formula55
МАРГИ ИШҚ Қисми 1
26.03.2024
ОИЛА
2437

                                 Дурдона

Тоҷинисо байни нӯҳ бародар духтари ягона ва нозпарварди волидон, эркаи бародарон буд. Дар оилаи Зайнабу Шарҳиддин пайи ҳам писар таваллуд шудан гирифт, таваллуди писарон сари падарро ба осмон мерасонду модар бошад, як гӯшаи дилаш хиҷил буд. Зеро Зайнаб шаш бародар дошту хоҳар не, бисёр мехост духтар таваллуд кунад, зеро аз таҷрибаи зиндагии худаш медонист, ки ҷонатро дар ҷонаш монӣ ҳам, янга апаву хоҳар намешавад. Шавҳари муаллимаш баъди таваллуди писари шашумашон мехост занаш пеши ҳомилагияшро гирад.

- Занакҷон, шаш писарамонро ба таври шоиста ба воя расонем кофист, ту чӣ мегӯӣ?- Пурсид ӯ аз занаш. Зайнаб чашмони зебояшро андешаманд ба нуқтае дӯхта гуфт:

-Муаллим (ӯ ҳамсарашро ҳамин тавр ном мегирифт), агар бист писар ҳам таваллуд шавад, то духтар таваллуд накунам, бас намекунам!- Зайнаб ҳамагӣ то синфи нӯҳ хонда буд, зеро дар хонадони онҳо ба хондани зан назари хуб надоштанд. Ба хотири дастгирии падари фарзандонаш ва бардоштани як гӯшаи зиндагии оила дар наздикии хонааш мағозае кушод ва аз маркази ноҳия ҳар гуна майда чӯйда оварда мефурӯхт. Писараконаш дастёри модар буданд, ғайр аз ин, гову моли бисёре доштанд, боғу роғ, хулоса зиндагиашон хуб мегузашт. Танҳо баъди писари нӯҳумашон духтари деринтизори онҳо, дурдонаи дили модар, ноздонаи бародарон ба дунё омад. Калонсолони оила ба ӯ Тоҷинисо ном монданд.

-Тоҷи сари акаҳояш аст, духтари ман,- мегуфт бо ифтихор муаллими Шаҳриддин. Тоҷинисо ба дунё омаду зиндагии ин хонаводаи серфарзанд зеботару гуворотар гашт.

                                 Нозанин

Писарони хонавода як-як мактабро хам карда, бо донишу саводи худашон ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил мешуданд. Зайнаб тиҷораташро васеътар намуда, дар назди хонааш мағозаи зебое сохт, баъдтар фарзандонаш донишгоҳро хатм карда, сари кор шуданду зиндагияшон серу пуру хушрангтар гашт. Тоҷинисо рӯз ба рӯз қад кашида, ба нозанине табдил ёфт, ки аз диданаш дар синаҳо сурур гул мекард. Ҳама хешу табор мехостанд, ин нозанин, ки тарбияи модари порсову пурҳунарашро гирифта буд, маликаи кошонаи онҳо бошад, аммо Тоҷинисо духтур шуданӣ буду сарашро аз китоб намебардошт. Меҳнатҳои нозанин беҳуда нарафтанду бо дониши худ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд ва онро бо сари баланд ба итмом расонида, ба ноҳия баргашт. Барои мутахассиси ҷавон зуд ҷойи кор пайдо шуду ӯ бо дасту дили гарм ба кор часпид, дар ин миён бародаронаш соҳиби вазифаҳои баланд гаштанду ҳамагӣ оиладор, онҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ба кор банд буданд, танҳо бародари чорум дар хонаҳои акнун хеле боҳашамати падарӣ зиндагӣ мекарду ба тиҷорат машғул буд. Дар деҳа сартарошхона, дӯкони гӯштфурӯшӣ, мағозаи хӯроквориву либоса кушода буду дар маркази ноҳия низ маркази савдо кушод. Ба Тоҷинисои нозанин хостгор хеле зиёд буд, вале бародараш ба падару модараш маслиҳат дод, ки хостгории раиси ноҳияро қабул кунанд.

                         Арӯси писари раис

Раиси ноҳия одами таҳҷоӣ набошад ҳам, ду сол боз бо хонаводаи волидони Тоҷинисо дӯст буду бародараш Ҳабиб бошад, бо ӯ хеле қадрдон буд. Писари раис низ ба тиҷорат даст доштаасту дар пойтахт зиндагӣ мекардааст, Ҳабиб ба волидонаш гуфт, ки “Шаҳромро хуб мешиносам, бачаи зебо, хушодоб ва пулдор аст”. Хулоса, Тоҷинисоро ба писари раис фотеҳа карданд.

Домод ягон бор кӯшиши дидани арӯсро накард, хусуру хушдоманаш бо сад ҳавас меомаданду мерафтанд. Раис ду писар дошт, ки ҳарду дур аз падар зиндагӣ мекарданд, писари калонияш дар хориҷа ва Шаҳром дар пойтахт. Тӯй хеле бошукӯҳ барпо гашт, аз дидани ҳусни гулӯсӯзи арӯс ҳама ҳайратӣ буданд. Домоди зардинаи болобаланд бошад, чунон ғамгин буд, ки мегуфтӣ дар тӯй не, дар ҷаноза аст. Ӯ тамоми тӯй бо нависонавис машғул буд, Тоҷинисо, ки то имрӯз бо ҷавоне дар бораи ишқу муҳаббат ҳарф назада буд, ба ӯ менигаисту мегуфт:

-Бечора, маълум аст, ки маҷбур хонадораш кардаанд. Ҳатто ба девона маълум буд, ки домод аз ин издивоҷ розӣ нест.

Пас аз се рӯзи тӯй Шаҳром “кори зарур дорам” гӯён, ба пойтахт рафт ва арӯс ҳамроҳи хусуру хушдоманаш танҳо монд…

Барои шавҳараш ин амал доимӣ шуда монд, Шаҳром дар як моҳ як бор меомаду мерафт, ба арӯси зебояш на як ҳарфи хуше мегуфту на меҳрубоние мекард. Хушдомани Тоҷинисо зани хубе буд, арӯсаки ҳамеша хиҷил, ки бо ҳама зебоиҳояш наметавонист ба дили шавҳар шуълаи муҳаббатро фурӯзад, шоҳиди гуфтугӯи писару модар гашт.

-Писарам ман зеботарин духтари ноҳияро барои ту келин кардам, аммо ту ҳоло ҳам аз паси ҳамон беваи баттол мегардӣ а? Бас нест?- Қариб бо гиря пурсид хушдоманаш. Шаҳром бо вози баланд гуфт:

-Ман шуморо зорӣ карда будам, ки маликаи ин қишлоқаки бадбӯйро гирифта, ба ман диҳед?! Ман нохуни ана ҳамон беваи баттоли мегуфтагиятонро аз ин боло медонам!- Тоҷиниссо дар ҷояш шах шуд…

давом дорад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД