кист, дада?

Малика хам шуда, сари кӯдакро сила кард ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва гуфт:

- Ман холаи шумо ҳастам ва омадам, ки шуморо хабар гирам.

​Аз он рӯз инҷониб Малика гоҳ-гоҳ ба онҳо хӯроки гарм пухта меовард. Ба писарони Фахриддин мисли модар меҳрубонӣ мекард. Фахриддин медид, ки чӣ тавр хонаи сарду хомӯшаш дубора бо садои хандаи кӯдакон ва ҳузури ин зани покдоман гарм мешавад. Ӯ гоҳо духтараконашро ҳам рафта меовард.

​Аммо захми хиёнати зани аввалаш ҳанӯз пурра нарафта буд. Як шаб зани собиқаш занг зада, бо гиряву нола талаб кард, ки кӯдаконро ба наздаш барад, вале Фахриддин бо қатъият гуфт, ки ту ҳуқуқи модариро ҳамон шабе бохтӣ, ки номуси ин хонадонро ба як ҳаваси гузар фурӯхтӣ ва дигар ба ин ҷо занг назан.

​Пас аз чанд моҳ бо ризоияти пирони деҳа ва хусуру хушдомани собиқаш, ки аз шарми духтарашон дигар сар боло карда наметавонистанд, Фахриддин бо Малика ақди никоҳ баст ва Малика на танҳо ҳамсари вафодор, балки модари ҳақиқӣ барои ду писари ӯ гашт.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД