Arzon march 2024
Шавҳари пинҳонӣ (қисми 2)
1604

 

Идомааш ...

Падару модари Карим дар деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекарданд ва чун фаҳмиданд, ки писарашон аз Бухоро арӯс ёфтааст, сару нӯгашонро гум карданд. Модараш холаи Нозгул, ки ғайри ҳамин деҳаи хурдакаки кӯҳистон ҷойи дигарро надида буд, гумон дошт, ки Бухоро дар он тарафи дунё ҷойгир аст.

Падараш бошад, бо ҳайрат гуфт:

-Онҳо ба мо духтар медода бошанд?

Фақат модаркалонаш кампири Марям, ки Каримро байни даҳ наберааш аз ҷони ширинаш зиёдтар дӯст медошт, андешаманд гуфт:

-Ишқ на Бухороро мешиносаду на Самарқандро, аз пайи кор шавед.

Амаки Салим ин гапи модарро фотеҳа пиндошта, суроғаи дар даст доштаи писарашро гирифта, ҳамроҳи Карим сафар карданд. Падару писар дар шаҳри қадимаи зебо дар меҳмонхонае ҷо гирифта, рӯзи дигар кулчаи ширмолу қанду қурси зиёде бардошта, ба хонаи волидони Гуланор рафтанд. Карим падарашро аз дарвозаи нақшин дарун карду худаш ба меҳмонхона баргашт, то омадани падар чун мурғи посӯхтае, ки об мекобад, ин тарафу он тараф мерафту меомад.

Падар баъди се - чор соат баргашта, бо табъи хира гуфт:

-Беҳуда овора шудем бачам, волидони Гуланорат моро одам ҳам намешуморанд, духтар додан бошад, он тараф истад. Онҳо тӯҳфаҳои бурдаамро ҳам аз дарвоза берун гузоштанд, “гиред баред, набаред ягон сагу пишак мехӯрдагист” гуфтанд. Намедонам аз онҳо чӣ гуна духтаре рӯйидааст, ки дили туро бурдааст.

Сӯҳбати падару писар ба охир нарасида, дари ҳуҷраашон тақ-тақ шуд, Карим дарро кушода, пушти дар Гуланори чашмонаш аз гиря варамидаро дид, духтар худро ба оғӯши дилдораш афканда, талх гирист, ишқ ба урфу одату одоби ин гулчеҳра ғолиб омада буд. Ӯ ба Карим гуфт, ки тайёр аст бе ризоияти волидайн ҳамроҳи ӯ ба Тоҷикистон равад.

Ризоияти маҷбурӣ

Бечора амаки Салим Гуланорро ба зӯрӣ ба хонаашон равон карда, худаш боз аз паяш рафту ба бародарону падари якраваш ҳолати ҳоли ӯро арз кард. Ҳама бо ғазаб ба сӯйи хонае менигаристанд, ки он ҷо Гуланор мегирист, фақат як бародараш ба аҳли оилаашон хитоб карда гуфт:

- Гуланор панҷ сол дар ғарибиҳо гашта, ягон овозааш ба ин ҷо нарасид, агар ӯ бероҳаву бадгарду паймоншикаста мебуд, ин марди мӯйсафед ҳамин қадар роҳро тай карда, ба хостгорӣ намеомад, ба хушӣ розӣ шавед.

Хешовандони Гуланор як соли дароз Кариму падарашро дар ҳамин роҳи душвор овора карданд, оқибат ишқи поки онҳо ғалаба карду аз Бухоро арӯс оварданд. Дар деҳа ҳамсари Каримро бо як тантана пешвоз гирифтанд, ӯ ҳамагӣ як сол бо хусуру хушдоманаш зиндагӣ кард, шавҳараш дар шаҳр мезисту ҳар ҳафта ба дидори арӯсаш мешитофт.

Ҳамдеҳагон бо шӯхӣ Гуланорро набераи Амир Олимхон мегуфтанду ба хотири хоксорию хушзабонияш дӯсташ медоштанд. Падару модараш ягон вақт ба хабаргирии духтарашон намеомаданд, Гуланор дар як сол як бор худаш ба дидори онҳо мерафт, танҳо бародари калонияш гоҳ-гоҳ аз ҳолаш бохабар мешуд.

Худованд ба ин ҷуфти ошиқ пайи ҳам ду фарзанд, як духтар ва як писари нозанин дод. Баъди як сол Карим занашро ба шаҳр овард, Гуланор кори илмияшро давом дода, дар донишгоҳ дарс мегуфт, шавҳараш ҳам дар зинаҳои мансаб боло мерафт, аммо беҳуда нагуфтаанд, ки фалокат аз зери по мехезад.

Марги ишқ

Духтараш Гулнигор дар донишгоҳ мехонду писараш Раҳим хонандаи синфи охири мактаби миёна буд, онҳо дар ҳавличаи дуошёнаи хушнамуду сабзу хуррами канори шаҳр зиндагии ошиқонае доштанд. Ин зиндагониро садамае, ки риштаи умри падари хонадонро канд, талхи заҳр намуд.

Барои Карим Гуланор се сол азо гирифт, ғайри хонаву кор дигар ба ҷое намерафт. Духтаракашро бе падар ба шавҳар доду барои писараш, ки касби падарро интихоб намуда, дар бари падар хеле ҷавон рост истод, келин фаровард.

Дар ҳама сахтиҳо паҳлӯи ӯ хешу табори шавҳараш буданд, хусуру хушдоманаш оламро аз дасти ғами ҷонсӯзи писар падруд гуфтанд, падару модари худаш бошанд, ба ҷойи дастгирӣ сари ҳамин пириҳо ҳам мегуфтанд, ки гапи моро нагирифт, бахташ сиёҳ шуд. Домодаш аз хешони дури шавҳараш буду дар деҳа зиндагӣ мекарданд, ӯ бо писараш маслиҳат карда, барои духтараш аз пасандозҳои падараш хона хариданд.

Ҳавлиро ба писараш дод ва худаш ба панҷхонагии барҳавои маркази шаҳр кӯч баст, мехост ҳамон ҷо кори илмияшро идома дода, танҳо зиндагӣ кунад. Шанбеву якшанбе албатта ё ба хонаи духтараш мерафт ё ба хони писараш ё ҳамакаса дар ҳавлии падарӣ ҷамъ шуда, хурсандӣ мекарданд.

Гуланор нав ба чилу нӯҳ қадам ниҳода буду аз синну солаш хеле ҷавон метофт, дар шаҳр ғайри писару духтараш як дугонаи ҷонӣ дошт, ки баъзан бо шӯхӣ мегуфт, ки шавҳар кун. Гуланорро аз ин шӯхиҳои дугонааш қаҳраш омада, чанд рӯз ҳамроҳаш гап намезад, зеро ӯ шавҳар карданро хиёнат ба рӯҳи шавҳар медонист. Дилрабо ӯро ба оғӯш кашида мегуфт:

- Агар ту вафот мекардӣ, шавҳарат холо аз зани наваш соҳиби ду фарзанди дигар мешуд,- Гуланор ба гӯшаи хотираш ҳам намеовард, ки тақдир барояш чӣ сюрпризе таёр кардааст...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД