Formula novemver 2024
Шавҳарношинос
2256

 

Шавҳарам як чеҳраи шинохта ва машҳури кишвар буд, мухлисони зиёде дошт, аз ҷумла занон…

Қомати баланд, ситорагарм, хушлибос, бофарҳанг, ҷиддӣ, басиёсат, аз ҳама муҳимаш дилкушод, маҳз бо ҳамин дилкушодӣ ва корбудкарданаш занонро ба худаш ҷалб мекард. Каму ғам не, сӣ сол бо ҳам зиндагӣ кардем.

Дар зиндагӣ фақат аз як чиз азоб мекашидам, маро танҳо заноне мефаҳманд, ки бо ашхоси шуҳратёр зиндагӣ кардаанд. Солҳои аввал касе гӯяд, ки шавҳаратро бо фалон хонум дар тарабхона ё кӯча дидем, аз рашк ҷангу ҷанҷол мебардоштам. Бо мурури замон ба ин ҳама одат кардам, маъшуқаҳои шавҳарамро аз забони мардум мешунидам ва мешинохтам.

Чун шавҳарамро хуб омӯхта будам, аз ӯ мепурсидам, ки ин гап рост аст ё дурӯғ? Агар овозаи шунидаам дар атрофи номи ӯ ва як зан рост бошад, каме сурх мешуду асабӣ, мефаҳмидам, ки ин ҷо гапе ҳаст. Агар аз шунидани хабар парво накунад, мефаҳмидам, ки гап дурӯғ аст.

Шавҳари ман бо ростгӯӣ ва ҷавонмардияш ном бароварда буд ва ҳеҷ гоҳ нашунидаам, ки дар ҳаққи зане гапи бад гӯяд ё сири маъшуқаҳояшро фош кунад. Як сол пеш ҳамсарам аз бемории сактаи қалб вафот карду…

Бегоҳи иди Рамазон буд, занги дар пайи ҳам садо дод, чун онро кушодам, пушти дар хонуми шиносеро дидам, ки нисбаташ эҳтироми беандоза дорам. Чун ӯ ҳам як зани фарҳангист, фаҳмидам, ки барои фотеҳа хондан омадааст.

Сари як пиёла чой зан бо маҳзунӣ нақл кард, ки чӣ гуна ҳамсари ман ӯро таҷовуз кардааст. Ростӣ, шок шудам, намедонистам чӣ мегӯям ва чӣ гуфтанам ҳам дар ёдам нест. Аммо худро ба даст гирифта, аз ӯ пурсидам, ки таҷовуз дар куҷо ва чӣ гуна сурат гирифтааст.

Бону нақл кард, ки хеле ҷавон ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ ҳалок мешаваду ӯ бева мемонад. Шаҳди модариро начашида, чун шавҳарашро зиёд дӯст медоштааст, шавҳар накарда, ба донишгоҳ дохил мешавад.

- Мо дар курси дуюм мехондем, ки дар як маҳфил бо ҳамсари шумо шинос шудам. Чун он вақтҳо мо китоб мехондему баъзе асарҳои нависандаҳои хориҷӣ камёб буданд, ман аз ӯ пурсидам, ки як китоби нависандаи амрикоӣ Ҳеменгуэйро ёфта, ба ман диҳанд, - ба нақлаш идома дод ӯ.

Шавҳари он вақтҳо ҷавону машҳури ман ваъда медиҳад. Бо гузаштани як моҳ хонум ӯро дар маркази шаҳр вомехӯрад ва онҳо саломуалейк мекунанд, шавҳарам ба ин бону мегӯяд, ки хонаи ман дар ҳамин қарибиҳо аст, агар хоҳӣ, ҳамроҳ меравем ва китоби гуфтаатро медиҳам.

Ҳамин тавр, зан ва шавҳари ман ба хона медароянд, шавҳарам пеш аз ман зани рус дошт ва ба гуфти он зан, ҳамон вақтҳо нав аз занаш ҷудо шуда будааст. Чун ба хона ворид мешаванд, шавҳарам ба ӯ шарбати себ медиҳад ва зан беҳуш мегардад, аз рӯйи нақлаш бону то бегоҳи рӯзи дигар дар асорати ҳамсари ман будааст.

Аз хонум пурсидам, ки оё пеш аз ба хонааш даромадан, аз марде, ки ҳамагӣ як бор ҳамроҳаш ҳамсӯҳбат шуда будӣ, андеша накардӣ? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки гумон доштам зану фарзандонаш дар хонаанд…

Ростӣ, лаҳзаи ҳамон ҷо будани он зан дар ҳолати шок қарор доштам, шояд муносибати хуби ман бо ӯ буд, ки боз рӯзи дигар ҳам бону ба хонаамон омад.

Рӯзи ид буд. Ин зан байни меҳмонони зиёд луқма мепартофту дар ҳақи ҳамсарам ҳар гуна гапҳо мегуфт. Як меҳмон ба расми ҳамсарам назар дӯхта гуфт, ки аёми ҷавониҳояшон зиёд марди зебо будаанд, он зан бо хандаи тамасхуромез “куҷош зебо буд, бинияш ин хелу нишастанаш ун хел” гуфт…

Ҳарчанд он бону ин гапро бори аввал ба ман гуфтааст, вале бовар дорам аз ин бисёриҳо хабар доранд. Пас аз гузаштани чанд вақт гирди ҳарфҳои он хонуми «таҷовузшуда» фикр мекунам…

То ҷое ман медонам, шавҳари ман ҳеҷ гоҳ аз тавҷҷуҳи занон танқисӣ намекашид, баъдан ба ӯ занҳои тамоман дигар тип маъқул буданд, ки ин хонум ба он гурӯҳ дохил намешуд. Баъд, шавҳари ман аз куҷо медонист, ки дар роҳ занеро вомехӯраду ӯро ба хона меорад ва шарбати себу доруи мадҳушкунандаро тайёр карда монда буд.

Ман ҳам зани безеб нестам ва аз шавҳарам хеле ҷавон ҳастам, аммо агар ҳамбистариро намехостам, шавҳарам ҳеҷ гоҳ маро маҷбур намекард ва зорӣ ҳам… Хафа мешуд, табъаш хира мегашт, аммо он ғурури зотие, ки дошт, намегузошт, ки илтимос кунад. Ҳеҷ бовар намекунам, ки шавҳари ман бо ҳамон обрӯю эътиборе, ки дошт, даст ба таҷовуз зада бошад.

Ин хонум мегӯяд, ки баъд аз ин ҳодиса ҳамсарам ӯро ба донишгоҳ суроѓ рафтаасту ҳамеша аз паяш мегаштааст. Гӯё баъди ҳамин ҳодиса ин бону ба яке аз донишгоҳҳои хориҷа гузаштаасту ҳамон ҷо бо марди хубе шинос шуда, оила бунёд кардаву соҳиби фарзандон шудааст.

Бо ин хонум мо дӯстони маҷозӣ будем, боре ман ба ӯ чӣ ҳазле карда будааму ӯ хаёл кардааст, ки шавҳарам воқеаи бо ӯ рӯйдодаро ба ман нақл кардааст. Аммо ин хел набуд, ман ҳис карда будам, ки ҳамин хонум ба ман кам-кам неш мезанад, аммо ҳайрон шуда будам, ки барои чӣ?!

Мегӯянд, ки инсонро шинохтан хеле душвор аст, шояд нақли ин бону ҳақиқате дошта бошад, аммо то ин дараҷае, ки ӯ нақл кард, не.

Наход ман бо ҳамсарам сӣ сол зиндагӣ карда, ӯро нашинохта бошам? Наход ҳарфҳои ҳамон хонум рост бошанд?! Наход зери чеҳраи як марди донишманду маъруфу олиҳиммату дилвасеву дилсӯзу зебо, як чеҳраи дигар ҳам буд?!

Ҳарчанд гумон мекунам, ки шавҳари ман ин гуна инсон набуд, вале боз андешаҳо азобам медиҳанд. Шояд ин ҷо навиштани ин ҳарфҳо хуб ҳам набуд, аммо илоҷ надоштам. Зеро чун ёди шавҳарам, ки хеле дӯсташ медоштам, мекунам, даъвои ин хонум дар гӯшҳоям садо медиҳанд.

Аз ин хотир, ин қиссаро ин ҷо навиштам, шояд нафаре аз хонандагони сомонаи «Оила» ба ин гуна ҳодиса рӯ ба рӯ шудааст?

Гулрухон

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мехриниссо 2023-09-19, 01:08
Алока ку шояд буд аммо базур не да. Дилаки худаш бичир бичир кардаву таги нофаш хам як хиссиети ачибро хис кардагист барин. Чои айбаш хам нест да. Зани еши бева Нав ду гулака аз богаш чиндаву шуякаш мурдаст. Маззахурак Шуда дигар богаша нафахмидаст кучоба об дихад?! Барои хамин хамаи корхоя бо хости худаш ичро карда, кайф карда истирохат кардаву догхои дила буровардвсту акнун худорахматия айбдор мекунад ми? Чавонии худам едам ба заду…. Уфффеее… ман хам рости гап якбор дар чавони аз назди чавони таби дилам гузашта «гуе» бехуш шудам. Ох чавони, чавони….
Посух
Милана 2023-09-20, 07:23
Э қандота зан холаи момаи апаи! Аз саргузашти бесарунук ҳамин коммени худат аҷоибтар буд. Хахахахаха
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мехриниссо 2023-09-19, 01:08
Алока ку шояд буд аммо базур не да. Дилаки худаш бичир бичир кардаву таги нофаш хам як хиссиети ачибро хис кардагист барин. Чои айбаш хам нест да. Зани еши бева Нав ду гулака аз богаш чиндаву шуякаш мурдаст. Маззахурак Шуда дигар богаша нафахмидаст кучоба об дихад?! Барои хамин хамаи корхоя бо хости худаш ичро карда, кайф карда истирохат кардаву догхои дила буровардвсту акнун худорахматия айбдор мекунад ми? Чавонии худам едам ба заду…. Уфффеее… ман хам рости гап якбор дар чавони аз назди чавони таби дилам гузашта «гуе» бехуш шудам. Ох чавони, чавони….
Посух
Милана 2023-09-20, 07:23
Э қандота зан холаи момаи апаи! Аз саргузашти бесарунук ҳамин коммени худат аҷоибтар буд. Хахахахаха
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД