arzon replenishment
МАРГИ ИШҚ Қисми 2
27.03.2024
ОИЛА
1981

 

                                Иқрори Шаҳром

Тоҷинисо худро таҳқиршуда, латтаи бекора, танҳотарин зани дунё эҳсос карду худи ҳамон шаб аз Шаҳром пурсид, ки нохуни кӣ аз вай болост?! Шаҳром бепарво гуфт:

-Ман як ҳамсабақамро дӯст медоштам, аммо ӯро падараш ба каси дигар ба шавҳар дод, ӯ чуноне кард, ки шавҳараш талоқашро дод ва ҳоло ман бо ӯ зиндагии муштарак ва як писар дорам. Тиҷорату пулу мошину ҳама даб-дабаи ман ҳам аз ҳисоби хусурам аст, туро волидонам барои худашон келин гирифтанд, зеро Санам онҳоро писанд намекунад ва инҳо ҳам ӯро намехоҳанд. Ту ихтиёр дорӣ, ман туро дӯст намедорам ва нахоҳам дошт, агар он қадар беномусӣ, ки ба ҳамин розиӣ ва зиндагӣ мекунӣ, кардан гир! Тоҷинисо худи ҳамон рӯз ба хонаи модараш баргашт ва ҳама аҳволро ба аҳли хонаашон нақл кард, бародару янгааш ӯро ба сабр хонданд, аммо ӯ қатъиян гуфт:

-Агар маро маҷбур мекунед, ки ба ҳамон ғамхона баргардам, худамро мекушам!- Падару модараш баробари духтари нозанину порсову ҳунармандашон ашк мерехтанд, бародараш худашро гунаҳгор эҳсос мекард. Як моҳи дароз Тоҷинисо аз хона берун набаромад, хусуру хушдоманаш дар ин миён сад бор омада рафтанд, аммо духтар майли бо касе гап задан надошт. Шояд ин рӯҳафтодагӣ давом мекард, вале Тоҷинисо эҳсос кард, ки дар батни ӯ дили дигаре низ метапад ва ба хотири ӯ месазад зиндагиро аз нав оғоз намуд.

Тоҷинисо ду духтарчаи дугоник таваллуд кард, Шаҳлову Шифо чун себи дукафон ба ҳамдигар монанд буданду дунёи модарро нур мебахшиданд. Баъди сесола шудани духтаронаш Тоҷинисо ҳамроҳи модараш, ки баъди марги падар танҳоӣ мекашид, ба пойтахт кӯч бастанд.

                             Бетақдир

Бист сол Тоҷинисо фақат кор карду ёди мард накард, ба хостгорони бешумораш, ҳатто шонси ҳарф задан намедод. Шаҳлову Шифо дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Қазон мехонданд ва ҳамон ҷо бахти худро ёфтанд, бародарони дугоник Исо ва Мусо, ки тоҷикони кайҳо муқимӣ гаштаи Тотористон буданд, ба онҳо дил бастанду модар бе ҳеҷ дудилагӣ ба тӯйи духтаронаш розӣ шуд. Домодҳояш хушдоманашонро ҳамеша ба наздашон мехонданд, аммо Тоҷинисо аз ватан дил канда наметавонист. Модараш пир шуда буду зуд-зуд ба деҳа мерафт, дар хонаи панҷҳуҷрагии пурҷиҳози зебо Тоҷинисо зуд-зуд танҳо мемонд, дар ҳамин аём бо Ҷовид вохӯрд…

Ҷавонмард назди ӯ барои табобат омад, Тоҷинисои асабшинос дар як муддати кӯтоҳ ӯро табобат карду бо Ҷовид ҷӯра шуданд, ин ҷӯрагӣ ба ишқ печид. Тоҷинисо, ки умраш сарҳади 45-ро убур мекард, дар умраш бори аввал ошиқ шуд, Ҷовид ронандаи таксӣ, як ҷавони чилсолаи камбағал, ба зӯр рӯзи волидайни пир ва зану чор фарзандашро пеш мебурд. Онҳо никоҳ карданд, Ҷовид аз ноҳияи дурдасте буду аз он ҷо ба пойтахт мусофир мекашонд, ҷавонмарди баномус қоматбаланду зебо ва меҳрубоне буд. Касе аз ин пайванд хабар надошт, Тоҷинисо он қадар хушбахт буд, аммо…

Ҳар омадани Ҷовид барои зан ид буд, ӯ ҳатто азизтарин одамаш модарашро намехост биёяд, то бо Ҷовид танҳо бошад. Аз забони ҷавонмард шаҳду шакар мерехт, ӯ тамоми дунёро бароиТоҷинисо иваз мекард, вале якбора ғайб зад, як ҳафтаи дароз. Зангҳои Тоҷинисо беҷавоб буданд, аммо бо гузаштани чанд вақт телефонро як зан бардошта гуфт, ки Ҷовид дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шудааст. Зан зор-зор мегирист ва худро ҳамсари Ҷовид муаррифӣ кард…

Тоҷинисо шабу рӯз мегиряд, модари пираш гумон мекунад, ки духтараш ба беморие гирифтор шудааст, аммо духтари бадбахташ намедонад чӣ гуна аламашро ба роздонаш бигӯяд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД