Formula september
Шӯи мардум
3783

 

Дар хонаводае, ки ман ба дунё омадаам, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бароямон қонун буд. Модарам дар китобхонаи ноҳия китобдор буданду падарам бошанд, дар вазифаҳои роҳбарии соҳаи маориф заҳмат мекашиданд. Модарам ҳамеша кӯшиш мекарданд, то мо китобҳои адибони классику муосирро мутолиа намоем.

Шумо хуб медонед, ки аксарияти кулли мардуми китобхон раҳмдил, поквиҷдон ва ростқавл мешаванд. Зеро онҳоро қаҳрамонҳои мусбату манфии асарҳои хондаашон тарбият мекунанд. Мо ду духтару ду писар дар ҳамин рӯҳия ба воя расида, ба донишгоҳи олӣ дохил шудему соҳиби маълумоти олӣ шуда, ҳар яке зиндагии худро бунёд карда, аз хонаи падарӣ берун шудем.

Ҳавлияки озодаву сабзу хуррами падарӣ ба додари хурдиямон расид ва мо гоҳ-гоҳ он ҷо сарҷамъ шуда, хурсандӣ мекунем.

Падару модарам дар интихоби ҳамсар моро озод гузошта буданд, зеро медонистанд, ки мо ҳаргиз ба одами баду баттол дӯстӣ намеварзем. Ҳамаи мо ба дӯстдоштаҳои худ хонадор шудем. Ман Донишгоҳи тиббиро хатм намудаму ба як ҳамсабақам хонадор шудам.

Муинро аз рӯзи аввали шиносоӣ дӯст доштам, ӯ низ аз оилаи зиёӣ буду муносибатҳои мо ҳаргиз аз доираи одоб берун набуданд. Ин ҷавони қоматбаланди зебою донишманд, шеърдону хушсуханро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштам. Муин маро ба падару модар ва бародараш шинос кард, онҳо дар оила ду писар буданд.

Акааш корманди мақомоти қудратӣ буду падару модараш духтур. Хусуру хушдоманам аз як нигоҳ маро маъқул карданду хостгорӣ омаданд, мо курси охири донишгоҳро хатм кардему онҳо маро аз ноҳия арӯс карда, ба пойтахт оварданд. Дар ҳавлии калону барҳавои хусурам мо танҳо чил рӯз зиндагӣ кардему баъд ба хонаи худамон ба биноҳои баландошёна кӯчидем.

Муин мегуфт, ки бародараш баъди хатми донишгоҳ панҷ сол зан нагирифта, кор карду ҳамроҳи падараш ҳавличаи кӯҳнаи бобоиро афтонда, дар ҷояш хонаи нав бунёд намуданд. Ин хона ҳаққи ҳалоли акааму занаш ва ду фарзанди онҳост.

Зиндагии навоғози мо дар хонаи сеҳуҷрадори маркази шаҳр чун асал ширин сар шуд. Зану шавҳар субҳ ба кор мерафтему бегоҳ бо дастони пур ба хона бармегаштем, шанбеву якшанберо дар ҳавлии хусуру хушдоманам, рухсатиҳои меҳнатиро дар ноҳия дар назди волидони ман мегузарондем.

Хеле хушбахт будам. Охир, барои як зан доштани шавҳари нозанину хушахлоқ, маданӣ ва меҳрубон, пайвандони ғамгусор, сарпаноҳ, кори хуб оё давлат нест?

Шояд барои кадоме ин камӣ кунад, аммо ман, ки дар рӯҳияи сабру қаноат тарбия ёфта будам ҳазорон бор Худоро шукр мегуфтам барои бахти додааш. Аз тӯямон як сол гузашту ниҳоли қоматам сабз гашт, мо духтарчадор гаштем. Чун дар оилаи хусуру хушдоманам духтарчаи аввалин буд, қадамаш фархунда шавад гӯён, ба духтаракам Фархунда ном гузоштанд. Ҳама хешу табор атрофи духтаракам парвона буданд, писарони ҳеварам хоҳаракам гӯён, аз бараш дур намешуданд.

Зиндагиямон мисли ширу шакар идома дошт, вале фалокат аз таги по мехезад гуфтагӣ барин, шавҳари паҳлавонам ба саратони хун гирифтор гашту мисли шамъ дар назарҳо сӯхта-сӯхта тамом шуд. Давои ин дарди қаттолро на духтур ёфту на табиб, тамоми захираи доштаамонро ҷамъ карда, ӯро ба Исроил равон кардем, аммо марг, ки фаро мерасидааст, касе кӯмак карда наметавонистааст.

Рӯзи сиёҳи маро баъди марги шавҳарам танҳо Худо медонаду халос. Ду соли дароз дар ҳолати сахти рӯҳафтодагӣ қарор доштам, хусурам маро мисли духтараш дӯст медошту аз марги писараш зиёдтар барои ман месӯхт. Падару модари пирам маро ба деҳа бурданд, фикр мекардам, ки сӯҳбати наздикон ва ҳаёти оддии қишлоқ ба рӯҳияаам таъсир мекунад, аммо нашуд…

Хусури ғамшикастаам, шиносу рафиқонашро восита карда, барои ман дар як беморхонаи атрофи Маскав кор ёфт. Он ҷо як ҳамсабақ ва дугонаи хушдоманам, ки рус буду аз Тоҷикистон ба Русия кӯч баста буд, сардухтур шуда кор мекард.

Як сол дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, духтарам дар мактаби наздикии беморхона мехонд, баъди як сол дар ҳамон ноҳия бароям якҳуҷрагӣ ҷудо карда доданд ва баъдтар шаҳрванди Русия шудам.

Ростӣ, кору фаъолият дар ин шаҳри серғавғо миёни одамони ношинос маро каме аз олами ғаму андӯҳ дур бурд. Мавқеи худамро пайдо кардам, оҳиста-оҳиста хонаамро ба хонаи чорҳуҷрадор иваз кардам.

Духтарам ҳам қад кашида зебо мешуд, мисли падараш оқилу доно буд. Фархундаи ман ва баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд.

Чун донишгоҳ дар маркази Маскав буд ва омадану рафтанаш каме душворӣ дошт, ӯ дар хобгоҳ зиндагӣ мекард, Хобгоҳ дар наздикии донишгоҳ буду азоб намекашид. Худам мошин доштам ва зуд-зуд ба хабаргирии духтарам мерафтам, барои ҳамсабақонаш хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пухта мебурдам.

Ман духтури занона будам ва рӯзе ба наздам як зани тоҷик омад, ростӣ, бори аввал дар понздаҳ соли кориям зани тоҷик ба наздам барои табобат омада буд ва хеле хурсанд шудам. Ҷамила нақл кард, ки ду духтар дораду духтари хурдияш даҳсола шуда бошад ҳам, дигар ҳомиладор намешавад, аммо шавҳараш писар мехоҳад.

Ман ба табобати ӯ пардохтам, шавҳараш тоҷир будаасту бист сол боз дар Русия зиндагӣ мекардаанд. Ман аз Ҷамила пул намегирифтам, ҳатто ташхисҳояшро аз ҳисоби худам мепардохтам. Оқибат Ҷамила ҳомиладор шуд ва зери назари худам писар таваллуд кард.

Шавҳараш Акрамро ман дар ҳамон рӯз дидам ва бо ӯ шинос шудам. Баръакси Ҷамилаи харобаки сиёҳҷурда Акрам болобаланди зебо ва паҳлавон буд. Вақте писарашро аз таваллудхона мебароварданд, Акрам ба нею нестонам нигоҳ накарда, дар ҷайби халатам пул гузошт ва баъди рафтанаш дидам, ки ҳазор доллар будааст.

Баъди ин Акрам шабу нимашаб ба ман занг зада, маро ба сӯҳбат мекашид. Ростӣ, мани ба ҳарфу муҳаббати мард зор аз шунидани меҳрубониҳои тоҷикӣ дар ин шаҳри ғарибӣ об шуда, ба доми ӯ афтодам.

Шояд дом гуфтанам ҳам хато бошад, зеро ман бо хоҳиши худам ба мулоқотҳои ӯ мешитофтам ва ҳамин хел мо бо Акрам унс гирифтем. Ману Акрам ҳамсол будем, дар муқоиса бо Ҷамила ман хеле зебо будам ва Акрам маро дӯст медошт, худаш ҳамин тавр мегуфт…

Дар ин миён падарам аз дунё гузашт, Тоҷикистон рафта омадаму ҳамроҳи Акрам никоҳ кардем, аммо чӣ шуду чӣ монд, ки тиҷорати шавҳари пинҳониям шикаст хӯрд ва ӯ бо номи ман аз бонк пул қарз гирифт ва сар шуданд ташвишҳои ман…

Акрам пули бонкро намесупориду қариб тамоми маоши ман барои пардохти қарзҳои ӯ мерафт, намедонистам ӯ чӣ гуна кор мекард, ки рӯзи дароз аз ҳисоби ман хӯрдаю рӯйи диван ғел зада, телефонбозӣ мекард.

Зану фарзандонашро ба Ватан фиристода буду пули аз ҳисоби иҷораи хонааш мегирифтаро ба онҳо месупорид. Ростӣ, аз дидани ин манзара дилтанг мешудам, зеро ҳам супоридани пули бонку ҳам хӯрондани як мардаки барзангӣ бароям гаронӣ мекард. Оқибат ба ӯ гуфтам, ки зӯрам ба ин гуна зиндагӣ намерасад ва ӯ аз ҳаёти ман ғайб зад…

Мошинамро фурӯхтам, се соли дароз нахӯрдаму напӯшидам ва қарзҳои шавҳари зархаридамро кандам. Чӣ аламҳоеро аз сар гузаронидам, худам медонаму Худованди карим. Нав ду моҳ боз аз ин касофатӣ раҳоӣ ёфтам, розамро ҷуз худаму Худо ва духтараки ягонаам касе намедонад.

Сабаби навиштани қиссаи пурдарди рӯзгорам ҳушдор ба заноне аст, ки аз шавҳари мардум умеди мурувват мекунанд. Ин хел нест азизонам, ҳамон рубоии халқӣ ҳақиқати ҳол аст…

Шӯи мардум вафо кунад як дамаке,

Монанди таоме, ки надорад намаке…

                                                                      Арофат, аз шаҳри Маскав

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Шамимаи муҳаррам 2023-09-25, 07:39
Шумо хуб медонед, ки аксарияти кулли мардуми китобхон раҳмдил, поквиҷдон ва ростқавл мешаванд. Зеро онҳоро қаҳрамонҳои мусбату манфии асарҳои хондаашон тарбият мекунанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/shi-mardum Баъди ҳамин қадар худро таъриф кардану китобхону раҳмдилу Поквиҷдон гуфтанат виҷдонат куҷо шуд, шавҳардузд? Худатро кадом қаҳрамони китоб тарбия кардааст, намедонам. Шояд характери манфиро аз қаҳрамонҳои дар китобхондаат мерос гирифтаӣ, Аҳреманзан! Ягон майда дилам шумо ба насухт, бояд хонаву даратро ҳам мефурӯхту баъд мерафт. Ҷазоят ҳамин, бевиҷдон! Боз дигарҳоро шарм накарда насиҳат карданиву, дилҳоро барои ҳоли беваи зормонмондааш сӯзонданӣ! Боз занашро ҳам медонистааст, аз фарзандонаш ҳам бохабар. Занаш сиеҳҷурда будааст, гуноҳаш ҳамин. Аз он ки ту сафедҷурдаву духтуру беваи сарсӯхтаӣ, касе ба ту ҳақ надодааст ки шавҳари ҳар зане ки дар назарат сиеҳҷурда тофт, моли худ кунӣ. Гапҳоя бинед! Оила фикри хонандаро чоп кунед, е шумо ҳам тарафдори чунин одамони “ киӣобхону, раҳмдилу поквиҷдонед”?
Посух
Асила 2023-09-25, 12:16
Кори хуб карди он зани бечораро аз он шавхари даюси беномусаш рахо карди. Шумо чи гуна номус доред як мардро мехуронед ман хайрон мешавам барои ин беномусиятон сазоятон хамин хонавайронкунхо ва он мардони беномусеки занашонро дар пеши як зани дигар паст мезананд
Посух
Саида 2023-09-28, 16:20
Ҳар чӣ буд гузашт. Руҳафтода нашавед. "Дар олам бехато ғайри Худо нест". Боз Худо хоҳад, бахтатонро меёбед. Худованд сахӣ аст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Шамимаи муҳаррам 2023-09-25, 07:39
Шумо хуб медонед, ки аксарияти кулли мардуми китобхон раҳмдил, поквиҷдон ва ростқавл мешаванд. Зеро онҳоро қаҳрамонҳои мусбату манфии асарҳои хондаашон тарбият мекунанд. подробнее тдж: https://oila.tj/news/shi-mardum Баъди ҳамин қадар худро таъриф кардану китобхону раҳмдилу Поквиҷдон гуфтанат виҷдонат куҷо шуд, шавҳардузд? Худатро кадом қаҳрамони китоб тарбия кардааст, намедонам. Шояд характери манфиро аз қаҳрамонҳои дар китобхондаат мерос гирифтаӣ, Аҳреманзан! Ягон майда дилам шумо ба насухт, бояд хонаву даратро ҳам мефурӯхту баъд мерафт. Ҷазоят ҳамин, бевиҷдон! Боз дигарҳоро шарм накарда насиҳат карданиву, дилҳоро барои ҳоли беваи зормонмондааш сӯзонданӣ! Боз занашро ҳам медонистааст, аз фарзандонаш ҳам бохабар. Занаш сиеҳҷурда будааст, гуноҳаш ҳамин. Аз он ки ту сафедҷурдаву духтуру беваи сарсӯхтаӣ, касе ба ту ҳақ надодааст ки шавҳари ҳар зане ки дар назарат сиеҳҷурда тофт, моли худ кунӣ. Гапҳоя бинед! Оила фикри хонандаро чоп кунед, е шумо ҳам тарафдори чунин одамони “ киӣобхону, раҳмдилу поквиҷдонед”?
Посух
Асила 2023-09-25, 12:16
Кори хуб карди он зани бечораро аз он шавхари даюси беномусаш рахо карди. Шумо чи гуна номус доред як мардро мехуронед ман хайрон мешавам барои ин беномусиятон сазоятон хамин хонавайронкунхо ва он мардони беномусеки занашонро дар пеши як зани дигар паст мезананд
Посух
Саида 2023-09-28, 16:20
Ҳар чӣ буд гузашт. Руҳафтода нашавед. "Дар олам бехато ғайри Худо нест". Боз Худо хоҳад, бахтатонро меёбед. Худованд сахӣ аст.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД