Formula novemver 2024
Шавҳар дар Русияву зан дар оғӯши таксист (қисми3)
4916

Ҳамин тавр ин ду зинокор тифли бегуноҳро, ки беист гиря карда, пистони модар меҷуст, буғӣ карда куштанд ва дар дашти бекасе гӯр карда, бо ҳамин гӯё аз бори гуноҳи худ халос шуданд. Манзура ва Ҳомид боварӣ доштанд, ки касе аз сирри даҳшатангези онҳо хабардор намешавад, аммо... 

Макри Анора

Анора бо рангу рӯйи алвон барин сурх аз хона баромадани авсунашро дида, аз паси Манзура поид. Вақте ки Манзара ба мошини Ҳомид нишаст, вай ҳам таксӣ киро карда, онҳоро пайгирӣ намуд. Ин зани маккора дуртар аз хонаи доя мошинро нигоҳ дошта, пинҳон шуд, то Манзура ӯро набинад. Тақрибан як соат пас аввал таксист ва баъдан аз пушти вай Манзура кӯдаки парпеч дар даст аз дари доя баромаданд. Анора “ана гап дар куҷо будааст, ҳоло ист, духтари мулло, агар сирру асрори ҳароми туро фош карда, рӯятро дар ду дунё сиёҳ накунам, аз пушти падарам нестам” гӯён, баъди рафтани мошин ба хонаи доя даромад ва меҳрубонона аҳволпурсӣ карда гуфт:

-Апаҷон, хоҳарамро шавҳараш ба назди шумо зоиданӣ оварда буд. Хоҳиш карданд, ки ман ҳам омада ёрӣ расонам, вале ба фикрам ман дер кардам-а?

-Ташвиш накаш духтарҷон, хоҳарат аллакай писарча таваллуд кард. Ҳозиракак ман кӯдакро печонда ба дасташон додам. Зану шавҳар бачаашонро гирифта рафтанд, -бо табассум гуфт доя, ки аз макри ин зан бехабар буд....

Шӯри қиёмат

Баъди кушта зери хок кардани кӯдак Ҳомид Манзураро ба шаҳр овард ва ба мошини дигар шинонда ба хонааш гусел намуд. Дили ҷавонзан пур буд, ки касе онҳоро надидааст ва ин сирро бо худ ба гӯр хоҳанд бурд, вале дар назди дарвоза падару модар ва бародарони шавҳараш ӯро бо белу каланд пешвоз гирифта, таҳдиди куштан намуданд.

-Ҳаромзода, ба ту чӣ намерасид, ки ба писари ман хиёнат карда, аз ким-кадом буққа сағераи ҳаромӣ зоидӣ?-девонавор бо тамоми овоз дод мезад хушдоманаш.

-Барои чӣ обрӯи писарамро резондӣ фошиҳа, ман туро зинда намемонам-таҳдид мекард падари Фурқат,

-Наход, ки духтари қуръонхон зино кунад, эй мурдани ту барин зан сад бор беҳтар аст,-бародарони шавҳараш ба рӯяш туф карданд...

-Шумо ҳамаатон девона шудаед?! Ин туҳматро аз куҷо баровардед? Ман шамол хӯрда, касал шудаам, ҳозир аз назди духтур омадам,-Манзура аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошида, кӯшиш мекард аҳли оиларо бовар кунонад, ки ин гапҳо дурӯғанд.

-Ҳой духтари мулло, чӣ ин қадар рӯята сиёҳ мекунӣ, беҳтараш гӯй, ки сағераи ҳаромита куҷо кардӣ?-писханд зад авсунаш Анора.

-Аяҷон, дадаҷон, Анора дурӯғ мегӯяд. Ин касофат аз рашку ҳасад ин гапро бофта баровардааст, ки маро хонавайрон кунад. Ба номи Оллоҳ қасам, ман ягон гуноҳ накардаам,-Манзура ба пеши пойи хусуру хушдоманаш афтида, зор-зор гиря кард...

-Номи Оллоҳро ба забон нагир, Худо туро кӯр кунад касофати ҳаром! Анора дурӯғ мегӯяд, инаш ҳам дурӯғ аст?-Бародари Фурқат телефонро бароварда сабтеро нишон дод, ки дар он чӣ тавр кӯдаки парпеч дар даст аз як хона баромадани Манзура ва аз паси ӯ берун шудани марди дигар баръало намоён буд.


-Мардак, канӣ киссаҳота такон, чи қадар пул кор кардӣ? Дар хона ягон хӯрданӣ нест, қариб аз гушнагия мурда будем...


 

Анора ҳамаи ин лаҳзаҳо ва суханони дояро низ дар телефонаш сабт карда буд, аз ҳамин сабаб, Манзура дигар ягон роҳи наҷот наёфт...

Бародарони шавҳараш хостанд Манзураро мурдакӯб кунанд, вале падарашон онҳоро нигоҳ дошта гуфт:

-Дастатонро ба ин ҳаром нарасонед! Ман аллакай ба милиса хабар додам, чораашро бигзор онҳо бинанд...

Ҷазои ду зинокор

Ҳамин тавр Манзураро кормандони милиса бо дастони баста бурданд. Ҷавонзан ба зудӣ ба гуноҳаш иқрор шуд ва чӣ тавр нест кардани кӯдакро низ нақл карда дод. Дере нагузашта, Ҳомид низ ба курсии ҷинояткорӣ нишаст.

Суд ин зану марди зинокорро барои куштори тифли навзод ҷазои сазовор дода, Ҳомиди занбозро ба муҳлати 18 сол, Манзураро бошад ба 15 соли зиндон маҳкум намуд.

Фурқат аз ин моҷаро хабар ёфта, ба Ватан баргашт ва дар сари суд Манзураро се талоқ кард. Акнун ин зани беандеша беҳтарин даврони умрашро дар пушти панҷараи маҳбас гузаронида, ба нохуни фарзанд зор хоҳад гашт, зеро ба гумон аст, ки баъди ин ҳама моҷаро бачаҳояш дигар ӯро модар бигӯянд...

Моргазида аз ресмони ало метарсад...

Фурқат дубора хонадор шуд, то ки бачаҳояш бе парастор намонанд. Вай дигар ба Русия мардикорӣ намеравад. Бечора мардак метарсад, ки ин дафъа низ ягон номард ҳамсари ӯро аз роҳ бароварда, сарашро дар назди дӯсту душман хам мекунад...

Нӯшин

Р/С

Хонандагони азиз, қиссаи мазкур воқеӣ буда, ин ҳодисаи нангин чанде пеш дар яке аз ноҳияҳои кишварамон рӯй додааст. Ба хотири нарехтани обрӯ ва шаъну шарафи пайвандони ин оила мо танҳо номи қаҳрамонҳо ва баъзе ҷузъиётҳоро тағйир додем...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД