Шикоят аз модар
21.12.2025
Oila.tj
369

Ду зан ҳангоми нӯшидани қаҳва бо ҳам суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо аз модараш шикоят кард:

- Модарам ҳамеша занг мезанад ва мунтазам аз ман мехоҳад, ки наздаш равам ва бо ӯ гап занам. Аммо вақте меравам, пас аз чанд дақиқа асабонӣ мешавам. Охир одамони пир як гапро борҳо ва борҳо такрор мекунанд. Росташро бигӯям, ҳамеша банд ҳастам. Кор, дӯстон, сафарҳо…

Ҳамсуҳбаташ ором қаҳваашро об дод ва гуфт:

- Ман зиёд бо модарам гап мезанам. Ҳар вақте ғамгин шавам ва танҳоиро ҳис кунам ё вақте ҳаёт бароям вазнин шавад, назди ӯ меравам. Фақат нишастан назди ӯ, ҳоламро хуб мекунад.

Зани аввал бо хиҷолат гуфт:

- Воқеан ту беҳтар аз ман ҳастӣ.

Аммо ӯ сарашро такон дод ва ором гуфт:

- Не мутаассифона. Ман ба дидори модарам ба қабристон меравам. Ӯ дигар зинда нест. Вақте бо ман зиндагӣ мекард, ман ҳам аз ӯ дурӣ мекардам. Дақиқан мисли ту фикр мекардам. Ту намедонӣ чӣ қадар дилам барои ӯ танг шудааст… чӣ қадар ҳанӯз ба ӯ ниёз дорам.

Ӯ бо лаҳни пур аз дард афзуд:

- Агар таҷрибаи ман арзиш дошта бошад, худи ҳамин рӯз ҳама чизро канор гузор ва рав пеши модарат. То вақте зинда аст, қадрашро дон. Кӯшиш кун, ба нуқсонҳои даврони пирии ӯ аҳамият надиҳӣ, меҳрубониҳояшро бубин. Зеро вақте ӯро аз даст диҳӣ, баъд мефаҳмӣ чӣ қадар арзишманд буд. Вақте дигар нест, ҳеҷ чизро наметавонӣ дуруст кунӣ. Ва ин тарз пушаймонӣ ҳеҷ гоҳ аз хотир намеравад. Ман ин ҳисро барои ҳеҷ кас орзу намекунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД