arzon replenishment
Қӯшакелин
1759

 

Холаи Сафия пас аз марги фоҷиавии ҳамсараш Юнусбой, ки корманди кони ангишт буду зери хок монда ҳалок шуд, чор фарзандашро бо чеварӣ, яъне бо обилаи кафи дасту нӯги сӯзан калон кард.

Духтаронаш Зулайхою Дилраборо, ки мисли модар аз панҷ панҷаашон ҳунар мерехт, хонадонҳои хубе келин карданду писаронаш Ҷамшеду Хуршед низ оиладор шуданд. Писарон низ ҷавонони қобилу меҳнатӣ ва хушхулқ буданд, Ҷамшед муаллим ва Хуршед корманди бонк шуда, фаъолият мекарданд.

Ҳарчанд зиндагиашон рӯ ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, холаи Сафия бекор наменишасту мехост барои келинҳояш ҷиҳози муносибе ҷамъ оварад. Ҷиҳози муносиб низ ҷамъ шуду модар ба духтарҳои зери чашм кардааш хостгорӣ рафт, онҳо аз деҳаи ҳамсоя хешони дури шавҳари раҳматияш буданд.

Сабзаю Ғамза, ҳарду амакдухтар буданд, хабари зебоӣ ва ҳунармандии духтаронро ба холаи Сафия аммаи онҳо Зеварой, ки дар ҳамсоягии оилаи хола мезист, меовард.

Пеш аз хостгорӣ бо мусоидати Зеварой ҷавонон якдигарро дида, хуш карданд ва баъд тӯйи зебо бо риояи расму русуми миллӣ ороста қушаарӯсакони нозанинро ба ҳавлӣ фароварданд.

Баъзеҳо зери лаб мегуфтанд, ки овардани ду келин дар як рӯз хуб нест, аммо холаи Сафия аз шодии хушбахтии фарзандон ба ин гапҳо аҳамият намедод.

Модари хушбахт

Дар ҳавлии хуштарҳу озодаи холаи Сафия бо омадани келинҳо садои хушбахтӣ танинандоз гашт. Арӯсакони соҳибҷамол намегузоштанд, хушдоман дасташро ба оби хунук занад, ба қавли маъмул аз оби хона даромада, аз алобаш мебаромаданд.

Ҷамшеду Хуршед хурсандии модарашонро дида, хушнуд мегаштанду ҳурмату эҳтироми завҷаҳояшонро ба ҷо меоварданд. Писарон аз гапи модар як қадам берун намемонданду тамоми пули ёфтаашонро ба дасти ӯ дода, дар харҷаш низ аз модар маслиҳат мепурсиданд.

Бародарон ғайр аз кори давлат боз боғи зардолуе доштанд, ки ҳар сол меваи онро фурӯхта, пули хубе ба даст меоварданд. Хулоса, аҳли ин оилаи хушбахт аз чизе танқисӣ надоштанд, ҳақу ҳамсоя мегуфтанд, ки Худованд ба Сафия ин хушбахтиро барои сабру таҳаммул ва заҳматҳои зиёдаш дар тарбияи фарзандонаш додааст.

Бо гузаштани як сол аз тӯйи арӯсияшон Сабзаю Ғамза дар як моҳ писарони нозанине тавлид намуда, сари холаи Сафияро ба осмон расониданд. Хола ба набераҳо бо радифи номи писарҳояш Фаршеду Нуршед, ном гузошт.

Писаракон он қадар ба ҳам монанд буданд, ки чун себи дукафон, холаи Сафия садқаю балогардони набераҳои зебояш шуда, аз сари гаҳвораи онҳо дур намерафт ва шукронаи Худои бахтоварро мекард.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД