toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
784

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз аз шиносоиву мулоқотҳои нав, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ намоед. Беҳтараш вақти худро бо наздикон гузаронед ва барои худу аҳли хонадон лаҳзаҳои хуш ташкил намоед. Муошират бо кӯдакон ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Рӯзҳои наздик корҳои ҳуҷҷатӣ ва ислоҳи хатоҳо вақти зиёд мегиранд. Аз хариди гарон ва беандеша парҳез кунед. Касоне, ки бо кори фикрӣ машғуланд, бояд худро аз ҳад зиёд хаста насозанд.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз муносибатҳои ошиқонаро бо суханони гарм ва сюрпризҳои хурд рангоранг кунед. Муносибат бо ҳамсар ва фарзандон беҳтар мегардад ва дар дилатон оромӣ пайдо мешавад. Эҳтимол дар ҷои кор мукофоти иловагӣ дода шавад. Дар корҳои ҷасурона низ бахт ба ҷониби шумост, вале ҳангоми сафар, бо суръат рондани мошин ё варзиши хатарнок эҳтиёт кунед. Нақшаҳои бузург метавонанд тағйир ёбанд, бинобар ин аз чизҳои хурди зиндагӣ шод шуданро омӯзед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Шумо ба эҳсосоти нав ниёз доред. Агар танҳо бошед, шиносоии ҷолиб имкон дорад, вале шахсони оиладор бояд аз ишқбозии зиёдатӣ дурӣ ҷӯянд. Дар ҷои кор ҳамкорон ба шумо кумак мекунанд, пас шумо низ пуштибони дигарон бошед. Имрӯз барои оғоз кардани кори нав ё лоиҳаи дерина фурсати мувофиқ аст. Саломатӣ метавонад каме суст шавад, бинобар ин, ба истироҳат ва ниёзҳои ҷисму рӯҳи худ аҳамияти бештар диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада метавонанд, вале онҳо эҳсосотро қавитар месозанд. Агар ҳоло танҳо бошед, худро аз ҳад танқид накунед. Кӯшиш кунед бо наздикон баҳс накунед, махсусан дар масъалаҳои хонаводагӣ. Барои соҳибкорон рӯзи хуб аст: кори дастаҷамъона натиҷаи калон медиҳад. Дар масъалаи маош ё ҳаққи меҳнат баъзе душвориҳо пеш меоянд. Корҳое, ки диққату тартиб талаб мекунанд, зиёд мешаванд. Аз ҷанҷолу асабоният дур бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар масъалаҳои ошиқона беҳтараш каме таваққуф кунед, зеро мулоқоти имрӯз метавонад нохуш анҷом ёбад. Баъзе суханҳои нофаҳмо сабаби ранҷиш мешаванд. Шумо ба танҳоӣ ва истироҳати рӯҳӣ ниёз доред. Дар кор қобилияти пайдо кардани одамони фоидаовар ба шумо кӯмак мерасонад, аммо қарорҳоро танҳо бо ҳисобу далел қабул кунед. Ба масъалаи маблағ диққат диҳед ва дар бораи пасандозҳо фикр кунед. Аз пурхӯрӣ ва ғизои вазнин худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар пеш вохӯриҳо ва ҳатто ҷудоиҳо имкон доранд, вале дар миёни ин рӯйдодҳо шиносоии муҳиме пайдо мешавад, ки метавонад зиндагии шуморо дигар кунад. Баъзе мушкилоти майдаи хонагӣ асабатонро хароб месозанд. Душманон ё ҳасудон метавонанд худро нишон диҳанд, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Як шинос ба шумо пешниҳоди муфид мекунад, онро саросема рад накунед. Ба ғизо диққат диҳед, зеро эҳтимоли мушкилиҳои меъдаву рӯда вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар рӯзҳои наздик тағйироти хуб ҳам дар рӯҳия ва ҳам дар намуди зоҳирии шумо ба амал меояд. Хабари хуш ё вохӯрии деринтизор эҳтимол дорад. Худтанқидкунӣ ва айбҷӯӣ аз ҳамсарро канор гузоред. Аз дасисаҳо ва суханҳои бадхоҳон худро дур нигоҳ доред. Маслиҳати ҳамкорони таҷрибадор барои шумо фоида меорад. Дар масъалаи қарз ё кредит мушкил пеш омаданаш мумкин аст, бинобар ин беҳтараш ҳоло ба бонк муроҷиат накунед. Варзиш ва сайругашт дар ҳавои тоза ба шумо нерӯи нав мебахшад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз метавонед бо як тeҳфа ё рафтори ғайриоддӣ шахси дӯстдоштаатонро хушҳол кунед. Дастгирии наздикон ба шумо қувваи зиёд медиҳад, вале имкониятҳои худро аз ҳад зиёд баҳо надиҳед. Кормандони меҳнатдӯст метавонанд мукофот ё ҳатто пешрафт дар вазифа гиранд. Аз мушкилоти молиявӣ каме дур шавед ва қарорҳои муҳими пулӣ қабул накунед, зеро эҳтимоли зиён вуҷуд дорад. Ҷисми шумо ба истироҳат ниёз дорад, барои худ вақт ҷудо кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқонаи гузашта аз нав назар кунед. Маслиҳати як хеши калонсол метавонад барои шумо хеле муфид шавад. Эҳтимол дар як чорабинии дастаҷамъӣ нақши роҳбарро ба уҳда гиред. Вазъи молиявӣ ором мемонад, вале сарфакориро фаромӯш накунед. Аз ҷойҳои серодам ва гаштугузори зиёд худдорӣ намоед, зеро хатари сироятёбӣ вуҷуд дорад. Ба саломатӣ ва қоидаҳои беҳдошт бештар аҳамият диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

На ҳама чиз тавре аст, ки ба назар мерасад, махсусан дар зиндагии шахсӣ. Эҳтимол касе аз шумо чизеро пинҳон мекунад. Барои корҳои хона танҳо ба таъмири сабук қонеъ шавед ва корҳои калонро ба вақти дигар гузоред. Соҳибкорон имкони сармоягузории фоидаовар пайдо мекунанд, кормандон бошанд, дар фикри кори иловагӣ мешаванд. Ба пешниҳоди одамони ношинос бовар накунед, зеро моҷароҳои шубҳанок метавонанд ба обрӯ ва маблағи шумо зарар расонанд.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз барои шиносоии нав, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзи хуб аст. Баъзе аз ин муносибатҳо метавонанд ба дӯстӣ ё муҳаббати ҷиддӣ табдил ёбанд. Дар хона муҳити ором ҳукмфармо мешавад ва наздикон шуморо дастгирӣ мекунанд. Нақшаҳое, ки муддатҳо ба таъхир меафтоданд, ниҳоят амалӣ мешаванд. Имкони беҳтар кардани вазъи молиявӣ низ пайдо мегардад, аммо маблағро ба сармоягузориҳои шубҳанок сарф накунед. Барои пешгирии мушкилиҳои ҳазм аз фастфуд дурӣ ҷӯед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Барои нафарони танҳо шиносоии ошиқона ва барои ҷуфтҳо шоми романтикӣ дар назар аст. Муҳаббат ва гармии байни шумо бештар мешавад. Яке аз наздикон ба ёрии шумо ниёз дорад, вале инро ошкоро намегӯяд. Ба одамоне, ки аз ҳад зиёд ба шумо таваҷҷуҳ мекунанд, боэҳтиёт муносибат кунед. Барои иваз кардани ҷойи кор, сармоягузорӣ ё гирифтани қарз фурсати хуб фаро расидааст, вале машварати шахсони таҷрибадорро фаромӯш накунед. Саломатӣ ва нерӯи шумо имрӯз дар сатҳи баланд қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД