Шералӣ Абдулқайсов дар синни 70 солагӣ, пас аз чанд рӯзи бистари буданаш, дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.
Шогирдони марҳум Шералӣ Абдулқайс навиштаанд, ки лаънат ба ин вабо, ки гули сабади санъати тоҷик, устоди садҳо шогирдон моро барои ҳамеша падруд гуфт. Хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ навиштаанд, ки марҳум бо нишонаҳои бемории короновирус дар беморхона бистарӣ буд ва бо эҳтимоли зиёд ӯ маҳз аз ин беморӣ даргузашт.
Сомонаи “Оила. ТЧ” ҳамдардии худро ба пайвандону наздикони марҳум мерасонад.