Arzon march 2024
ШАРТИ ЗАН БА ШАВҲАР: ХОНА МЕСОЗӢ Ё ҶУДО МЕШАВЕМ?
05.01.2021
ОИЛА
4696

 

Холаам ба ҷону ҳоли падару модарам намонда маро ба писараш хостгорӣ намуду билохира мо тӯй шудем. Гумон доштам, ки холаам маро духтари худаш барин медонад, аммо хаёлам хом баромад. Зиндагиам аз рӯзи аввал хуб набуд.

Рӯзе набуд, ки байни ману холаам ягон нофаҳмӣ сар назанад. Аз як сӯ шавҳарам маро азоб медод, аз тарафи дигар модараш неш зада ҷонамро ба лаб меовард. Косаи сабрам лабрез гашту қаҳр карда ба хонаи модарам омадам. Беҳуда намегуфтаанд, ки то аз ман намонӣ, қадри маро надонӣ, шавҳарам дар тӯли ду ҳафтаи танҳо мондан хуб азоб кашида ба қадрам расид ва зориву таваллокунон барои бурданам омад. Дар наздаш шарт гузошта гуфтам, ки то хонаи алоҳида насозад, намеравам.

Шавҳарам розӣ шуда дар замини падараш хона сохт ва зиндагии моро ҷудо карданд. Бовар кунед, ҳоло зиндагиямон мисли шаҳду асал ширин аст. Дигар касе ба ҳаёти мо дахолат намекунад. Хола-хушдоманам ҳам бо мо муросо намуда аз нав риштаи хешу табориро мустаҳкам намуд.

Ҳилола, ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД